Кафедраи химияи физикӣ ва коллоидӣ

 И.в. мудири кафедра – дотсент Ҷ.А. Давлатшоева

Кафедраи химияи физикӣ ва коллоидӣ сентябри соли 1964 ташкил шуд, ки он аз таркиби кафедраи химияи ѓайриорганикӣ ва физикию коллоидӣ ҷудо гардид. Аввалин мудир ва ташкилкунандаи кафедра Яқубов Ҳомид Муҳсинович, н.и.х., муаллими калон (баъд д.и.х., профессор) мебошад, ки дар созмон додани озмоишгоҳҳои илмӣ-таълимӣ, Хонишҳои синоӣ ва ташаккули ҳайати омўзгории кафедра саҳми босазо гузошт. Дар солҳои гуногун вазифаи мудирии кафедраро шахсони зер ба ўҳда доштанд: Яқубов Ҳомид Муҳсинович (солҳои 1964-1975), Мансуров Марат Маъруфович (солҳои 1975-1980 ва 1985 — 1998), Юсуфов Зуҳуриддин Нуриддинович (солҳои 1980-1985 ва 2003-2010), Оффенгенден Евсей Яковлевич (1981-1985, дар давраи сафари хидматии Юсуфов З.Н. ба Донишгоҳи Кобул), Суяров Қурбон Ҷураевич (1998-2003 ва 2010-2014), Давлатшоева Ҷаҳонгул Асанхоновна (2014-10.01.2019), Файзуллоев Эркин Фатҳуллоевич (10.01.2019-01.09.2019). Аз моҳи сентябри соли 2019 инҷониб и.в. мудири кафедра, н.и.х., дотсент Давлатшоева Ҷ.А. мебошад. Корҳои илмӣ-таҳқиқотии кафедра ҳамеша бо ҳамкории мустақим бо мактабҳои илмии академикҳо аз Федератсияи Россия Николский Б.П., Спитсин В.И., Флёров Г., Кукушкин Ю.Н., Зеленцов В.В., профессорон Салников Ю.И., Глебов А.Н., Туртэ К.И., Дятлова Н.М., Костромина Н.А. ба роҳ монда мешуданд, ки барои инкишофи кафедра хеле судманд буд. Ин ҳамкорӣ имкон дод, ки дар марказҳои илмии зикршуда ва дар Тоҷикистон омўзгорон, аспирантон ва кормандон, ки аксаран хатмкунандагони кафедраи химияи физикӣ ва коллоидии ДМТ буданд, рисолаҳои худро ҳимоя кунанд: Абдуллоев Ш.Х. (1987), Баталова Н.Б. (1977), Бахус Е.Н. (1988), Бобритская Л.С., Бухоризода Р.А. (1982), Винниченко Г.М. (1987), Исмоилова М.А. (1978), Калонтарова Е.Я. (1974), Квятковская Л.В. (1974), Кувшинов В.А. (1975), Қудратова Л.Ҳ. (1977), Мансуров М.М. (1973), Маликов Т.С. (1989), Насонова Т.А. (1975), Назирмадов Б. (1984), Норов Ш.К., Нурматов Т.М. (1990), Оффенгенден Е.Я. (1972), Раҷабов У.Р., Раҳимова М.М. (1990), Салим Мухаммад Ришод (Миср, 1990), Суяров Қ.Ҷ. (1989), Семенова Г.Л. (1990), Ткачук Е.Х., Фозилова М.Ф. (1976), Юсупов З.Н. (1977), Юсупов Ш.Т. (1990), Давлатшоева Ҷ.А. (1994), Мирзоева М.М. (1994), Комилов Х.Ч. (1996), Қурбонов Б.Р. (1994), Шарипов И.Ҳ. (2004), Ёрмамадова С.Г. (2006), Кандрашина Т.Ф. (2006), Назарова Х.Д. (2006), Имомов Р. (2009), Ашрафулсодот Гасимӣ (аспиранти ҶИЭ, 2012), Файзуллоев Э.Ф. (2015), Эшова Г.Б. (2018). Аз зумраи хатмкунандагони кафедра 5 нафар аз рўи мавзўи илмии кафедра рисолаи докторӣ ҳимоя кардаанд: Мансуров М.М. (1997), Норов Ш.К. (ш.Бухоро), Юсуфов З.Н. (1998), Раҷабов У.Р. (2009), Раҳимова М.М (2013). Устоди ҷавони кафедра Самадов А.