ТОҶИКИСТОН ДАР ЧОРГОНАИ БЕҲТАРИН

52

Устодони донишгоҳ қадрдонӣ мешаванд…

Имрӯз (15.02.2024) ректори Донишгоҳи миллӣ, профессор Насриддинзода Э.С. бо устодоне, ки дар 14-умин намоишгоҳи байналмилалии ихтироъкорони ҷаҳон иштирок намуданд, вохӯрӣ намуд. Устодони донишгоҳ зимни иштирок дар ин чорабинии байналмилалӣ бо 1 Ҷоизаи Созмони Умумиҷаҳонии Моликияти Зеҳнӣ (WOIS), 2 медали тилло, 1 медали нуқра ва 3 медали биринҷӣ, ки дар умум 7 дастовардро дар бар мегиранд, ба ватан баргаштанд.

Зимни вохӯри устодон иброз доштанд, ки Ҷоизаи Созмони Умумиҷаҳонии Моликияти Зеҳнӣ (WOIS) барои мубрамияти мавзуҳои илмию ихтироотӣ аз 65 кишари иштирокчӣ ба чортои он дода шуд, ки боиси ифтихор аст дар ин чоргонаи беҳтарин Ҷумҳурии Тоҷикистон низ шомил гардид.

Ректори донишгоҳ, профессор Насриддинзода Э.С. устодонро барои дастоварди навбатияшон самимона табрик намуда, дар самти татбиқи илм бо истеҳсолот ва омода намудани мутахассисони соҳибкасб тавсияҳои судманд дод. Гуфта шуд, ки таваҷҷуҳи Ҳукумати кишвар, ба вижа Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди соҳаи илму маориф зиёд аст ва дар ин самт андешидани тадбирҳои тоза ва омода намудани ҷавонони соҳибкасб талаботи замони муосир мебошад.

Зимнан зикр шуд, ки қадрдонии дастовардҳои илмию таълимӣ ва байналмилалии устодону кормандони донишгоҳ зери таваҷҷуҳи хосаи раёсати донишгоҳ қарор дорад ва пайваста қадрдонӣ мешаванд.

Ёдрас мешавем, ки аз 4-ум то 7-уми феврали соли 2024 дар шаҳри Эл-Кувайти давлати Кувайт 14-умин намоишгоҳи байналмилалии ихтироъкорони ҷаҳон баргузор гардид, ки дар он намояндагони 65 кишари хориҷӣ иштирок намуданд. Дар ин чорабинии сатҳи байналмилалӣ аз Ҷумҳурии Тоҷикистон 10 нафар олимону профессорон ва ихтироъкорон иштирок намуданд, ки дар ин ҳайат аз Донишгоҳи миллии Тоҷикистон 6 нафар устодон: доктори илмҳои химия, профессорон Раҳимова Мубаширхон, Раҷабзода Сироҷиддин ва номзади илмҳои химия, дотсентон: Давлатмамадова Мавлуда, Давлатшоева Ҷаҳонгул, Бекназарова Назира, Қурбонова Муқаддас иштирок доштанд.