II ОЛИМПИАДАИ БАЙНАЛХАЛҚИИ ИНТЕРНЕТӢ АЗ ФАННИ ХИМИЯ

106

Рӯзҳои 14-17 ноябри соли 2023 дар Донишгоҳи давлатии Туркманистон ба номи Махтумкулӣ Олимпиадаи II байналмилалии интернетӣ аз фанни химия баргузор гардид. Дар олимпиадаи мазкур 5 нафар донишҷӯёни факултети химияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар баробари 540 донишҷӯ аз 76 муассисаи таҳсилоти олӣ, аз 23 кишвари хориҷӣ, аз қабили Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Озарбойҷон, Ҷумҳурии Узбекистон, Ҷумҳурии Беларус, Туркия, Покистон, Қирғизистон, Арманистон, Словакия, Чехия, Кореяи Ҷанубӣ, Ҷумҳурии Халқии Хитой, Венгрия, Дания, Британияи Кабир, Шри-Ланка, Аморати Муттаҳидаи Араб, Ҷумҳурии Федеративии Олмон, Австрия ва Япония иштирок намуда, 3 нафари онҳо:

Мираҳимов Азизбек-донишҷӯи курси 4-уми факултети химияи ДМТ, сазовори ҷойи 2-юм;

Назарзода Амир -донишҷӯи курси 4-уми факултети химияи ДМТ, сазовори ҷойи 3-юм;

Бобохонов Муҳаммадҷон-донишҷӯи курси 4-уми факултети химияи ДМТ, сазовори ҷойи 3-юм гардиданд.

Раёсати Донишгоҳи миллии Тоҷикистон донишҷӯёни мазкурро барои ғолибият дар олимпиадаи байналхалқии мазкур табрик намуда, ба фаъолияи минбаъдаашон муваффақиятҳои пайвастаро таманно дорад.