ИСТИҚЛОЛИЯТ ДАСТОВАРДИИ НОДИРИ МИЛЛАТ

235

Дар таърихи навини мардуми шарафманди тоҷик ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ дастоварди беназиру бузург ва муқаддастарин мебошад. Ин дастоварди нодир танҳо бар пояи пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ зуҳур накардааст, балки ноил шудан ба он дар натиҷаи ҷоннисорию матонат ва сарсупурдагии фарзандони некному барӯманди миллатамон муяссар шудааст.

Бояд зикр намуд, ки баробари расидан ба истиқлолияти давлатӣ соҳаи маориф низ ба марҳилаи нав ва мураккабу масъулиятнок ворид гардид. Дар ин давра ҷумҳурӣ ба мушкилоти зиёди иқтисодию сиёсӣ ва иҷтимоию фарҳангӣ мувоҷеҳ гардид, ки соҳаи маориф аз ин шумор истисно набуд. Маорифи кишвар дар ҳолати вазнин қарор дошт, базаи моддӣ-техникӣ тақрибан набуд, аксар мактабҳо дар ҳолати садамавӣ, вайрону валангор қарор доштанд ва боғчаю кӯдакистонҳо тамоман кам ва аз фаъолият бозмонда буданд. Танҳо заҳмату талошҳои шабонарӯзӣ ва ғамхориҳои падаронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар сиёсати маорифпарваронаи худ соҳаи маорифро соҳаи калидӣ, сратегӣ, сарнавиштсозу афзалиятнок эълон намуданд, боис гардид, ки ин соҳа рӯ ба беҳбудӣ ва пешравӣ оварад.

Ҳукумат барои ислоҳи вазъи ногувор дар бахши маориф аз буҷети давлатӣ маблағҳои мақсаднок ҷудо карда, барои ҷалби кӯдакон, омӯзгорону мураббиён тадбирҳои иловагӣ роҳандозӣ намуд. Он асосан ба мустаҳкам кардани пояҳои моддию техникии муассисаҳои таълимӣ равона гардида, сохтани мактабҳои нав, таъмиру тармими биноҳои куҳна, сохтани синфхонаҳои иловагӣ ва толору майдончаҳои варзишӣ, бо васоити зарурӣ таъмин намудани мактабҳо дар маркази таваҷҷуҳи Ҳукумат қарор гирифт.

Таъмини сулҳу субот ва истиқрори сиёсӣ ба болоравии сатҳи иқтисодиёт ва татбиқи бештари сиёсати иҷтимоӣ дар ҷумҳурӣ мусоидат намуд. Ҳамин буд, ки маблағгузории соҳаи маориф аз ҳисоби буҷети ҷумҳурӣ ва дигар манбаъҳои маблағгузорӣ сол ба сол афзоиш ёфтан гирифт ва аз 41 млн. сомонии соли 2000 дар соли 2021 ба 5597083 ҳазор сомонӣ расонида шуда, дар соли 2022 боз ҳам афзун ёфта, ба 6 миллиарду 304 миллион сомонӣ расид, ки 19 фоизи ҳаҷми хароҷоти буҷети давлатиро ташки медиҳад.

Умуман, дар 31 соли соҳибистиқлолӣ бунёд кардану таъсис додани 32 муассисаи таҳсилоти олӣ, 41 муассисаи таҳсилоти ибтидоиву миёнаи касбӣ ва 3246 мактаб, аз ҷумла 156 муассисаи таълимии типи нав ва 300 муассисаи томактабӣ далели рушани иқдомоти созандаи Ҳукумати мамлакат мебошад.

Қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» дар соли 1993 ва таҳрирҳои минбаъдаи он дар солҳои 2004 ва 2013 ҳамчун идомаи кӯшишҳои ислоҳотхоҳона дар соҳаи маориф арзёбӣ мешавад.

Дар ин санад, вобаста ба талаботи муосир, самтҳои навсозии низоми маорифи миллӣ муайян карда шуданд, ки то имрӯз идома меёбанд. Қонуни мазкур тамоми ҷанбаҳои маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар шароити Истиқлолияти давлатӣ фаро гирифта, принсипҳои сиёсати давлатиро дар рушди низоми маорифи кишвар муайян намуд. Аз ҷумла:

– ҷанбаи башардӯстонаи маориф, авлавияти арзишҳои умумиинсонӣ, ҳаёт ва рушди озоди шахсият, саломатии инсон. Тарбияи ҳисси шаҳрвандӣ, эҳтиром ба ҳуқуқу озодии инсон, меҳнатдӯстӣ, муҳаббат ба оила, Ватан ва муҳити атроф;

– ягонагии фазои таълимӣ ва фарҳангӣ. Ҳифз ва рушди низоми маорифи миллӣ, анъанаҳои фарҳангӣ ва вижагиҳо дар шароити давлати сермиллат;

– дастраси умум будани таҳсилот, мутобиқати низоми маориф бо сатҳ ва хусусиятҳои рушд ва тайёрии хонандагон;

– ҷанбаи демократӣ, давлатӣ-ҷамъиятии низоми идораи маориф ва мухторияти муассисаҳои таълимӣ;

– ҷанбаи дунявӣ доштани маориф, озодӣ ва гуногунандешӣ дар раванди таълим ва ғайра.

