КОНСТИТУТСИЯ РОҲНАМОЕСТ БАРОИ ИМРӮЗУ ФАРДОИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТ

105

Мардуми Тоҷикистони соҳибистиқлол баробари қабули аввалин Конститутсияи худ озодӣ ва ҳуқуқи инсонро муқаддас ва бунёди ҷомеаи адолатпарварро вазифаи худ эълон карда, унсурҳои асосии ҷомеаи шаҳрвандиро муайян намуд. Бо қабули ин ҳуҷҷати тақдирсоз таъмини волоияти қонун ва рушди тамоми соҳаҳо дар Тоҷикистон таъмин гардида, баҳри пешрафти самтҳои гуногуни ҷомеа шароити мусоид фароҳам оварда шуд.

Ин нукта имрӯз (03.11.2023) зимни баргузории ҳамоиши тарбиявии факултети химияи Донишгоҳи миллӣ баён шуд. Дар кори ҳамоиш сардори РК ва КМ-и донишгоҳ Тавқиев Э., мудири шуъбаи таъминоти ҳуқуқ Муминзода Н. ва омӯзгори факултети ҳуқуқшиносӣ Муминзода М. иштирок намуданд. Ҳамоиш бо сухани муқаддимавии декани факултет Файзуллозода Э. оғоз ёфт.

Зимнан гуфта шуд, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳнамоест барои имрӯзу фардои давлату миллат. Конститутсияи Тоҷикистон истиқлолияти давлати тоҷиконро ба расмият дароварда, асосҳои сиёсиву ҳуқуқӣ ва самтҳои асосии таҳкиму пешрафти ояндаи онро мутобиқи меъёрҳои эътирофшудаи муосир муайян сохт.