ФАКУЛТЕТИ ХИМИЯИ ДМТ: РУШДИ ИЛМИ ХИМИЯ ДАР 30 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ

365

Файзуллозода Э.Ф. – н.и.х., дотсент, декани факултети химияи ДМТ

Дар сиёсати маорифпарварона ва хирадмандонаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавқеи илм ва омодасозии мутахассисони варзида дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ҷойгоҳи махсус дорад. Агар бо дидаи ибратбин ба раванди таҳкими Истиқлолияти кишвар дар тўли 30 сол бингарем, хоҳем дарёфт, ки ин давра – давраи инкишофи муназзами илму таҳсилот ба ҳисоб меравад.

Истиқлолият барои рушди илму таҳсилот имкониятҳоеро фароҳам овард, ки дар собиқа тасаввурашон гарон буд. Дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат дар бобати афзоиши макотиби олӣ ва омодасозии мутахассисони аз ҳар ҷиҳат донишманд, васеъ намудани доираи таҳқиқоти ба кашфи сарватҳои табиӣ ва коркарди онҳо нигаронидашуда, наздик сохтани илм ба истеҳсолот, истифодаи дастовардҳои илмӣ барои беҳбуди иқтисоди миллӣ дар ҳама барномаю стратегияҳои давлатӣ ва консепсияҳои илман асосноккардаи рушди ҷомеа ва давлат инъикос ёфтааст.

Маводи пешниҳодшуда, фарогири маълумотҳои мухтасари таърихӣ, дастовардҳо, нишондодҳо ва фаъолияти илмию таълимии факултети химияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар замони 30 соли Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Лозим ба таъкид аст, ки зикр намоем солҳои 1991-2021, яъне марҳилаи 30 соли соҳибистиқлолии миллати тоҷик давраи рушд ва таҳаввулоти азим дар ҳаёти илмиву таълимии ҷумҳурӣ, аз ҷумла Донишгоҳи миллӣ ва сохторҳои он, яъне факултети химия ба шумор меравад. Дар ин давра донишгоҳ дар ҳама соҳаҳои фаъолияташ такомулоти ҷиддиро пушти сар кард. Гузариш аз усули анъанавии таълим ба низоми кредитӣ, таъсиси сохторҳои нави илмию таълимӣ, вусъат ёфтани равобити ҳамкорӣ бо даҳҳо марказҳои илмӣ ва донишгоҳҳои кишварҳои хориҷӣ, вобаста ба талаботи замон афзудани воҳидҳои сохторӣ, ихтисосҳо ва фанҳои таълимӣ маҳз дар марҳилаи 30 соли Истиқлолияти кишвар амри воқеъ шуд. Ғунҷоиш ёфтани ҳама паҳлуҳои ин таҳаввулот дар доираи як мақола амри маҳол аст. Аз ин рў, кушиш менамоем, ки танҳо ба муҳимтарин далелҳо, рўйдодҳо ва нишондодҳои факултет таваҷҷуҳ намуда, ба таври ҷомеъ рушди факултетро асосан дар соҳаҳои илму таҳсилот бозгў намоем.

Дар воқеъ, тўли 30 соли Истиқлолият олимону устодони факултети химияи Донишгоҳи миллӣ ҳамеша пайи таҳқиқоти илмӣ ва барномаҳои тадрисии хеш буда, мавқеъи илм ва таҳсилотро баланд бардошта, аз сиёсати хирадмандони Ҳукумати Тоҷикистон пайваста пуштибонӣ менамуданд.

Факултети химия агарчанде солҳои шастуми асри XX ба фаъолият шурўъ намуда бошад ҳам, давраи мустаҳкамкунии базаи моддиву техникии он асосан ба солҳои 1975-1985 рост меояд, аммо дар давраи Истиқлолияти кишвар ҳамаҷо¬ниба рушд карда, нишондод ва дастовардҳои илмиву таълимиаш афзун гашт. Дар лаҳазоти душвортарини марҳилаи ибтидоии Истиқлолият фаъолияти факултети химия қатъ нагарда, новобаста аз нарасидан ва кам будани маоши омўзгорон ва камшумор будани шогирдон фаъолият мавқуф гузошта намешуд. Аз оғози даврони Истиқлолият то кунун Раёсати донишгоҳ ба таври доимӣ ба раванди таълиму тадрис ва илму таҳқиқоти олимону устодони факултет таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамояд.

