НАҚШИ КОНСТИТУТСИЯ ДАР ҲИФЗИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ

79

Беҳтарин ҷомеа ҳамонест, ки инсонҳо ғуломи қонунанд (Гегел).

«Мо, халқи Тоҷикистон – қисми ҷудонашвандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ буда, худро дар назди наслҳои гузашта, ҳозира ва оянда масъул ва вазифадор дониста, таъмини соҳибихтиёрии давлати худ ва рушду камоли онро дарёб намуда, озодӣ ва ҳуқуқи шахсро муқаддас шумурда, баробарҳуқуқӣ ва дӯстии тамоми миллату халқиятҳоро эътироф карда, бунёди ҷомеаи адолатпарварро вазифаи худ қарор дода, ҳамин Конститутсияро қабул ва эълон менамоем».

Дар замони таъсисёбии Ҷумҳурии Советии Сотсиалистии Тоҷикистон 4 маротиба Конститутсия қабул гардида буд: солҳои 1929, 1931, 1937 ва 1978. Дар баробари ба даст овардани Истиқлолият бо ташабуси бевоситаи аосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 29 сол муқаддам Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 ноябри соли 1994 бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардидааст, ки ба он се маротиба тағйиру иловаҳо дар 26-уми сентябри соли 1999, 22-юми июни соли 2003 ва 22-юми майи соли 2016 дохил карда шудааст, ки ин тағйиру иловаҳо бо мақсади ба пешрафти замон мутобиқ гардонидани ин санади сарнавиштсози халқу миллат нигаронида шудаанд. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 боб ва 100 модда иборат аст.

Маҳз Конститутсия ба таъмини озодиву ҳуқуқҳои инсон, аз ҷумла, озодии сухан,озодиии виҷдон ва амсоли онҳо чун қонуни асосӣ кафолат медиҳад. Конститутсия воқеан ҳуҷҷати умумии ҳамаи шаҳрвандони кишвари мо буда, он манфиатҳои ҳамаи моро баробар ҳифз мекунад. Ҳамаи мо бе истисно дар назди қонун ҳам дар ҳуқуқ ва ҳам дар уҳдадориҳо баробарем.

Конститутсия манфиатҳои олии миллат ва давлати соҳибистиқлоламонро инъикос намуда, Тоҷикистонро ба ҷаҳони мутамаддин ҳамчун давлати соҳибистиқлол, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ муарифӣ кард ва ба омили муҳимтарини кафолати устувори ҳаёти сиёсии ҷомеа мубаддал гардид.

Дар заминаи татбиқи бомароми меёрҳои конститутсионӣ дар кишвари мо волоияти қонун, тартиботи ҳуқуқӣ, инчунин ифтихори миллӣ ва худшиносӣ ба сатҳи арзиши ҳамешагии ҷомеа бардошта шуд. Бунёди давлати ҳуқуқбунёд, ки барпо намудани онро Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи моддаи 1-и Конститутсия вазифаи худ қарор додааст, бе риояи тартиботи ҳуқуқӣ ва қонуният ғайриимкон аст. Аниқтараш барпо намудани давлати ҳуқуқбунёдро бе риояи дақиқ ва бечунучарои қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ тасаввур кардан мумкин нест. Вобаста ба ин раванди ислоҳоти конститутсионие, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон гузашта истодааст барои ҳарчи бештар мустаҳкам намудани тартиботи ҳуқуқӣ ва қонунияти ҳуқуқӣ равона карда шудааст. Зеро эълон шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати ҳуқуқбунёд онро тақозо мекунад, ки шуури ҳуқуқӣ ва маданияти ҳуқуқии шаҳрвандон баланд бардошта шуда дар байни онҳо тарғиботу ташвиқоти арзишҳои ҳуқуқӣ ба роҳ монда шавад.

Ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ сарчашмаи тағйиротҳои куллӣ, аз қабили ин¬кишофи озоди шаклҳои гуногуни моликият, аз ҷумла, моликияти хусусӣ, либерализми давлатӣ, ривоҷи фаъолияти озоди соҳибкорӣ, эътироф шудани ҳуқуқу озодиҳои фитрӣ, ар¬зиши олӣ доштани ҳуқуқу озодиҳои фитрӣ ва ғайра гардид.

Вобаста ба он мафҳуму консепсияи нав вориди илми ҳуқуқ гардид. Ба монанди ҳуқуқи фитрӣ, давлати ҳуқуқбунёд, давлати иҷтимоӣ, тақсимоти ҳокимияти давлатӣ ва амсоли инҳо. Барои дарку таҳлили аниқи онҳо назарияи анъ¬анавии давлат ва ҳуқуқ нокифоя аст. Он мазмуни бевоситаи мафкуравӣ дошта, шакли инъикоси мафкураи давлатӣ буд. Масъалаҳои ҳуқуқӣ ва давлатӣ дар доираи ин мафкура ҳаллу фасл мегардид. Вале дар шароити имрӯзаи Ҷумҳурии Тоҷикистон вазъият тағйир ёфтааст.

Конститутсия усули гуногунии мафкуравиро мустаҳкам намудааст, ки мувофиқи он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳеҷ як мафкура, аз ҷумла мафкураи динӣ ба си¬фати мафкураи давлатӣ эътироф карда намешавад. Ин маънои онро до¬рад, ки илми муосири ҳуқуқ хусусияти ғайримафкуравӣ дошта, тамоми ҳодисаҳои ҳуқуқӣ ва давлатиро аз нуқтаи назари арзишҳои эътирофшу¬даи байналмилалӣ таҳлил менамояд.

Қабули ҳуҷҷатҳои мазкур дорои аҳамияти калони сиёсӣ буда, дар асоси ин санадҳои ҳуқуқӣ масъалаи зарурати омӯхтани ҳуқуқ ва таълими ҳуқуқӣ нахустин бор ба дараҷаи муҳими давлатӣ бардошта мешавад. Масъалаҳои таълиму тарбияи ҳуқуқӣ хеле муҳим аст. Сабаб дар он аст, ки халқи Тоҷикистон дар назди худ вазифаи таърихӣ- бунёди давлати ҳуқуқбунёдро гузоштааст. Барои сохтани чунин давлат зарур аст, ки ни-зоми нави ҳуқуқӣ соз¬мон ёбад ва он ба тамоили инсондӯстӣ ва демокра-тикунонии ҳаёти ҷомеа, мубориза бар зидди ҳар гуна қонуншиканиҳо ра-вона гардида бошад.

Аз ин ҷост, ки қонунҳои нав қабул гардида дар ҷамъият озодона инкишофёбии тафаккури одамон, муҳайё сохтани шароити зарурӣ барои рушд ва корбасти қобилияти инсон нисбат ба манфиати худ ва ҷамъият равона гардонад. Дар асоси гуфтаҳои боло ҳар як фарди Ҷумҳурии Тоҷикистон тавре рафтор намояд, ки асоси рафтори онро қонун ташкил дода, қонун раҳнамои зиндагии ӯро ба вуҷуд орад.

Боварии комил дорем, ки бо шарофати Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзгори халқи кишварамон баракати хушу осудатар ёфта, пояҳои давлатдорӣ ва мақому эътибори кишварамон дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам побарҷову мустаҳкамтар мегардад.

Бобоева Б.Т. н.и.х., дотсенти кафедраи химияи ғайриорганикии факултети химияи ДМТ