ИҶЛОСИЯИ ТАҚДИРСОЗИ МИЛЛАТ ВА ПЕШВОИ МИЛЛАТ

295

Дар таърихи давлатдории навини тоҷикон Эмомалӣ Раҳмон шахсиятест, ки на танҳо дар ташаккулу таҳаввули таърихи давлатдории соҳибистиқлоли тоҷик ва ҳастии имрӯзу фардои Тоҷикистон, балки барои эҳё намудани падидаҳои неку писандида ва арзишҳои волои фарҳангии ниёгонамон хизматҳои барҷаста кардааст.

Эмомалӣ Раҳмон чун шахсияти барҷаста вақте ба майдони сиёсат ворид шуд, миллати тоҷик парешон ва кишвар дар вартаи ҳалокат қарор дошт. Паёми нахустини мавсуф аз Иҷлосияи тақдирсози XVI Шӯрои Олии Тоҷикистон, ки 16-уми ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоби шаҳри бостонии Хуҷанд барпо гардида буд, сарҷамъ намудани миллати тоҷик ва хотима бахшидани ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон буд. Мардуми кишварамон суханони таърихии Эмомалӣ Раҳмонро, ки гуфта буд: “Ман барои Шумо сулҳ меоварам”, «То вақте ки як фарди миллат дур аз Ватан ва дар ғурбат қарор дорад, ман худро орому хотирҷамъ намеҳисобам», “То ки бошам барои миллатам, барои халқам, барои давлатам хизмат мекунам” хуб дар хотир доранд. Он замон Ҷумҳурии Тоҷикистон бениҳоят рӯзҳои сахту душвору даҳшатборро аз сар мегузаронд. Ҷангу низоъҳои хунин миёни тоҷикон боиси хисороти зиёди моливу ҷонӣ гардида, ба якпорчагии мамлакат ва ҳастии миллати тоҷик таҳдид мекард. Вале 16-уми ноябри соли 1992 ба дили мардум умеди нек ба ояндаи дурахшонро овард. Раиси Шӯрои Олӣ мардумро ба муттаҳидӣ ва аз ҳар гушаи кишвар ва берун аз онро сарҷамъ намуда чунин ҳарф мезад. “Биё тоҷик, Ватан хонаи шумо ҳаст”. Чӣ қадар мушкилу хатарнок буданд ҳамон солҳо. Бо вуҷуди ин қадар нотинҷию нооромиҳо бо тадбирҳои хирадмандона ва матонату ҷасорати фавқулода кишвари азизамонро аз вартаи фалокат ва ҳалокат берун овард, мардуми парешонро сарҷамъ намуд ва садҳо ҳазор гурезагонро ба ватан баргардонид. Бо иродаи Сардори давлат дар як муддатӣ кӯтоҳ харобаҳо ба ободӣ табдил ёфта, иншооти азим ба вуҷуд омадаанд, барои ба ҳам пайвастани тамоми гӯшаву канори мамлакат шоҳроҳҳо кушод, барои робита бо кишварҳои хориҷӣ роҳҳои бузурги мошингард сохта шуданд.

Хизмати арзандаи дигаре, ки Президенти кишвар ба сомон расонид, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ аст. Бо пеш гирифтан ва амалӣ намудани ин сиёсат Сарвари мамлакат тавонист, алоқаҳои миёни тоҷиконро боз ҳам қавитар ва мутамарказияти давлатдориамонро мустаҳкамтар созад. Имрӯз низ ин сиёсати босамар идомаи худро дорад. Кӯшишҳои Сарвари кишвар барои баромад намудан аз минбарҳои бузург бозгӯи ин гуфтаҳост. Дар умум Сарвари кишварамон бо сиёсати пешгирифтаи худ бар он мекӯшад, ки иқтисоди кишварамон боз ҳам рушд ёбад ва Тоҷикистон ба қатори кишварҳои пешрафта ворид гардад.

Пешвои муазами миллатамон Эмомалӣ Раҳмон ҷонибдори он аст, то ҳар шаҳрванди кишвар худшиносу худогоҳ бошад ва дар ободии кишвари азизамон, ки хонаи умумии ҳамаи тоҷикистониён ва тоҷикони бурунмарзӣ аст, саҳмгузор бошад.

