КОНФЕРЕНСИЯИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ: АЗ МАСЪАЛАҲОИ МУОСИРИ ИЛМИ ХИМИЯ ТО ФАЪОЛИЯТИ ОЗМОИШГОҲИ «ПЕПТИД»

367

Имрӯз (14.05.2021) бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 60-солагии таъсисёбии кафедраи химияи органики Донишгоҳи миллӣ дар пояи факултети химияи донишгоҳ дар мавзӯи «Масъалаҳои муосири химия, татбиқ ва дурнамои онҳо» конференсияи байналмилалии илмию амалӣ баргузор гардид.

  Қаблан ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. бо ҳамроҳии академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Мирсаидов У.М., Озмоишгоҳи илмӣ-таҳқиқотии «Пептид»-и донишгоҳро, ки бо қарори Шӯрои олимони донишгоҳ ба номи поягузори он, доктори илмҳои химия, профессор Ширинбек Холиқов гузошта шудааст, мавриди истифода қарор доданд. Зимнан гуфта шуд, ки иқдоми мазкур ба хотираи гиромидошти профессор Ш. Холиқов тарҳрезӣ шудааст. Озмошгоҳ аз 2 ҳуҷра иборат буда, дар яке аз он китобҳои устод, маҷалаҳои илмӣ ва дигар маводе, ки ба самти омӯзиши химияи органикӣ марбут аст, ҷойгир шудааст. Ҳуҷраи диагр бошад бо мавод, асбоб ва зарфҳои химиявӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст, ки он барои гузаронидани корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ равона шудааст. Озмоишгоҳи мазкур соли 1978 бо ташаббуси шодравон Ш. Холиқов ташкил шуда буд ва то ҳол дар он зиёда аз 20 рисолаҳои докториву номзадӣ омода ва дифоъ шудаанд.

Баъдан дар толори калони факултет бо иштироки меҳмонон аз сохторҳои гуногуни илмию таълимии ҷумҳурӣ конференсия доир гардид.

Нахуст ректори донишгоҳ Хушвахтзода Қ.Х. дар робита ба муҳимияти ба номи устод Ш. Холиқов гузоштани Озмоишгоҳи илмӣ-таҳқиқотии «Пептид»-и донишгоҳ суханронӣ намуда, афзуд, ки: «Озмоишгоҳ дастранҷи олимони барҷастаи факултети химия буда, дар остонаи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рост омада, туҳфаи арзандаест ба аҳли илми кимиёи кишвар мебошад».

Дар кори конференсияи мазкур президенти Академияи таҳсилот, академик Бобизода Ғ.М., академикони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Мирсаидов У.М., Холиқов Ҷ.Х., муовини ректор оид ба илм ва инноватсия Сафармамадзода С.М., декани факултети химия, дотсент Файзуллозода Э.Ф., директори институти илмию таҳқиқотӣ, профессор Раҷабов С.И., мудири кафедраи химияи органикӣ, дотсент Қодиров М.З., професори кафедраи химияи физикӣ ва коллоидӣ Раҳимова М. ва дигарон суханронӣ намуданд.

Ёдовар мешаваем, ки тибқи нақша ба конференсияи мазкур зиёда аз 80 мақолаи илмии олимони дохил ва хориҷи кишвар вобаста ба бахшҳои гуногуни химиявӣ пешниҳод шудааст, ки тӯли 2 рӯз дар бахшҳо (Бахши 1: «Масъалаҳои мубрами химияи органикӣ ва биохимия», бахши 2: «Дастовардҳои муосири илмҳои дақиқ, саҳми онҳо дар ҳалли мушкилоти экологӣ», бахши 3: «Синтез ва таҳқиқи пайвастҳои комплексӣ бо лигандҳои органикӣ» ва бахши 4: «Усулҳои муосири таълим дар илмҳои дақиқ») мавриди муҳокима ва баррасӣ қарор мегиранд.

Ҳамзамон, бо дастгирии Раёсати донишгоҳ ба хотири хизматҳои гуногунҷабҳаи устод Ш. Холиқов китобе бо унвони «Родмарде дар ҷодаи илми химия” ва вобаста ба 60-солагии фаъолияти пурсамари кафедраи химияи органикӣ китобе бо номи “Кафедраи химияи органикӣ: 60 зинаи камолот” аз чоп баромаданд.