ПАЁМ – ТАҲКИМБАХШИ МАЪНАВИЁТИ ҶОМЕА

56

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари аҳмияти сиёсӣ-ҳуқуқӣ доштанаш, инчунин, аҳмияти махсуси ахлоқиву тарбиявӣ дорад. Паём ҳамчун санади муҳим дар рушди соҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва ҳуқуқии мамлакат, инчунин, таъмини амнияти давлат, волоияти қонун ва таҳкими Истиқлоли давлатӣ ҷойи махсусро ишғол менамояд. Суханону андешаҳои пурмуҳтаво ва пандомези Сарвари давлат зимни ироаи Паёмашон дар бораи адлу тадбир, таълиму тарбия, илму маориф, ватандӯстиву ватанпарварӣ, саховату эҳсон, адолати иҷтимоӣ, арзиши олӣ доштани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои ӯ ва амсоли онҳо боиси баланд гардидани масъулят ва ҳисси милливу ватандӯстӣ маърифати сиёсӣ ва ҳуқуқии аҳолии мамлакат, бахусус ҷавонон мебошад. Солҳои охир вазъи сиёсии ҷаҳон тағир ёфта, хавфҳои нави умумибашарӣ ба миён омадаанд.

Яке аз ҳадафҳои асосии сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вусъат бахшидан ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи маънавиёти аҳолӣ мебошад. Ин аст, ки раванди таҳким додани маънавиёти ҷомеаи муосир ва сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат ва андешаҳои судманд дар баланд бардоштани донишҳои ҳуқуқиитамоми қишрҳои ҷомеа маҳсуб мешавад. Ҳамин аст, ки соли 2024 – Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон гардид.

Ҳадафи асосии Пешвои миллат аз ин ташаббус, пеш аз ҳама, баланд бардоштани сатҳи саводу маърифатнокии мардум ва дар навбати аввал, наврасону ҷавонон, тақвияти ватандӯстиву ватанпарварӣ, ҳувияти миллӣ, арҷгузорӣ ба арзишҳои миллию давлатӣ ва риояи талаботи қонунҳо мебошад. Тавре зикр шуд: “Амалӣ намудани меъёрҳои Конститутсия ба мо имкон дод, ки пояҳои устувори ҷомеа ва давлатро созмон диҳем, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро таҳким бахшем, рушди устувори иқтисодии кишварамонро таъмин намоем, барои ҳар як шаҳрванди мамлакат шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро муҳайё созем”.

Дар охир метавон гуфт, ки Паём барои хештаншиносӣ ва худшиносии миллӣ аҳамияти хосса дошта, барои тақвият додани маънавиёти ҷомеа саҳми босазо мегузорад.

Ҳасанов Убайдулло Асрорович,мушовири академӣ дар шуъбаи ғоибонаи факултети химияи ДМТ