Эмомалӣ Раҳмон дар интихоботи Президентии соли 1994, 1999, 2006 ва 2013 ба мақоми Президенти ҶТ комёб шуд. 15 апрели соли 2016 “Рӯзи Президенти Тоҷикистон”-ро Парлумон тасдиқ кард.

Декабри соли 2016 Қонун “Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат”-ро ду палатаи парлумони Тоҷикистон ба тасвиб расонид. Ин Қонун аз муқаддима ва 16 модда иборат аст.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромадҳои хеш, аз ҷумла Паёмҳои ҳамасола доир ба тарбияи ҷавонон, худогоҳӣ ва худшиносии миллӣ суханрониҳо намуда таъкид менамоянд, ки “Раванди худогоҳиву худшиносии мардуми кишвар густариши тоза пайдо карда, ҳисси ифтихори миллӣ, эҳсоси ватандӯстӣ ва ватанпарастӣ ба пояи сиёсати давлатӣ бардошта шуд”.

Чуноне маълум аст барои Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳае нест, ки аз пеши назарашон дур монда бошад. Пас ҳар як фарзанди босадоқати мамлакатро мебояд, ки гуфтаҳоро ӯро шиори рӯзмарраи худ намуда, нагузорад, то нохалафе ба мақсадҳои ғаразноки худ расад. Шукронаи даврони истиқлол намуда, кӯшиш ба харҷ диҳем, то барои рушди иқтисоди кишвар ва устувории пояи сулҳу ваҳдат, саҳми арзанда худро гузорем.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ба талошҳои Пешвои худ дар арсаи байналмилалӣ ҷойгоҳи устувор пайдо кардааст. Имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон бо зиёда 128 кишвари ҷаҳон муносибатҳои дипломатӣ барқарор намуда, зиёда аз 150 давлат истиқлолияти мамлакати моро эътироф мекунанд. Кишвари мо ба узвияти созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ пазируфта шуда, узви комилҳуқуқи беш аз 51 созмони байналмилалӣ, минтақавӣ ва ниҳодҳои байналмилалии молиявӣ мебошад ва бо аксари мамлакатҳои ҷаҳон робитаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ барқарор кард.

Бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, такмили захираи луғавӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ миёни аҳолии кишвар, аз ҷумла хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, баъд аз муассисаҳои таҳсилоти касбӣ (магистрҳо, аспирантҳо, докторантҳо, ходимони илм), калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун, омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, кормандони фарҳангу санъат ва дигар табақаҳои аҳолӣ дар Тоҷикистон таҳти сарпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миёни қишрҳои гуногуни ҷомеа ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2020 озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» -ро эълон намуд.

Бо мақсади амалисозии «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» (солҳои 2020-2040) ва ҷиҳати рушди тафаккури техникӣ, васеъ намудани ҷаҳонбинии илмӣ, дастрасӣ пайдо намудан ба техникаву технология, тавсеаи ихтироъкорӣ ва навоварӣ, пайвасти илм бо истеҳсолот, ҷалби бештари хонандагону донишҷӯён ва дигар қишрҳои ҷомеа ба омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин дарёфти истеъдодҳои нав дар ин самт, ҳамасола озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» баргузор мегардад, ки ин низ нишонаи фарҳ ангдустӣи пешвои муазами миллат мебошад.

Ба мақсади эҳё намудани таърихи гузаштагони халқи тоҷик Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тасим гирифтааст, китоби таърихии «Тоҷикон»-и қаҳ рамони халқи тоҷик Бобоҷон Ғафуров-ро аз ҳисоби буҷаи худ чоп намуда, ки ба ҳар як оилаи тоҷик ва тоҷикистониён тақдим намояд.Дар умум бояд зикр кард, ки хизматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон назди миллатамон хеле бузург аст ва моро зарур аст, ки ҳамеша онро қадрдонӣ намоем, ба қадри сулҳу осоиштагӣ бирасем.

н.и.х., дотсенти кафедраи химияи ғайриорганикии факултети химияи ДМТ Абдулҳаева М.И.

н.и.х., дотсент, муовини декан оид ба илм ва робитаҳои байналмиллалии факултети химияи ДМТ Ҷурабеков У.М.