МАЪРИФАТИ ЭКОЛОГӢ, ЯЪНЕ ЧӢ?

49

(Бахшида ба соли маърифати экологӣ эълон шуданисоли 2024 дар шаҳри Душанбе)

Қабл аз пайдоиши инсон ва муносибати фаъоли ӯ бо табиат дар олами зинда ҳамбастагӣ ва робитаи табии мутақобил ҳукмфармо буд, метавон гуфт, ки ҳамоҳангии экологӣ вуҷуд дошт. Бо пайдоиши инсон раванди вайрон кардани мувозинати мутаносиб оғоз мешавад. Инсон бо рафтори худ, бо мурури замон, табиатро аз худ карда, зарурати эҳтиром кардани қонунҳои дар табиат мавҷудбударо ба эътибор нагирифта, бо фаъолияти худ мувозинати шароиту таъсироти муҳити табииро вайрон мекард ва ҳоло низ аҳвол чунин аст.

Экология – калимаи юнонӣ аст: oikos – хона, ҷойи зист, ватан, logos – мафҳум, таълим. Ҳамин тавр, экология аслан маънои «омӯхтани хона» ё ба таври васеъ «омӯзиши ватан»-ро дорад. Худи истилоҳи «экология» тақрибан дар миёнаҳои асри XIX пайдо шудааст. Истилоҳ аз ҷониби биологи олмонӣ Эрист Геккел (1834-1919), ки соли 1866 асари «Морфологияи умумии организмҳо»-ро нашр кард, ба илм ворид шуд. Дар ин асар экология ҳамчун таълимот дар бораи муносибати байни организмҳои зинда ва муҳити зист дониста мешуд. Илми экология бошад, дар охири асри XIX ба вуҷуд омад, он вақт ҳамчун илм барои омӯзиши организмҳои зинда, робитаи байниҳамдигарии онҳо ва умуман ҳар гуна таъсир ба табиат муаррифӣ мегардид. Дар замони муосир мафҳуми «экология» танҳо бо чаҳорчӯбаи биологӣ маҳдуд намешавад. Экологияи иҷтимоӣ, техникӣ, тиббӣ, кимиёӣ, экологияи давраи кӯдакӣ ва ғайра вуҷуд доранд, ки якҷоя бо экологияи системаҳои табиӣ ҳолати мувозинатӣ-динамикии табиат, инчунин, таъсири мутақобили мӯътадили табиат ва ҷомеаро таъмин мекунанд. Барои халалдор нашудани ҳамин мувозинат байни инсон ва табиат, пеш аз ҳама, баҳри инсон маърифати экологӣ зарур аст.

Маърифати экологӣ – ин паҳн кардани донишҳои экологӣ доир ба бехатарии экологӣ, тарзи ҳаёти солим, маълумот дар бораи ҳолати муҳити зист ва истифодаи самараноки захираҳои табиӣ аст. Мақсади маърифати экологӣ ташаккули мавқеи фаъоли ҳаётии шаҳрвандон ва фарҳанги экологӣ дар ҷомеа дар асоси принсипҳои рушди устувор мебошад. Маърифати экологӣ аз тарбияи экологӣ сарчашма мегирад.

Тарбияи экологӣ – ин омӯзиши муносибатҳои экологӣ, дониш, малака ва маҳорат тавассути таҳкими огоҳии экологӣ мебошад. Тарбияи экологӣ ба рушди мунтазами инсон мусоидат мекунад. Инсон як ҷузъи табиат аст. Инсон низ мисли дигар намудҳо аз табиат вобаста аст ва инро бояд пайваста дарк кунад, вагарна бӯҳрони экологӣ метавонад инсонро ба мушкилиҳои зиёд дучор намояд ва оқибат маҳв созад. Тарбияи экологӣ асосҳои тафаккури экологиро дар бар мегирад:

– тарбияи муҳаббат ва муносибати ғамхорона ба табиат;

– ташаккул додани ҳисси масъулият барои ҳифзи табиат;

– пешгирӣ кардани таҷовузи инсон нисбат ба табиат.

Тарбияи экологӣ тавассути таълими экологӣ амалӣ мегардад.

Таълими экологӣ ҳамчун як паҳлуи таълими умумӣ ба азхудкунии асосҳои илмии таъсири мутақобили табиат ва ҷомеа аз ҷониби инсон алоқаманд аст. Мақсади он ташаккули системаи донишҳо, ақидаҳо ва эътиқодест, ки ба тарбияи масъулияти маънавии шахс барои вазъи муҳити зист, дарки зарурати ғамхории доимӣ нисбат ба муҳити зист дар тамоми намудҳои фаъолият нигаронида шудааст. Системаи таълими экологӣ принсипҳои зеринро дар бар мегирад: инсондӯстӣ, ватандӯстӣ, табиатдӯстӣ, илмӣ, ҳамгироӣ, муттасилӣ, мунтазамӣ, дарки ҳамбастагии ҷанбаҳои умумиҷаҳонӣ, минтақавӣ ва маҳаллии экология. Таълим ва тарбияи экологӣ асоси некуаҳволии экологии ҷомеа мебошад. Яке аз шартҳои ноил шудан ба ҳамоҳангӣ бо табиат ин саводнокии экологии аҳолӣ аст. Таълим ва тарбияи экологӣ бояд дар тамоми давраи ҳаёти инсон амалӣ карда шавад. Таълими экологӣ манбаи асосии пайдоиши донишҳои экологӣ мебошад, ба тамоми соҳаҳои таълиму тарбия ва фаъолияти инсон таъсир мерасонад. Донишҳои экологӣ боиси пайдо шудани фарҳанги экологӣ мегарданд.

Фарҳанги экологӣ – сатҳи дарки табиат ва муҳити зист аз ҷониби инсон, баҳодиҳии мавқеи худ дар олам, муносибати инсон ба олам, ба табиати зинда мебошад. Инро бояд саҳҳеҳ дарк кард.

Ҳамин тариқ, маърифати экологӣ воситаи муҳими ҳифзи муҳити зист ва рушди устувор мебошад. Он ба инсон ҷиҳати дарки муҳимияти экология кумак мерасонад ва барои қабули қарорҳое, ки ба ҳифзи муҳити зист мусоидат мекунанд, шароит фароҳам меорад.

Таҳияи раиси Шурои илмӣ-методии факултети кимиё,дотсенти кафедраи кимиёи физикӣ ва коллоидии ДМТ, Суяриён Қурбон Ҷура