СЕМИНАРИ ИЛМИИ ОЛИМОНИ ҶАВОН

58

Дар доираи амали намудани нақша-чорабиниҳо оид ба эълони Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф (солҳои 2020-2040) ва нақшаи кории Шурои олимони ҷавон имрӯз (28.11.2023) дар факултети химияи ДМТ Семинари илмӣ дар мавзӯи “Саҳми мутафаккирони тоҷик дар рушди илм ва техника” гузаронида шуд. Семинари илмӣ бо сухани муқаддимавии декани факултет Файзуллозода Э.Ф. оғоз гардида, баъдан маърӯзаи номзади илмҳои техникӣ, дотсент, муовини директор оид ба илм ва таълими Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Қурбонов Н.Б. дар мавзӯи зикршуда шунида шуд.

Қурбонов Номвар Бойназарович, физикдон, гидрометеоролог, рӯзноманигор, узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, номзади илмҳои техникӣ, дотсент, муовини директор оид ба илм ва таълими Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон буда, муаллифи беш аз 55 мақолаи илмӣ, 130 мақолаи илмӣ-оммавӣ, 6 китоб (3 монография ва 1 китоби дарсӣ), 4 шаҳодатномаи ихтироотӣ-патент мебошад, инчунин ҷиҳати ташаккули ҷаҳонбинии илмӣ ва таблиғу баррасии донишҳои илмӣ дар 80 барномаи телевизионӣ ва 50 барномаи радиоӣ суханронӣ кардааст.

Муаллифи китобҳои “Назарияи рушди илмҳои табиатшиносӣ”, “Асосҳои нанотехнология”, “Метеорологияи умумӣ”, “Дурахши ахтарони илм” мебошад. Дорандаи нишони сарисинагии «Аълочии матбуот» ва «Аълочии маориф ва илм»-и Тоҷикистон, Ҷоизаи АМИТ барои олимони ҷавон дар соҳаи илмҳои физикаю математика, химия, геология ва техникӣ буда, бо ифтихорномаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Иттифоқи журналистони Тоҷикистон сарфароз гардонида шудааст.