Дар замони 30 соли Истиқлолият 6 нафар устодон факултетро сарварӣ намудаанд, ки инҳоанд: солҳои 1991–2000-н.и.х., дотсент (баъдан д.и.х., профессор) Юсупов Зуҳуриддин Нуриддинович, аз 08.01.2000 то 15.05.2006-н.и.х., дотсент Қудратова Латофат Ҳусейновна, аз 15.05.2006 то 12.09.2007-н.и.х., дотсент Раҷабов Тоҷиддин Раҷабович, аз 12.09.2007 то 16.01.2008 – иҷрокунандаи вазифаи ва аз 15.12.2008 то 30.08.2019-н.и.х., дотсент Саидов Самир Сангинмуродович, аз 16.01.2008 то 15.12.2008-д.и.х., профессор Каримов Маҳмадқул Бобоевич ва аз 30.08.2019 то инҷониб н.и.х., дотсент Файзуллозода Эркин Фатҳулло.

Давоми 9 соли декании Юсупов З.Н. дар замони аввали Истиқлол, ки солҳои душворе дар таърихи миллати тоҷик аст, новобаста аз каму костиҳои замон факултети химия тавонист, нуфузи худро ҳифз намояд. Юсупов З.Н. дар таърихи факултет аввалин деканест, ки дастпарвари худи факултети химия буд. Новобаста аз он, ки соли 1992, авҷи муноқишоти дохилӣ дар ҷумҳурӣ буд, дар пояи факултет дар заминаи кафедраҳои химияи органикӣ ва усули таълими химия кафедраи пайвастаҳои калонмолекулӣ ва технологияи химиявӣ (мудир: д.и.х., профессор Кимсанов Бўрӣ Ҳакимович) ташкил гардид. Соли 1994 бошад, дар пояи лабораторияи илмию таҳқиқотии проблемавии элементҳои нодир ва парешон (радиохимия) кафедраи химияи татбиқӣ ва радионуклидҳо (мудир: н.и.х., дотсент Ҳомидов Баҳром Одинаевич) таъсис дода шуда, бинобар сабаби номусоидии вазъияти ҷумҳурӣ ва дигар омилҳо шуъбаи шабонаи факултет мавқуф гузошта шуд. Дар соли 1997, ки вазъият каме муътадил гардида буд, дар баробари ихтисоси 011000-химия, ихтисоси дигари равияи истеҳсолӣ 011001-химияи татбиқӣ бо шуъбаи рўзона ва ғоибона дар назди кафедраи навтаъсиси химияи татбиқӣ ва радионуклидҳо ташкил карда шуд. Ба ғайр аз ин, солҳои 1997-1998 дар факултет синфхонаи компютерӣ ташкил карда шуд, ки он бо якчанд компютерҳои насли якум ва сеюм таъмин карда шуда буд. Маҳз дар ҳамин давра факултет аз чопи ҳуҷҷатҳо бо мошинаҳои портатипӣ ба чопи рақамӣ бо компютер гузашт. Тағйир ёфтани мавзўъҳои илмӣ ва ба иқтисоду манфиатҳои ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон равона намудани онҳо маҳз дар даҳсолаи аввали Истиқлолият ба вуқуъ пайваст. Ташкили насли нави Стандартҳои ихтисосу нақшаҳои таълимӣ, ташкили зинаи таҳсилоти бакалаврият ва магистратура ҳамагӣ то солҳои 2000-ум омода ва қабул карда шуд.

Таҳияи Стандарти давлатии таълими маълумоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи тахассусҳо бо нақшаҳои таълимии дараҷаҳои академии мутахассис, бака¬лавриат ва магистрӣ таҳия ва аз ҷониби Хукумати ҶТ ва Вазорати маорифи ҶТ ба тасвиб расидан, ташкили ихтисосҳои 250400-Технологияи химиявии захираҳои энергетикии табиӣ ва маводи карбонӣ, бо касби химик-технолог дар назди кафедраи пайвастаҳои калонмолекулӣ ва технологияи химиявӣ (2001) ва 011002-Химия ва технологияи металлҳои ранга бо касби химик-технолог дар назди кафедраи химияи ғайриорганикӣ (2002), мустаҳкамкунии баззаи моддиву техникӣ, ишғоли ҷойҳои аввал ва ифтихорӣ дар Олимпиадаи донишҷўён байни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ, риоя ва назорати қатъии тартибу интизом, талабот нисбати коргузорӣ, таълим, тарбия ва ҳаракати донишҷўён, пайвасти компютерҳои синфхонаи компютерии факултет ба шабакаи ҷаҳонии Интернет, робита пайдо намудан бо корхонаҳои истеҳсолии кишвар ва дарёфти як миқдор мавод ва зарфҳои химиявӣ аз корхонаҳо, таваҷҷуҳ намудан ба таъмиру барқарор намудани системаи ҳавокаш, ба таври доимӣ бо об таъмин кардани лабораторияҳо, аҳамияти махсус додан ба фаъолияти илмиву таҳқиқотӣ ва омодакунии кадрҳои илмию педагогӣ, яке аз мақсадҳое буд, ки асосан дар даҳсолаи дуюми Истиқлолияти давлатӣ, яъне солҳои 2000-2010 рўи кор омад.

