МЕҲРГОН ИДИ ДӮСТИЮ МЕҲРУ МУҲАБАТ АСТ

89

“Меҳргон яке аз куҳантарин ҷашнҳои мардуми ориёинажод буда, гузаштагонамон онро ҳамчун ситоишу ниёиши Меҳр ё Митро ва рамзи аҳду паймон ва дӯстиву муҳаббати ойини меҳрпарастӣ таъбир кардаанд.

Меҳргон иди ҷамъоварии ҳосили рӯёндаи деҳқон, иди фаровонӣ, шодию нишот, дӯстию рафоқат, ваҳдату ягонагӣ ва меҳру садоқат аст. Меҳргон дар радифи пуршукӯҳтарин ҷашнвораҳои аҷдодии мардуми форсизабон қарор дошта, аз замони дуродури таърих маншаъ мегирад.

Меҳргон рамзи тирамоҳи зарнисор, айёми ҷамъоварии ҳосили бо арақи ҷабин коштаи марди деҳқон мебошад. Ба ҷашни Меҳргон истиқлолият умри дубора бахшид. Таҷлили иди Меҳргон тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5-уми августи соли 2009 таҳти рақами 538, дар тамоми гӯшаю канори кишварамон бо шукӯҳу шаҳомат ба роҳ монда шудааст. Ба истиқболи ин рӯзи муборак пахтакорон, ғаллакорон, боғу токпарварон, чорводорон ва механизаторони меҳнатқарин бо ғайрати дучанд заҳмат кашида, баҳри пешрафти иқтисодиёти давлати тоҷикон саҳми арзанда мегузоранд. Рушду пешрафти ин соҳаи афзалиятноки хоҷагии халқ барои инкишофи ояндаи иқтисодиёти кишвар хеле муҳим аст ва чун таҳкурсии мустаҳкам хизмат мекунад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз мулоқотҳояш бо зиёиёни кишвар Меҳргонро аз ҷашнҳои бостонии тоҷикон хонда, хостори эҳёи ин ҷашн шуда буд. Бо таваҷҷуҳ ба ин ки Меҳргон яке аз ҷашнҳои сегонаи машҳуру маъруфи мардуми тоҷику форс мебошад ва пайдоишу такомул ва таҳаввули минбаъдааш асосан бо шуғли кишоварзӣ ва рӯзгори аҳли фарҳангу гоҳшуморӣ марбут аст, бо дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин иди бостонӣ ҳар сол рӯзи 8 октябр чун иди миллии давлатӣ бо шукӯҳу шаҳомат таҷлил мегардад. «Меҳргон тибқи андеша ва эътиқоди ниёгони мо дар рӯзи аввали моҳи Меҳр ва оғози фасли тирамоҳ таҷлил карда мешудааст.

Он дорои эътидоли кайҳонӣ буда, дар ин айём рӯзу шаб баробар мешавад ва ба ин сабаб номи ин моҳро Меҳр гузоштаанд. Мувофиқи ойини гузаштагонамон, дар рӯзҳои ҷашни Меҳргон маросимҳои зиёде сурат мегирифтанд, зеро дар давраҳои бостон шуғли аксарияти одамон кишоварзӣ буд. Аз ин рӯ, пас аз ғунучини ҳосил барои баргузор кардани ҷашну шодӣ ва истироҳати кишоварзон замони муносиб будааст», – зикр кардааст Эмомалӣ Раҳмон.

Дар даврони Иттиҳоди Шӯравӣ, ки Тоҷикистон ҷузъи ин Иттиҳод маҳсуб мешуд, ҷашни Меҳргон чун Наврӯз ва Сада аз идҳои мазҳабӣ талаққӣ шуда, таҷлил аз онҳо барои сокинони кишвар мамнӯъ буд.

Ба гуфтаи донишмандон, суғдиён ҳангоми таҷлил аз ҷашни Меҳргон оташи муқаддас афрӯхта, дастурхони идона бо ҳафт меваи меҳргонӣ ва гандум, ки неъмати худовандӣ ва боиси бақои инсонӣ аст, меоростанд.

Чунонки сарчашмаҳои куҳани таърихӣ шаҳодат медиҳанд, ниёгони мо дар ин рӯз сару либоси идонаи арғувонӣ мепӯшиданд ва ҳамдигарро бо беҳтарин таманниёт табрик мекарданд.

Суфраи ҷашни Меҳргонро низ бо матое, ки ранги арғувон дорад, густурда мекарданд, дар рӯйи дастархони ҷашнӣ шамъ, ширинӣ, хӯрданиҳои маҳаллӣ ва бӯйҳои хуш, монанди гулоб, ҳазориспанд, анбар ва заъфарон мегузоштанд, ки ин ҳама аз фазилатҳои неку писандида ва фарҳангу маънавиёти ғании халқи тоҷик дарак медиҳад.

Ба таъкиди Пешвои миллат, ҷашн танҳо ба хотири ҷашн нест ва таҷлили ҳар санаи муҳим дар зиндагӣ бояд моро ба андеша ва хулосабарорӣ барои оянда таҳрик созад. Бинобар ин, амалӣ гардонидани чорабиниҳои мунтазам оид ба беҳтар намудани вазъи соҳаи кишоварзӣ, роҳҳои ҳалли мушкилот ва таъмини рушди устувори он ба хотири расидан ба яке аз ҳадафҳои стратегии миллиамон – таъмини амнияти озуқаворӣ ва муҳимтар аз ҳама, худкифо шудани Тоҷикистон аз лиҳози таъмини маводи ғизоӣ, вазифаи аввалиндараҷаи олимону мутахассисони бахши кишоварзӣ ба шумор меравад.

Ҳар сол бо дарназардошти ин ки Меҳргонро бештар ба унвони ҷашни кишоварзон мешиносанд, дар ҷашнгоҳҳо намоишгоҳи анвои мухталифи меваю сабзиҷот, консерву оби мева ва таҷҳизоти кишоварзӣ ба маърази тамошо гузошта шуда, базму тамошоҳо барпо мешавад.

Сол то сол, аз Меҳргон то Меҳргон, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ зиёд шуда истодааст. Ҷамъоварии ҳосили фаровони ғалла, картошка, меваю сабзиҷот, пахта, асал ва дигар навъҳои маҳсулоти кишоварзӣ як гоми муҳиме дар таъмини амнияти озуқаи Тоҷикистон маҳсуб мешавад. Кишоварзони тоҷик ҳамчунин ҳазорҳо тонна меваю сабзиҷот ва меваи хушкро ба мамолики хориҷӣ, бахусус Русия содир мекунанд, ки ин амр тақозои иқтисоди бозаргонист. Кишоварз дар фурӯши маҳсулоти хеш озод аст ва барои ба даст овардани даромади хуб метавонад тавлидоти худро ба хориҷи кишвар содир кунад.

Дар мавсими ҷамъоварии ҳосили меҳнати марди деҳқон фаро расидани иди Меҳргон басо рамзӣ буда, ҳамчун иди касбии кишоварзон ба ҳукми анъана даромадани таҷлили расмии ҷашнвораи мазкур далели он аст, ки миллати куҳанбунёди мо дар партави сиёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯ ба арзишҳои гузаштаи фарҳангии хеш овардааст ва эҳёи онҳоро вазифаи бошарафи худ медонад.

Мудири кафедраи Химияи ғайриорганики ДМТ н.и.х. дотсент Сафаров С.И дотсенти кафедраи химияи таҳлили Қурбонова Ф.Ш.