КИТОБИ ТАЪРИХӢ

477

Ба истиқболи 60-умин солгарди таъсисёбии факултети химияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо ибтикори садорати факултет бо унвони «Факултети химия: дирӯз, имрӯз, фардо» зери назари академик Имомзода М.С. ва профессор Хушвахтзода Қ.Х. китоби таърихие чоп шуд. Китоби мазкур фаъолияти илмию таълимӣ ва ҷамъиятию роҳбарии устодону кормандони факултетро дар бар гирифта, аз 288 саҳифа иборат мебошад.

Ёдовар мешавем, ки китоби «Факултети химия: дирӯз, имрӯз, фардо» дар самти омӯзиши таърихи факултет ва ҷанбаҳои илмию таълимии он муфид мебошад.