Даҳсоли сеюми соҳибистиқлолӣ солҳои 2010-2021 дар ҳаёти таълимиву илмии факултет аз тағйироти низоми таҳсил рост омад. Соли таҳсили 2009-2010 пурра қабули донишҷўён ба низоми таҳсилоти кредитӣ ба роҳ монда шуд. Дар ин муддат пояи моддию техникии факултет мустаҳкам гардида, чандин маротиба харидории асбоб, зарф, маводи химиявӣ сурат гирифтааст. Соли 2012 дар пояи факултет 2 лабораторияи таълимии муҷаҳҳаз бо лавозимоти зарурӣ дар назди кафедраҳои химияи ғайриорганикӣ ва органикӣ ба истифода дода шуда, ихтисосҳои 250400-Технологияи химиявии захираҳои энергетикии табиӣ ва маводи карбонӣ, бо касби химик-технолог ба 48010300-технологияи химиявии ба энергия шомили табиӣ ва маводи карбонӣ бо касби муҳандис-химик-технолог ва 011002-Химия ва технологияи металлҳои ранга бо касби химик-технолог ба 48010100-технологияи химиявии моддаҳои ғайриорганикӣ, мавод ва маҳсулот бо касби муҳандис-химик-технолог. Ворид намудани наслҳои нави компютерҳо, таъмир ва пурра иваз намудани компютерҳои синфхонаи компютерӣ бо мизу курсии замонавӣ, ташкили 2 синфхонаи лингафонӣ, ба шабакаи ҷаҳонии Интернет пайваст намудани компютерҳои утоқҳои кории устодону кормандон ва синфхонаи компютерӣ, ворид намудани видеопроектор ва тахтаҳои электронӣ ба факултет бо мақсади баланд кардани сифати таълим, зиёд кардани теъдоди маводи илмии чопшудаи устодону кормандон, ҳимояи рисолаҳои илмӣ, конференсияҳо ва дигар ҳамоишҳои илмиву таълимӣ ва тарбиявӣ низ рў ба афзоиш ниҳод. Вусъат ёфтани корҳои бунёдгарию ободонии факултет, авҷи густариши равобити байналмилалӣ маҳз дар ҳамин солҳо рост меояд. Якчанд маротиба тағйиру таҷдид намудани Стандартҳо, нақшаҳо ва барномаҳои таълимӣ, соли 2009 кафедраҳои химияи татбиқӣ ва радионуклидҳо ва усули таълими химия якҷоя шуда, бо номи кафедраи химияи татбиқӣ (мудир: н.и.х., дотсент Ҳусайнов А.Д.) тўли 3 сол фаъолият карда, бинобар сабаби номувофиқатӣ дар нақшаи таълимии ихтисоси назди кафедра (02040600-химияи татбиқӣ), соли 2012, кафедраҳои усули таълими химия (мудир: н.и.х., дотсент Холиқова Л.Р.) ва химияи татбиқӣ (н.и.х., дотсент Ҳусайнов А.Д.) боз ҳамчун кафедраҳои мустақил фаъолияташонро идома доданд. Соли таҳсили 2013-2014 дар назди кафедраи химияи таҳлилӣ қабули довталабон ба ихтисоси нави 1-54010300-усулҳои физикию химиявӣ ва асбобҳои назорати сифати маҳсулот (бо касби Муҳандиси сертификатсия) оғоз гардид. Соли таҳсили 2017-2018 бошад, шуъбаи ғоибона номи худро ба шакли таҳсили фосилавӣ тағйир дода донишҷўёнро аз рўи дараҷаи академии бакалаврият қабул намуд. Дар ин давра 11 нафар муҳаққиқон ва устодони ҷавони факултет ба Федератсияи Россия, Амрико ва Хитой барои гузаронидани корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва таҳсил фиристонда шуданд. Таъсиси Шўрои диссертатсионии миллӣ барои дарёфти дараҷаҳои илмии номзади илмҳо ва доктори илмҳо дар бахши химия ва технологияи моддаҳо санаи 18-уми январи соли 2017, моҳи феврали соли 2019 вазифаҳои муовини декан оид ба таълим дар шуъбаҳои рўзонаву ғоибона ва танзимгар пурра барҳамхурда, бар ивази он вазифаи мушовири академии дараҷаҳои якум ва дуюм ташкил карда шуд. Сол 2019 дар пояи факултет аввалин маротиба Барномаи дарозмудати рушди факултет қабул карда шуда, таҳияи насли нави Стандартҳои ихтисосҳои роиҷи факултет барои зинаи таҳсилоти академии бакалаврият, магистратура, ташкили ихтисосҳои нав дар зинаи магистратура ва докторантураи PhD, гузаштани ҳамаи ихтисосҳои факултет аз аккредитатсияи байналмилалӣ, ташкили лабораторияи таълимии замонавӣ дар назди кафедраи пайвастаҳои калонмолекулӣ ва технологияи химиявӣ, бо маблағи зиёда аз 500 ҳазор сомонӣ харидории асбобу лавозимоти муҳими химиявӣ, таъмиру барқарор намудани як зумра синфхонаву озмоишгоҳҳои мавҷудаи факултет, пурра таҷдиди назар намудани ҳамаи нақшаҳои таълимӣ, таваҷҷуҳи махсус зоҳир намудан ба раванди таълим, илм ва тарбия, таҳия ва қабули нақша-чорабиниҳои факултет бахшида ба 20-солагии омўзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, соли 2020 тағйирот ворид намудан дар сохтори кафедраҳои химияи ғайриорганикӣ, пайвастаҳои калонмолекулӣ ва технологияи химиявӣ ва химияи органикӣ, кушодани саҳифаи интернетӣ (сайт) ва суроғаи электронии факултет, тасдиқи нишон ва сохтори нави факултет, аввалин маротиба ғолиб омадани муҳаққиқони ҷавони факултет дар унверсиадаи байналмилаии Патентии Авруосиёгӣ, ишѓоли ҷойи якум дар озмуни љумҳуриявии “Илм-фурўғи маърифат”, таваҷҷуҳи махсус додан ба ҳимояи рисолаҳои докторӣ, чопи мақолаҳо дар Журналҳои бонуфузи Scopus ва Web of Science аз зумраи корҳои шоёни даҳсолаи охири 30 солагии Истиқлолият ба ҳисоб меравад.