Қобили қайд аст, ки дар рӯзгори пурсаодати мо, ки кишвари азизамон дар фазои сулҳу ваҳдати комил, озодиву истиқлолият зери роҳбарии одилона ва оқилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат-Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба пеш, ба сӯи бунёдкориву созандагӣ ва фатҳи қуллаҳои нав ба нав дар ҳамаи соҳаҳо қадамҳои устувор мегузорад ва саноатикунонии босуръати кишварро ҳадафи чоруми миллӣ қарор додаем, омӯзиши илмҳои дақиқ моҳияту аҳмияти хоса касб кардаанд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат-Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳои хеш пайваста доир ба ҷалби наврасону ҷавонон ба омӯзишу рушди фанҳои дақиқ ҳарф мезананд. Аз ҷумла, дар мулоқот бо олимону аҳли зиёи кишвар 18.03.2020 Пешвои муаззами миллат қайд намуданд: “Мо дар доираи рушди илмҳои муосир саноатикунонии босуръати кишварро ҳадафи чоруми стратегии мамлакат эълон намудем. Дар ин раванд, мақсад дорем, ки истифодаи технологияҳои муосирро дар тамоми соҳаҳои иқтисоди миллӣгустариш дода, тафаккури техникии аҳолӣ, дар навбати аввал, ҷавононро тақвият бахшем, барои пешрафти илмҳои бунёдӣ ва техникиву технологӣ фазои мусоид фароҳам оварем. Маҳз бо ҳамин мақсад мо солҳои 2020-2040-ро бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиӣ, дақиқ ва риёзӣ эълон кардем ва бовар дорем, ки ин иқдом ба рушди тафаккури техникӣ ва тавсеаи ҷаҳонбинии илмии ҷомеа такони ҷиддӣ мебахшад».

Вобаста ба пешниҳоди болозикри Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Қарори Ҳукумати Тоҷикистон “Дар бораи нақшаи чорабиниҳо барои солҳои 2020-2025 ҷиҳати татбиқи “Бистсолаи омӯзиш ва рушди илмҳои табиӣ, дақиқ ва риёзӣ эълон намудани соҳои 2020-2040” қабул гардид, ки тибқи он дар марҳалаи аввал таҳия ва татбиқи Барномаи мақсадноки давлатии рушди илмҳои табиӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф барои давраи то соли 2030 ва Барномаи таъмин намудани муассисаҳои таълимӣ бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ барои солҳои 2021-2025 ба нақша гирифта шудааст.

Имрӯз шиори зиндагии ҳар фарди соҳибдилу оқил ва ҳар хонадон бояд “Дар саноатикунонии босуръати кишвар бо меҳнати ҳалолу бунёдкорона саҳм мегузорем”, гардад.

Боиси фараҳмандист, ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 январи соли 2022, №309 солҳои 2022-2026 “Солҳои рушди саноат” эълон карда шуд, ки низ аз ғамхориҳои Сарвари кишвар нисбати халқу ватан дарак медиҳад.

Хуллас, дар солҳои соҳибистиқлолии ватан маорифи миллӣ боз ҳам рӯ ба рушд намуда, мақому манзалати устоду муаллим хеле боло рафт, ки он ҳама аз ғамхориҳои Раҳбари давлат-Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва боварию эътимод ба кормандони соҳа дарак медиҳанд. «Давлату Ҳукумат ба шумо эътимоди комил дорад, зеро инсоният ба омӯзгор ҳамеша ниёз дошту дорад. Маҳз муаллим аст, ки доимо меомӯзад ва он чӣ андӯхтааст, ба дигарон таълим медиҳад. Миллате, ки омӯзгори асил надорад, ҳеч гоҳ ба ягон мартаба намерасад. Ифтихор ва сари баланди мост, ки тоҷикон аз қадим соҳиби китобу қалам, илму маърифат ва олиму омӯзгор буданд, ҳастанд ва дар оянда низ хоҳанд монд», -гуфтааст Сарвари кишвар.

Мо, олимон, омӯзгорон ва умуман аҳли зиёи кишвар, бояд гуфтаҳои Пешвои муаазами миллатро сармашқи кору фаъолияти худ қарор дода, дар рушду инкишофи кишвари азизамон саҳми сазовор гузорем.

Раҷабзода Сироҷиддин Икром-доктори илмҳои химия, профессори кафедраи химияи органикии факултети химияи ДМТ