НАҶОТБАХШИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТ

119

Президент (калимаи лотинии praesidens, praesidentis – дар пеш нишаста, пешво, раис) – роҳбари интихобии давлат дар кишварҳои шакли идоракунии ҷумҳуриявӣ мебошад. Дар ҷумҳуриҳои президентӣ президент дорои салоҳиятҳои васеъ мебошад, чунки ӯ функсияи Сарвари давлат ва Раиси ҳукуматро иҷро менамояд. Ба маънои расмӣ истилоҳи «президент» ҳангоми омода намудани Конститутсияи ИМА соли 1787 вақте, ки масъалаи номгузории шахси мансабдор, роҳбари интихобшудаи давлат пеш омад, мавриди истифода қарор гирифтааст.

Дар айни ҳол, президент рамзи муттаҳидии давлат, намоянда ва муҳофизи манфиатҳои шаҳрвандон ҳам дар давлати худ ва ҳам берун аз он мебошад. Дар адабиёти ҳуқуқӣ институти президентӣ чун категорияи конститутсионӣ – ҳуқуқӣ омухта мешавад, ки ифодакунандаи маҷмӯи ваколатҳои ҳокимиятии Президент дар соҳаи идоракунии давлат мебошад, ки ба меъёрҳои конститутсионӣ асос ёфта, танзимкунандаи баамалбарории ҳокимияти президентӣ аст.

Мувофиқи моддаи 2-юми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид», ки аз 14.05.2016 қабул шудааст, минбаъд дар Тоҷикистони азизи мо рӯзи 16-уми ноябр ҳамчун «Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷашн гирифта мешавад. Дар ин рӯз дар саросари кишвар ҷамъомадҳои илмӣ, мулоқоту вохӯриҳои мардумӣ, мусобиқаҳои варзишию фарҳангӣ ва чорабиниҳои идона доир гашта, мардуми Тоҷикистон ин ҷашни миллиро бо сурӯру шодмонӣ гиромӣ медоранд.

Сабаби ба ин рӯз рост омадани чунин ҷашни муборак дар он аст, ки маҳз дар ҳамин рӯзи таърихӣ, яъне 16-уми ноябри соли 1994 Пешвои маҳбуби миллати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори нахӯст ҳамчун Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди халқу Ватан савганд ёд карданд. Дар ҳамин сол дар аввалин Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки аз тарафи мардум қабул карда шуд, шакли идории Тоҷикистон ба шакли Ҷумҳурии Президентӣ табдил дода шуд.

Дар он марҳалаи ҳассоси таърихӣ, ки Ватани мо пеш аз ҳама, ба сулҳу суббот ва ваҳдату сарҷамъӣ ниёз дошт, низоми идоракунии Президентӣ маҳз бо мақсади пурзӯр намудани ҳокимияти иҷроия, баланд бардрштани самаранокии он, қабули фаврии Қарорҳои идорӣ, такмили механизми иҷрои Қонунҳо, таҳкими қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ ҷорӣ карда шуд. Он як интихоби огоҳона буда, маҳсули сабақҳои таърихӣ ва натиҷагириҳо аз самараи фаъолияти давлатдории гузашта ва имрӯзаи мо ба ҳисоб меравад.

Хушбахтона, гузаштан ба низоми Президентӣ на танҳо боиси наҷоти давлату миллат, балки омили рушди устувори тамоми соҳаҳои идораи давлатӣ, аз ҷумла иқтисодиёт, сиёсат, фарҳанг, маориф ва дигар соҳаҳо гардид.

Мувофиқи муқаррароти Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарвари давлат ва Раиси ҳокимияти иҷроия ҳисоб шуда, хомии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, кафили истиқлолияти миллӣ, ягонагӣ ва тамомияти арзӣ, пойдорию бардавомии давлат, мураттабии фаъолияти маҷомоти давлатӣ ва ҳамкорони онҳо, риояи қарододҳои байналмилалии Тоҷикистон мебошад.