Боиси тазаккур аст, ки қайд намоем кафедраи химия аз замони ташкилшавии донишгоҳ соли 1948 фаъолият карда, баъдан соли 1957 ба шуъбаи химия табдил дода шуда, қабули довталабонро оғоз намуд. То замони соҳибистиқлол шудани Ватани азизамон-Тоҷикистон факултети химия таърихи 32 сола дошт ва қабули довталабонро аз рўи 1 ихтисос «Химия» дар шуъбаҳои рўзонаву шабона ба роҳ монда, барои пешбурди фаъолияти таълимиву илмӣ 5 кафедра: химияи ғайриорганикӣ, химияи таҳлилӣ, химияи органикӣ, химияи физикӣ ва коллоидӣ ва усули таълими химия амал мекард. Айни ҳол факултет аз рўи 5 ихтисос дар шуъбаҳои рўзона ва ғобона довталаб қабул намуда, теъдоди кафедраҳо бошад ба 7 расидааст. Аз ҳайати устодону кормандони асоси (штати)-и унвони илмидор то замони Истиқлолият 2 нафар доктори илм, профессор буд: Ёқубов Ҳ.М. (соли 1982, рисолаи докториро дифоъ намудааст) ва Кимсанов Б.Ҳ. (соли 1987, рисолаи докториро дифоъ намудааст). Академики АИ РСС Тоҷикистон, собиқ ноиби президенти АИ РСС Тоҷикистон, Порошин Константин Титович ва академики АИ РСС Тоҷикистон, собиқ директори Институти химияи ба номи В.И.Никитини АИ РСС Тоҷикистон Нуъмонов Э.У. ба таври ҳамкор-профессори кафедраи химияи органикӣ як мудати муайян дар факултет фаъолият намудаанд, ки саҳми хеле бориз барои рушди факултет гузоштаанд. Теъдоди ҳимояи рисолаҳои номзадӣ бошад аз давраи таъсиси факултет то замони соҳибистиқлолӣ 60 нафарро ташкил медиҳад.

