Мушовири академи (эдвайзер)-и дараҷаи якум дар шуъбаи ғоибона

Мудинов Хайриддин Ғуломович 19-уми октябри соли 1987 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст. Хатмкардаи факултети химияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (2011) ва аспирантураи он (2012-2016). Номзади илмҳои химия (2019). Баъди хатми ДМТ ба ҳайси ассистенти кафедраи химияи татбиқии факултети химия кор карда истодааст (2011-2019), аз соли 2020 н.и.х., ассистенти кафедраи номбурда. Муовини раиси бюрои Иттифоқи касабаи устодон ва кормандони факултет (аз 2013), мушовири академи (эдвайзер)-и дараҷаи дуюм дар шуъбаи ғоибона аз 01.09.2019 то 01.02.2019 ва аз 01.02.2020 мушовири академи (эдвайзер)-и дараҷаи якум дар шуъбаи ғоибонакор мекунад. Муллифи зиёда аз 20 мақолаю фишурдаи мақолаҳо мебошад. Бо ифтихорномаҳои факултет ва ДМТ сарфароз гардонида шудааст.