Мушовири академи (эдвайзери)-и дарачаи якум

ЭГАМБЕРДИЕВ АЗИЗ ШАРИФОВИЧ н.и.х., муаллими калон, мушовири академи (эдвайзер)-и дараҷаи якум дар шуъбаи рӯзона

Email: Aziz.2288@mail.ru

Телефон: +992 927 14 11 04

ш. Душанбе, х. Рудаки 17

Эгамбердиев Азиз Шарифович 22.09.1988, дар деҳаи Урметани ноҳияи Айнӣ дар оилаи ронанда ба дунё омадааст. Соли 1995 қадами аввалини худро ба мактаби рақами №2-и ҳамин ноҳия гузоштааст. Соли 2006 мактаби номбурдаро хатм намуда, баъди хатми мактаби миёна соли 2006 ба курси аввали шуъбаи рӯзонаи факултети химияи Донишгоҳи давлати миллии Тоҷикистон (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) дар ихтисоси 011002-химия ва технологияи металлҳои ранга шомил гардида, соли 2011 факултети мазкурро бо ихтисоси “Химик. Технолог” бо баҳои хубу аъло хатм намудааст.

Эгамбердиев А.Ш. дар баробари таҳсил дар Донишгоҳ, пас аз хатми курси дуюм ба ҳайси 0,5 ҳиссаи лаборанти кафедраи химияи ғайриорганикӣ ба кор даъват карда шуд. Соли 2011 баъд аз хатми Донишгоҳ дар кафедраи химияи ғайриорганикӣфаъолияти меҳнатии худро ба ҳайси лаборанти калон оғоз намуд. Соли 2012 ба вазифаи мудири озмоишгоҳҳои таълимии кафедраи химияи ғайриорганикӣтаъйин шуд. Аз соли 2013 ба вазифаи ассистенти кафедраи химияи ғайриорганикӣ гузашта то ҳол фаъолият дорад. Солҳои 2015-2018 аспиранти кафедраи химияи ғайриорганикӣ буда, соли 2019 рисолаи худро дифоъ намудааст. Соли 2019 Раиси сарпарастони факултети химия ва аз моҳи сентябри соли 2020 то инҷониб ба ҳайси мушовири академии дараҷаи якум дар шуъбаи рӯзона кор ва фаъолият карда истодааст.

Номбурда дар конфренсияҳои дараҷаҳои гуногун маърӯза намуда, муаллифи зиёда аз 55 мақолаву фишурдаҳои мақолаҳо, ки онҳо дар конфренсияҳои ҷумҳуриявӣ, байналмилалӣ ва инчунин дар маҷаллаҳои бонуфузи дохили кишвар ва берун аз он чоп шудааст. Ҳаммуаллифи 4-то дастури таълимӣ ва як китоби дарсӣ мебошаад.

Номбурда зиёда аз 12 сол аст, ки аз фанҳои химияи ғайриорганикӣ ва химияи умумӣ ба донишҷӯёни факултетҳои химия, тиббӣ, фарматсевтӣ, биология, физика ва геология дарсҳои лексионӣ, амалӣ ва лабораториро дар сатҳи зарурӣ мегузаронад.