
Имрӯз (23.10.2025) дар факултети химияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Химияи таҳлилӣ ва аҳамияти он дар рушди илмҳои табиатшиносӣ ва техникӣ» баргузор гардид.
Конференсия бо сухани муқаддимавии муовини ректори Донишгоҳи миллӣ оид ба илм ва инноватсия, профессор Сафармамадзода С.М. ва декани факултети химия, дотсент Файзуллозода Э. оғоз ёфт. Дар суханрониҳои ифтитоҳӣ таъкид гардид, ки химияи таҳлилӣ яке аз самтҳои муҳими илмҳои табиатшиносӣ ба ҳисоб рафта, нақши калидӣ дар рушди илмҳои техникиву муҳандисӣ, саноат, экология ва тандурустӣ дорад.
Дар ҷараёни ҳамоиш муҳаққиқон, устодон ва донишҷӯёни муассисаҳои олии кишвар, инчунин меҳмонони хориҷӣ аз донишгоҳҳои пешқадами кишварҳои дигар маърӯзаҳои илмӣ пешниҳод намуданд.
Зимнан қайд шуд, ки дар пешбурди соҳаи мазкур саҳми кафедраи химияи таҳлилии ДМТ назаррас аст. Кафедраи химияи таҳлилӣ, ки дар остонаи таҷлили 60-солагии фаъолияти пурсамари худ қарор дорад, дар тули ин солҳои зиёд саҳми арзанда дар тайёр намудани мутахассисони баландихтисос ва рушди соҳа гузоштааст. Устодону кормандони кафедра дар самтҳои гуногуни илми химия корҳои муҳими таҳқиқотӣ анҷом дода, бо муассисаҳои илмӣ ва истеҳсолии дохилу хориҷ ҳамкории судманд доранд.
Дар ҷараёни конференсия иштирокчиён аз фаъолияти илмию таълимии кафедра ва саҳми он дар боло бурдани сатҳи таҳқиқоти химиявӣ ва таъмини рушди устувори илмҳои табиатшиносӣ маърӯзаҳо ироа намуданд.