Бинобар ин, бузургдошти “Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба маънои дарки аҳамияти калидии ин ниҳоди давлатӣ дар ҳифзу тараққии давлатдории миллии мо ва ҳамчунин, ҷашни қадрдонию сипос ба тамоми он арзишҳои баланди давлатӣ, миллӣ ва шаҳрвандие мебошад, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кафили конститутсионии онҳо фаъолият мекунад. Ин аст, ки “Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” ҷашни ҳар як шаҳрванди худшиносу ватандӯст ва ҷашни ҳар як сокини озоду осудаи Тоҷикистони азиз аст. Ҳамчун давлати мустақил ва устувор ба як воқеияти имкорнопазири таърихӣ ва сиёсӣ табдил ёфт. Имрӯзҳо дар таҳлилҳои илмии сиёсӣ нисбат ба кишварҳое, ки масъалаҳои асосии сарнавишти худро ҳал карда натавонистаанд ва ояндаи буду набудашон ҳанӯз равшан нест, истилоҳи «Давлатҳои ноком»-ро ба кор мебаранд. Ва гоҳе бадхоҳони давлатдории тоҷикон низ мехостанд, ки давлати мо маҳз дар ин радиф қарор гирад. Вале имрӯз, мо метавонем бо сарбаландию ифтихор эълон намоем, ки Тоҷикистон зери роҳбарии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун давлати мустақил барпо шуд, ҳамчун воқеияти устувори таърихию сиёсӣ доир гашт! Дигар ҳеҷ касе ва ҳеҷ нерӯе наметавонад, ки мавҷудияти Тоҷикистон, Истиқлолияти давлатӣ ва ягонагии кишвари моро зери савол гузорад.

Интихоб шудани муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мақоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин ниҳоди давлатӣ руҳ ва маънои бузург бахшида, мақоми Президентиро ба як ниҳоди наҷотдиҳандаи давлат ва сарҷамъии миллат табдил дод. Маҳз ба Эмомалӣ Раҳмон муяссар гашт, ки тамоми таҷрибаи таърихию байналмилалӣ ва ҳуқуқию сиёсии ниҳоди Президентиро истифода намуда, ин тарзи давлатдориро ба модели наҷоти миллии мо табдил диҳад. Илова бар ин фаъолияти Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ин тарзи идоракунии давлатиро такмил дода, дар меҳвари он мактаби нави давлатдории миллии тоҷиконро ба вуҷуд овард, ки имрӯз бо бартарию хусусиятхои худ эътирофи байналмилалӣ касб намудааст.

Асри бистум кард баҳри мо ато,

Сарвари ғамхор, ҳам сулҳу сафо.

Сарваре, ки сайъ дорад доимо,

Баҳри ин пирӯзии даврони мо.

Дастовардхои бунёдии Ҷумҳурии Точикистон зери роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷумлаи роҳбаронест, ки шахсияти сиёсияш қадам ба қадам дар пеши назари мардум, ҳамнафас бо ғаму шодии миллат ташаккулёфта, ҷойгоҳи мардумии худро ба таври табиӣ дарёфтааст. Ҳамон гуна, ки аҳли як хонадон фарзанди худро, ки дар пеши чашмашон аз як навҷавони навқад ба як марди бузург табдил шудааст, дуруст мешиносанд ва бо тамоми сифоту сиришти вай ошнои доранд, Эмомалӣ Раҳмон низ дар оғӯши Ватану миллат ва дар сояи дуову дастгирии мардум сабзида, ба таври комилан табиӣ мавриди эътирофу эътибори мардуми худ қарор гирифтааст.

Ин аст, ки чеҳраи ӯ чеҳраитабиӣ, шахсияти ӯ шахсияти воқеӣ ва хидматҳои ӯ хидматхои бунёдӣ мебошанд.

Муҳимияти таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар он аст, ки мо – ҷавонон бояд фаъолияти пурсамару ибратбахши Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро қадр намоем, зеро маҳз ба шарофати сиёсати муваффақонаву боровар, талошҳои пайваста дар роҳи ободиву осоиши Ватан, азму ҷасорати қавӣ, арҷгузорӣ ба таърихи пурғановати миллати бостонии тоҷик ва ташаббусҳои созандаву некбинонаи ӯ ҷомеаи ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон бо нигоҳи боэътимод ва хайрхоҳона назар дорад.

Дилам хоҳад, ки мо умре канори Пешво бошем,

Дуогӯ дар ҳама ҳолат ба кори Пешво бошем.

Барои халқу ин миллат дилу ҷонаш фидо бинмуд,

Биё мову туҳам то ҷонисори Пешво бошем!

Раҷабов Ш.Х., Солеҳова Г.Н., устодони кафедраи технологияи истеҳсолоти химиявии факултети химияи ДМТ