Муовини декан оид ба илм ва робитаҳои байналмиллалӣ

Ҷурабеков Убайдулло Маҳмадсафиевич н.и.х., дотсент, муовини декан оид ба илм ва робитаҳои байналмилалии факултети химияи ДМТ

Email: ubaid011002@mail.ru

Телефон: +992 918 96 06 60

Ҷурабеков Убайдулло Маҳмадсафиевич 7-уми августи соли 1985 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст. Хатмкардаи факултети химияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (ДМТ) (2009) ва аспирантураи он (2010-2012, гирандаи степендияи Президентӣ). Дар давоми таҳсил ва баъди хатми Донишгоҳ дар кафедраи химияи ғайриорганикӣ фаъолият кардааст: лаборант (2007-2013), ассистент (2013-2019), дотсент (2019 то инҷониб). Номзади илмҳои химия (2016), и.в. дотсент (2019). Солҳои 2013-2022 бюрои кафедраи химияи ғайриорканикии факултети химияи ДМТ; Роҳбари маҳфили илмии донишҷӯён (МИД) – и кафедраи химияи ғайриорганикӣ (2015 то инҷониб), раиси Ассотсиатсияи кор бо волидайни донишҷӯёни факултети химия (2018-2020). Аз сентябри соли 2020 то ҳол дар вазифаи муовини декан оид ба илм ва робитаҳои байналмилалии факултет фаъолият дорад. Муаллифи зиёда аз 115 мақолаю фишурдаи мақолаҳо, 2 нахустпатент, 1 китоби дарсӣ, 1 монография, 5 дастури таълимӣ ва 1 барномаи таълимӣ мебошад. Бо дипломи Маркази миллии патенту иттилоотии назди Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ифтихорномаҳои ДМТ ва факултети химия сарфароз гардонида шудааст.