КОРРУПСИЯ ВА ТАЪСИРИ МАНФИИ ОН БА РУШДИ ДАВЛАТ

93

Мақсади ҳар як Ҳукумат ва Роҳбарияти олии он ташкилу таъмини ҳаёти хушу хуррам ва осудаву ороми халқу диёраш, сарсабзӣ ва сарбаландии миллаташ дар арсаи байналмилалӣ мебошад. Барои ба ин ҳадафҳои воло расидан ғайриихтиёр монеаҳои зиёде пеш меоянд, ки барои рафъи онҳо кӯшишу талошҳои дастаҷамъонаи аҳли ҷомеа низ лозим аст.

Мавриди зикр аст, ки инсоният имрӯз ба хатарҳои нави глобалӣ, аз қабили терроризм, экстремизм, паҳншавии маводи мухаддир, бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ ва дигар хатарҳои нав ба нав рӯ ба рӯ шуда истодааст, ки барои ба ҳадафҳои олӣ расидан монеагиҳо эҷод менамояд. Яке аз ин хатарҳои замони муосир Коррупсия низ мебошад.

Коррупсия, аз омилҳои хавфноки давлату миллат ба ҳисоб рафта дар ҷомеа реша давондааст, ки зарари он нисбат ба хатарҳои зикршуда камтар нест ва ба онҳо алоқамандии зич дорад.

Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид бар зидди коррупсия, маҳз бахотири мубориза алайҳи коррупсия, пешгирии сабаб ва омилҳои ба пайдоиши ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ мусоидаткунанда ва решакан намудани онҳо 31 октябри соли 2003 қабулшуда, баҳри амалӣ кардани ин мақсад чораҳои мушаххас пешбинӣ намудааст.

Муҳимияти ин ҳуҷҷати Созмони Милали Муттаҳидро ба назар гирифта, Ҷумҳурии Тоҷикистон, яке аз аввалинҳо шуда, 25 сентябри соли 2006 ба он имзо гузошт. Конвенсияи мазкур 16 апрели соли 2008 аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ (ратификатсия) шудааст ва минбаъд қисми таркибии системаи ҳуқуқии давлати мо-тоҷикон ба шумор рафта, ҳамаи қонунҳои қабулгардида ба стандартҳои байналмилалӣ мутобиқ гардонида шуда истодаанд.

Қонунҳо, фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарорҳои Ҳукумат, ки дар давраи соҳибистиқлолии кишвар ба тасвиб расидаанд, гувоҳи гуфтаҳои боло ва диққати ҷиддии Сардори давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти мубориза бар зидди коррупсия мебошанд. Дар Паёмҳои ҳамасолаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Парлумони кишвар низ ба ин масъала диққати ҷиддӣ дода мешавад ва онҳо аз ҷониби ҷомеаи шаҳрвандӣ, ташкилотҳои давлатӣ ва табақаҳои гуногуни аҳолӣ пазируфта шуда, зина ба зина дар амал татбиқ мегарданд.

Чи тавре, ки ба ҳамаи мо маълум аст: Коррупсия яке аз масъалаҳои доғи рўзи тамоми мамлакатҳои ҷаҳони муосир, аз он ҷумла Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Аз рӯзи аввали соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаи мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, махсусан Президенти мамлакат барои паст намудани чунин падидаи номатлуб муборизаи беамони худро бурда истода ва нисбати ин масоил диққати махсуси худро додаанд.

Дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 25.04.2008 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба ин масъала чунин ибрози ақида намуда буданд: «Коррупсия дар қатори дигар зуҳуроти хавфноки ҷаҳони муосир асосҳои давлатдориро суст карда, садди роҳи инкишофи ҷомеа мегардад. Мубориза бар зидди ин падидаи нангин ва паст кардани он ба самти афзалиятноки сиёсати давлатӣ табдил ёфтааст.»

Коррупсия воқеан яке аз ҷиноятҳои хафноки сиёсие баҳисоб меравад, ки он барои амали гардидани барномаҳои иҷтимоию иқтисодии давлат монеъа барпо намуда намегузорад маблағҳои давлатӣ барои барномаҳои пешбинишуда амалӣ гарданд. Он метавонад нобоварии шаҳрвандонро нисбат ба давлату ҳукумат ва сиёсати пешгирифтаи он барпо намуда, минбаъд барои ҷинояткорӣ ва ба сари мақомотҳои қудрати омадани шахсони тасодуфӣ заминаи асосиро гузорад.

