НИШАСТИ СУДМАНД

441

Ҷиҳати амалӣ намудани бандҳои Нақшаи чорабиниҳо барои солҳои 2020-2025 оид ба амалигардонии “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” эълон намудани солҳои 2020-2040 (қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30.07.2020, №427) ва Нақшаи чорабиниҳои ДМТ ҷиҳати амалӣ намудани дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, зимни мулоқот бо кормандони соҳаҳои илму маориф ва аҳли эҷоди мамлакат аз 18.03.2020 оид ба “Таҳким бахшидани пояҳои моддию техникии муассисаҳои таълимӣ (озмоишгоҳҳои таълимӣ, илмӣ, паркҳои технологӣ)” ва “харидории таҷҳизот, ашё ва маҳлулҳои химиявию биологӣ барои озмоишгоҳҳои таълимию илмии донишгоҳ” бо дастгирии раёсати донишгоҳ 178 номгӯйи зарфҳо ва моддаҳои химиявӣ аз КВД «Маркази ҷумҳуриявии таъминоти саҳаҳои илм бо таҷҳизоти техникӣ, асбобҳо, маводи химиявӣ ва васоити экспедитсионӣ»-и назди АМИТ харидорӣ карда шуда, ба лабораторияҳои илмиву таълимии факултети химия дастрас карда шуд.

Ҳамзамон, дар доираи ҳамин нақшаи чорабиниҳо семинари илмӣ-методӣ бо профессори риштаи химияи Донишгоҳи давлатии Ню-Йорки ИМА Назиров Фарҳод Заробович дар мавзӯи «Спектроскопияи фазаи сахт, омӯзиши динамикаи молекулярии пиридин дар дохили системаи сарбастаи p-третбутилкалик[4]сарен» баргузор гардид.

Ёдовар мешавем, ки Назиров Фарҳод Заробович соли 1988 ба курси 1-уми факултети химияи Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин (ҳоло ДМТ) дохил шуда, соли 1990 дар асоси шартнома ба Донишгоҳи Силезияи Полша интиқол ёфта, соли 1994 донишгоҳи мазкурро хатм намудааст. Фаъолияти меҳнатиашро соли 1995 дар Академияи илмҳои Полша оғоз намуда, соли 1997 дар Донишгоҳи познани Полша ба ҳайси докторанти PhD қабул шудааст ва соли 2001 рисолаи илмиашро ҳамчун доктор PhD дифоъ кардааст. Соли 2003 ба факултети химияи Донишгоҳи Миннесотаи ИМА даъват шуда, фаъолияти кориашро идома додааст. Солҳои 2004-2006 дар Донишгоҳи Флоридаи ИМА ҳамчун посдок дар лабораторияи полимагнитӣ кор намуда, солҳои 2010-2011 посдоктори дараҷаи 3-юм дар факултети химияи Донишгоҳи Кансаси ИМА кор кардааст.

Аз соли 2011 то ҳол ҳамчун профессор дар факултети фанҳои табиатшиносии Донишгоҳи давлатии Ню-Йорки ИМА фаъолият менамояд. Соли 2018 ҳамчун эксперт барои патентҳои тиббӣ ва химиявии Идораи патентӣ дар шаҳри Вашингтони ИМА фаъолият намудааст.