С. ба Донишгоҳи давлатии педагогии Москва дар асоси барномаи тайёр намудани кадрҳои илмӣ-омўзгорӣ ба аспирантураи шуъбаи рўзона аз 24.08.2017 то 23.08.2020 шомил гардид. Се нафар омўзгорони кафедра профессорон Яқубов Ҳ. М., Юсуфов З.Н. ва дотсент Қудратова Л.Ҳ. дар маҷмўъ 39 сол вазифаи декани факултети химияро аз 60 соли мавҷудияти факултет ба ўҳда доштанд. Айни ҳол яке аз омўзгорони кафедра, дотсент Файзуллоев Э.Ф. сарварии факултетро ба зимма дорад. Дар кафедраи химияи физикӣ ва коллоидӣ раванди таълим дар баробари иҷрои корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва тарбиявӣ хеле хуб ба роҳ монда шудааст. Кафедра барои ихтисосҳои факултетҳои химия, биология, геология, физика, фарматсевтӣ ва тиббӣ аз фанҳои зерин раванди таълимро амалӣ менамояд: химияи физикӣ, химияи коллоидӣ, химияи квантӣ, сохти модда, тариқаҳои физикии таҳқиқот, химияи физикӣ ва коллоидӣ, химия (шакли таълими фосилавӣ барои факултети физика), курсҳои махсус ва фанҳои интихобии донишҷўён. Дар асоси дастовардҳои кафедра дар солҳои гуногун се Сессияи муҳаррики АИ Иттиҳоди Шўравӣ, конференсияҳои сатҳи гуногун ва Хонишҳои Синоӣ дар пояи кафедраи химияи физикӣ ва коллоидӣ гузаронида шуд: Конференсияи умумиитифоқӣ доир ба гидроксопайвастаҳо дар маҳлул бо иштироки зиёда аз 200 олими шўҳрати ҷаҳонидошта ва варзидаи ин соҳаи пайвастаҳои координатсионӣ аз Ҷумҳуриҳои гуногуни собиқ Иттиҳоди Шўравӣ.-Душанбе, 1983. Конференсияи илмӣ-амалӣ «Масоили муосири илмҳои химия ва таълим», бахшида ба 40-солагии факултети химия ва 65-солагии д.и.х., профессор Яқубов Ҳ.М. -ДДМТ, 1999. Конференсияи илмӣ-амалӣ «Дастовардҳои илми химия ва масоили таълими он», бахшида ба 60-солагии Юсуфов З.Н. – Душанбе, 2007. Конференсияи ҷумҳуриявии «Химияи координатсионӣ ва аҳамияти он дар рушди хоҷагии халқ» бо иштироки олимони байналмилалӣ, бахшида ба хотираи д.и.х., профессор Юсупов Зухуриддин Нуриддинович (26-27 декабри соли 2011). -Душанбе, 2011. Конференсияи дуюми ҷумҳуриявии «Химияи координатсионӣ дар маҳлулҳо ва ҳолати сахт; синтез, таҳқиқ ва истифодабарӣ» бо иштироки олимони байналмилалӣ, бахшида ба 50-солагии кафедраи химияи физикӣ ва коллоидӣ ва хотираи докторони илмҳои химия, профессорон Яқубов Ҳ.М. ва Юсуфов З.Н. (30-31 октябри соли 2014). -Душанбе, 2014. Конференсияи сеюми байналмилалии «Масъалаҳои химияи физикӣ ва координатсионӣ», бахшида ба 70-солагии шодравон доктори илмҳои химия, профессор Зуҳуриддин Нуриддинович Юсуфов (7-8 октябри соли 2016).-Душанбе, 2016. Конференсияи чоруми байналмилалии илмию амалӣ дар мавзўи «Масъалаҳои химияи физикӣ ва координатсионӣ», бахшида ба 85-солагии доктори илмҳои химия, профессор Ҳомид Муҳсинович Яқубов (3-4 майи соли 2019). –Душанбе, 2019. 