Мутафаккири бузурги Фаронса Ш.Л. Монтеске гуфта буд, ки «Дар натиҷаи амалҳои коррупсионӣ тартиботи хуби ҷамъиятӣ аз байн рафта, дастгоҳи давлатӣ фалаҷ ва ба як чизи бекора мубаддал мешавад».

Коррупсия феълан падидаи иҷтимоиест, ки дар тафаккури ҷамъиятӣ низ фаҳмиш ва тафсири якхела надорад. Имрӯзҳо муносибати шаҳрвандон бо коррупсия гуногун буда, онро бо ришва, сӯиистифода аз мансаб, пораситонӣ, судхӯрӣ, хушомад задан ва ғайра мешуморанд. Бовуҷуди ин ҳама новобаста аз зиёд будани фаҳмиш ва нуқтаи назари гуногун нисбати коррупсия, аксарияти одамон дар он ақидаанд, ки ин амал ҳамчун зуҳуроти манфӣ пояҳои ҷомеаро вайрон намуда, таҳаввулоти ҷомеаро зери хатар мегузорад, вазъияти ахлоқии одамонро хароб ва ба пайвасти институтҳои давлатӣ бо доираҳои ҷиноятӣ ва коҳиш ёфтани боварии мардум нисбати мақомоти давлатӣ оварда мерасонад.

Имрӯзҳо доираи коррупсия васеъ гашта, ба соҳаҳои гуногуни фаъолияти ҷомеа, аз ҷумла ба сиёсат, иқтисодиёт, иҷтимоиёт ва ахлоқ бетаъсир буда наметавонад. Барои муборизаи самаранок бар зидди коррупсия тадбирҳои комплексиро аз қабили иқтисодӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ, ҳуқуқӣ ва ахлоқӣ андешидан зарур аст.

Бояд тазаккур дод, ки коррупсия асосан ба фаъолияти давлат ва мақомоти он алоқаманд буда, ин зуҳурот аз рӯзи пайдоиши давлат то ин дам ҳамқадами он мебошад. Суоле ба миён меояд, ки барои чӣ ин тавр аст? Ба ин савол ҷавоб хеле оддист, зеро давлат ва мақомоти он ин ё он вазифаҳои амрдиҳиву танзимкунии муносибатҳои ҳуқуқиро дар ихтиёр дошта, буҷет ва дигар захираҳои моддиро ихтиёрдорӣ мекунанд, ки бевосита барои ба вуҷуд омадани коррупсия замина шуда метавонад.

Вобаста ба ин Президенти кишвар ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 30-юми апрели соли 2001 чунин баён намуда буданд: «Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои дахлдор вазифадоранд, ки иҷрои санадҳои зидди коррупсиониро таъмин намоянд. Зеро дар бисёр ҳолатҳо коррупсия метавонад афзоиши иқтисодиётро боздорад».

Яке аз муҳимтарин самтҳои аксуламал бо коррупсия ба миён овардан ва такмили заминаҳои ҳуқуқӣ мебошад.

Аввалин заминаи ҳуқуқиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон оиди мубориза алайҳи ин падидаи номатлуб ин фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 – уми июли соли 1999 № 1262 «Дар бораи тадбирҳои иловагии пурзӯр намудани мубориза бар зидди ҷинояткорӣ дар соҳаи иқтисод ва коррупсия (ришвахурӣ)» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» 11 декабри соли 1999 қабул шуда, аз 25 июли соли 2005 дар таҳрири нав ба тасвиб расид, ки ба талаботи Конвенсияи СММ зидди коррупсия мутобиқ гардонида шудааст, ба давраи сифатан нави мубориза бо коррупсия ибтидо гузоштааст.

Бо мақсади сарфакорона ва босамару мақсаднок истифода намудани маблағҳои буҷет мақомотҳли махсуси давлатӣ таъсис дода шудааст. Роҳбарият ва кормандони мақомот барои ошкор ва пешгирӣ намудани амалҳои коррупсионӣ такони ҷиддие хоҳанд бахшид.

Махсус таъкид менамоям, ки пешгирӣ ва мубориза бар зидди коррупсия кори дастаҷамъонаи аҳли ҷомеа буда, барои решакан намудани он тамоми ҷомеаи шаҳрвандӣ бояд бетараф набошад.

Ёрмамадова С.Г., н.и.х., дотсенти кафедраи химияи татбиқии факултети химияи ДМТ