ҒОЛИБИЯТИ ДОНИШҶӮЁН ДАР ОЛИМПИАДАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

178

Дар доираи амалинамоии нақшаи 20-солаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф (солҳои 2020-2040), устодону донишҷӯёни факултети химияи ДМТ пайваста дар чорабиниҳои байналмилалӣ иштирок намуда, сазовори ҷойҳои ифтихорӣ шуда истодаанд.

Аз санаи 14-уми ноябр то 17 ноябри соли 2022 дар Донишгоҳи давлатии Туркманистон ба номи Магтимгулй олимпиадаи байналмилалии интернетӣ аз фанни химия баргузор гардид.

Тибқи гузориши рӯзномаи “Нейтральный Туркменистан”, беш аз 300 донишҷӯ аз 80 Донишгоҳҳои Тоҷикистон, Русия, Амрико, Чин, Австрия, Испания, Италия, Малайзия, Белорусия, Қазоқистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Арманистон, Маҷористон, Украина ва ғайра ширкат доштанд. Аз худи Ҷумҳурии Туркманистон донишҷӯёни 14 Донишгоҳаш, ки дар онҳо фанни химия аз рӯи ихтисос ва ё ғайриихтисос меомӯзанд, иштирок карданд.

Олимпиада дар категорияҳои «А» ва «В» гузаронида шуд, ки аз рӯи дараҷаи мураккабии масъалаҳое, ки аз ҷониби гурӯҳи байналмилалии коршиносон дар ҳайати ҳакамон таҳия шудаанд, фарқ мекунад. Ректори Донишгоҳи давлатии Туркманистон ба номи Магтимгулй, Байрамгул Ораздурдиева, раиси доварони олимпиада, директори Маркази технологияи Академияи илмҳои Туркманистон Дурдимурат Гадамов, аъзои ҳайати доварон аз Россия, дотсенти факултети химияи Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи М.В.Ломоносов Оксана Рыжова сухан намуданд.

Аз факултети химияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон 5 нафар донишҷӯён аз рӯйи категорияи «А»-тахассусӣ иштирок намуданд. ки баъди натиҷагирӣ 3 нафарашон ғолиб баромадкунанд:

Бобохонов Муҳаммадҷон Фурқатҷонович-донишҷӯи курси 3-юми ихтисоси 31050102-химия, сазовори ҷойи ДУЮМ (роҳбар – дотсенти кафедраи химияи физикӣ ва коллоидӣ, декани факултети химия Файзуллозода Э.Ф.);

Икромов Меҳриддин Сироҷиддинович-донишљўи курси сеюми ихтисоси 31050102-химия, сазовори ҷойи СЕЮМ (роҳбар – дотсенти кафедраи химияи физикӣ ва коллоидӣ Суяриён Қ.Ҷ.);

Машрабов Шукрулло Абдулмаљидович-донишљўи курси 3-юми ихтисоси 31050102-химия, сазовори ҷойи СЕЮМ (роҳбар – ассистенти кафедраи химияи физикӣ ва коллоидӣ Ҷамолиддинов Ф.Ҷ.).

Садорат ва коллективи устодону кормандони факултети химияи ДМТ донишҷӯён: Бобохонов М.Ф., Икромов М., Машрабов Ш.А. ва роҳбарони онҳо: Файзуллозода Э.Ф., Суяриён Қ.Ҷ. ва Ҷамолиддинов Ф.Ҷ.-ро барои дастовади навбатиашон муборакбод гуфта, ба фаъолияти минбаъдаашон муваффақиятҳоро таманно доранд.

САДОРАТИ ФАКУЛТЕТИ ХИМИЯИ ДМТ