38-умин Хониши синоӣ дар мавзўи «Асосгузори Хонишҳои Синоӣ дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон- доктори илмҳои химия, профессор Яқубов Ҳомид Мўҳсинович. Роҳҳои истеҳсоли маводи доруворӣ». Хонандаи Хониши синоӣ академики АИ ҶТ, мудири шўъбаи биофармакологии Институти химияи ба номи В.И. Никитини АИ ҶТ, ходими шоистаи илмҳои ҶТ, доктори илмҳои тиб, профессор Ҳайдаров Карим Ҳайдарович (27 марти соли 2014). 40-умин Хониши синоӣ дар мавзўи «Мактаби физикӣ-химияии ДМТ: осори илмӣ ва дурнамо (моделсозӣ ва нанохимия)». Хонандаи 40-умин Хониши синоӣ доктори илмҳои химия, профессори кафедраи химияи физикӣ ва коллоидӣ Раҳимова Мубаширхон (3 майи соли 2019). Дар солҳои гуногун устодони кафедра 7 китоби дарсӣ, 16 дастурҳои таълимӣ ва теъдоди зиёди барномаҳои таълимиро ба нашр расондаанд ва нашри китобҳои дарсӣ идома дорад. Ҳоло омўзгорони кафедра дар мавзўи «Омўзиши хосиятҳои физикӣ –химиявӣ ва физиологии пайвастаҳои координатсионии металлҳои интиқолӣ ва объектҳои табиии Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳқиқоти илмӣ мегузаронанд. Натиҷаҳои таҳқиқоти кафедра дар се монография, се маҷмўаҳои илмӣ, зиёда аз 50 шаҳодатномаҳою ихтироот ва патентҳои ҶТ, чандин мақолаҳои илмӣ ва фишурдаҳои мақола дарҷ шудаанд. Панҷ нафар устодони кафедра – профессорон Яқубов Ҳ. М., Юсуфов З.Н., д.и.х. Раҳимова М.М., дотсентон Суяров Қ.Ҷ. ва Давлатшоева Ҷ.А. соҳиби мукофотҳои давлатӣ–орденҳои «Дўстии халқҳо» (дар давраи Шўравӣ), «Шараф, дараҷаи 2» ва медали «Барои хизмати шоиста» гардидаанд. Доктори илми химия, профессори кафедра Раҳимова М.М. дар се Ҳамоиши байналмиллалии занҳои ихтирокори ҷаҳон дар шаҳри Сеули Кореяи Ҷанубӣ ширкат варзида, сазовори 1 медали тилло, 5 медали нуқра, 3 медали биринҷӣ гардида, инчунин барандаи медали тиллоии Ассотсиатсияи умумиҷаҳонии ҳифзи моликияти зеҳнӣ (ш.Женева) мебошад. Дар назди кафедра маҳфилҳои илмии донишҷўён ва «Дастаи олимпӣ», маҳфили инфиродии профессор Раҳимова М.М. амал мекунанд, ки аъзоёни он дар озмунҳои гуногуни ҷумҳуриявӣ ва олимпиадаҳо, конференсияҳо, семинарҳои илмӣ иштирок намуда, сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардидаанд. Айни ҳол ҳайати кафедра аз омўзгорони зерин иборат аст: и.в.мудири кафедра н.и.х., дотсент Давлатшоева Ҷ.А., д.и.х., профессор Раҳимова М.М., н.и.х., дотсентон: Суяров Қ.Ҷ., Квятковская Л.В., Қудратова Л.Х., Назирмадов Б.Н., Файзуллоев Э.Ф., ассистентон: Бобоев М.У., Раҳимова Н.О., Ҷамолиддинов Ф.Ҷ., мудири лабораторияҳои таълимӣ Щербакова Н.А., лаборантони калон Шарифова Г.Д., Эмомадова Ш.С., лаборантон Шарифова Ф.М., Илолова Н.Қ., Маҳмадиева Л.Д., Ҳакимов Ҷ.Н. ва муҳандис, н.и.х. Шоедарова З.А. саҳм мегузоранд. Ҳайати кадрии кафедра бо масъулияти баланд барои тайёр кардани мутахассисони соҳибмаълумоти соҳаи химия аҳлона адои вазифа менамоянд.