РУШДИ САМТҲОИ НАВИ ТАҲҚИҚОТ ДАР ХИМИЯ ВА ТЕХНОЛОГИЯИ ХИМИЯВӢ

92

Рӯй овардан ба таҳқиқоти илмӣ, хусусан ба таҳқиқи илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ худ қадами боэътимод барои рушди устувори иқтисоди кишвар ва таъмини рақобатпазирии кишвар дар арсаи байналмилаӣ мебошад. Зеро дар марҳилаи нави рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши илм ва тафаккури илмӣ дар ҳалли масъалаҳои иқтисодӣ-иҷтимоӣ ва бунёдӣ хеле муҳим аст.

Бо ташаббус ва дастгириҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенит Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон илмҳои мазкур рушд ва пойгоҳҳои илмиву техникиашон рӯз аз рӯз беҳтар шуда истодааст. Ҳамин аст, ки пайваста ҳамоишҳои байналмилалӣ дар самти мазкур рӯйи кор гирифта шуда табодулаи афкор бо олимони ҳориҷи кишвар зиёд шуда истодааст. Бо ҳамин мақсад имрӯз (26.10.2023) дар пояи факултети химияи Донишгоҳи миллӣ Конференсияи байналмилалии илмию амалӣ дар мавзӯи «Рушди самтҳои илмии нав дар химия ва технологияи химиявӣ», бахшида ба Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф (солҳои 2020-2040), 75-солагии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, 65 солагии факултети химия ва гиромидошти хотираи доктори илмҳои химия, профессор, академики АМИТ Сафиев Ҳайдар Сафиевич баргузор гардид.

Ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. дар баромади ифтитоҳии ҳамоиш қайд кард, ки Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз бузуртарин марказҳои илмиву таълимӣ ва маърифатӣ дар ҷумҳурӣ ва минтақа шинохта шудааст, ки барои муаррифӣ ва баланд бардоштани ин мақом, нақши роҳбарони Донишгоҳ дар давраҳои гуногун назаррас мебошад. Сафиев Ҳайдар Сафиевич 9-умин роҳбари ин боргоҳи илму адаб мебошанд, ки солҳои 2001-2005 роҳбарии Донишгоҳи миллиро ба зима доштанд. Ҳайдар Сафиевич ҳамчун олим, роҳбар ва ташкилотии моҳир тавонистанд дар ин давра Донишгоҳро ба як пойгоҳи хуби илмиву таълимӣ ва маърифатӣ дар ҷомеа нишон дода, шароити хуби иҷтимоӣ ба устодону кормандон муҳайё намуданд.

Мустаҳкам намудани пойгоҳи моддиву техникӣ, таъсиси ихтисосҳои нави ба бозори меҳнат ҷавобгӯ, дар ин замина ташкили кафедраҳо ва таъсиси 2 факултет: фалсафа ва молиявию иқтисодӣ ва Институти имлмиб таҳқиқотӣ маҳз бо ташабуссҳои Ҳайдар Сафиевич дар Донишгоҳ ба вуҷуд омадааст.

Бояд зикр намуд, ки факултети химияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, яке аз марказҳои асосӣ барои амалӣ намудани сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи химия ва саноати химиявӣ ба ҳисоб рафта, 65 сол аст, ки фаъолияти пурсамар дорад ва дар ин давра барои бозори меҳнат дар дохил ва хориҷи кишвар зиёда аз 6000 нафар мутахассисонро бо тахассусҳои химиявӣ, муҳандисӣ ва технологӣ омода кардааст, ки имрӯзҳо дар соҳаҳои гуногуни маорифу илм ва саноату истеҳсолот фаъолияти пурсамар доранд. Нақши устод Ҳайдар Сафиев дар рушд ва дастовардҳои факултети химия низ назаррас мебошад.

Зери роҳбарӣ ва дар мактаби имии устод 8 нафар устодони факултет диссертатсияҳои худро омода ва дифоъ намудаанд. Ду нафар шогирдони устод (профессор Рузиев Ҷ.Р. ва магистрант Шокираримов С.) дар аввалин соли баргузории озмуни ҷумҳуриявии “Илм-фурӯғи маърифат” (соли 2021) дар даври ҷумҳуриявӣ (дар номинатсияи ихтироъкорӣ ва навоварӣ) иштирок намуда, сазовори ҷойи сеюм гардиданд.

Воқеан, зиндагиномаи профессор Ҳайдар Сафиев имратомӯз аст. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки академик Ҳ.Сафиев барои беҳтар намудани сифату самаранокии таълим, омодасозии мутахассисони баландихтисос, тадриҷан баланд бардоштани сатҳи пажӯҳишҳои илмию таҳқиқотӣ, илмию методӣ ва корҳои ихтироотӣ ва ҷалби ҳарчи бештари ҷавонон ба корҳою ҷустуҷӯйҳои илмӣ саъю кӯшиши пайваста зоҳир намудаанд, ҳамзамон ҷиҳати баланд бардоштани мақому манзалати омӯзгор ва илму таълим ҷидду ҷаҳди натиҷаовар кардааанд. Кӯшишҳои устод дар ин роҳ воқеанҳам шоёни пайравӣ аст.

Ёдовар мешавем, ки ба унвонии кумитаи тадорукоти Конференсия 59 мавод аз дохил ва хориҷи кишвар ворид шудааст, давоми 2 рӯз дар бахшҳо баррасиву муҳокима мешаванд.