Дар замони 30 соли соҳибистиқлолӣ бошад 13 рисолаҳои докторӣ ва 91 рисолаи номзадӣ дар баззаи факултет омода ва дифоъ карда шуд, ки нисбат ба 32 соли қаблӣ 11 рисолаи докторӣ ва 31 рисолаи номзадӣ зиёд мебошад.

Баргузории конференсия ва ҳамоишҳои илмӣ то давраи Истиқлолият 35 то ва баъди Истиқололият бошад 47 то, чопи Монография 6 ва 28, Патент ва нахустпатент 105 ба 172, китоби дарсӣ 7 ва 42, воситаи таълимӣ ва дастури методӣ 23 ба 143. Омилҳои таъсиррасон ба баланд шудани нишондодҳо дар ҳама самт зиёд аст, аммо аз ҳама асосаш ин Истиқлолият ва Ваҳдати милливу сулҳу суботи комил дар кишвари азизамон Тоҷикистон мебошад.

Бо дастгирӣ ва фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як зумра устодони факултет бо мукофот ва ҷоизаҳои давлатӣ сарфароз гардонда шудаанд. Аз ҷумла бо Ордени “Шараф”: Кимсанов Бўрӣ, Юсупов Зуҳуриддин, Куканиев Муҳамадшо, Юсупов Тилло, Раҷабов Тоҷиддин, бо унвони фахрии “Корманди шоистаи Тоҷикистон” Аминҷонов Азимҷон, Холиқов Ширинбек, Алиева Савлат, бо медали “Барои хизмати шоиста” Ҳабибуллоева Октябрина, Азизқулова Онаҷон, Раҳимова Мубаширхон, Алиева Савлат, Суяров Қурбон, Бекназарова Назира, Давлатшоева Ҷаҳонгул, Сафармамадзода Сафармамад, Саидов Самир, бо Ҷоизаи давлатии ба номи А.И.Сино дар соҳаи илм ва техника Ваҳобова Раънохон, бо Ҷоизаи Президент дар соҳаи маориф Каримов Маҳмадқул, бо Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои олимону омўзгорони фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ Раҳимова Мубаширхон, бо Ҷоизаи ба номи И.Сомонӣ барои олимони ҷавон Каримов Маҳмадқул, Рузиев Ҷура, Норова Муаттара, Қурбонова Муқадас, Раҷабов Сироҷиддин, Мабатқадамзода Кимё ва Файзуллозода Эркин қадрдонӣ шудаанд.

Имрўз факултет дар заминаи шартномаҳои ҳамкориҳои байналмилаии Донишгоҳ имконияти табодули устодону муҳаққиқон ва донишҷўнро ба 162 муассисаи таълимию илмии кишварҳои хори¬ҷӣ, аз ҷумла, Ассотсиатсияи донишгоҳҳои АвруОсиё, Донишгоҳи СҲШ ва Донишгоҳи шабакавии ИДМ дорад. Соли 2016 Донишгоҳи миллӣ бо Донишгоҳи давлатии Беларус дар хусуси таъсиси факултети муштарак шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расонд, ки тибқи ин қарордод донишҷўён ду сол дар ДМТ ва ду соли боқӣ дар ДДБ таҳсил намуда, аз имтиёзҳои барои донишҷўёни беларусӣ муайяншуда баҳра мебардоранд, дар ин зимн 3 ихтисос вобаста ба самти химиявӣ таъсис дода шуд. Тибқи шартномаҳои марбута ҷиҳати хизматрасонии таҳсилотӣ дар замони Истиқлолият 87 нафар шаҳрванди хориҷӣ, аз ҷумла аз ҷумҳуриҳои Ўзбекистон, Исломии Афғонистон ва Эрон ба ҳайси аспирант, докторанти PhD, магистр ва донишҷў қабул карда шудааст.

Айни замон факултети химияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон яке аз маркази бузурги омодасозии мутахассисон бо тахассусҳои химиявӣ, муҳандисӣ ва технологӣ дар ҷумҳурӣ ба ҳисоб рафта, хатмкунандагонаш дар соҳаҳои гуногуни саноат ва истеҳсолоти кишвар фаъолияти пурсамар доранд. Зиёда аз 5500 нафар дастпарварони ин бopгоҳи илму маърифат дар пешрафти давлати соҳибихтиёри Тоҷикистон, ривоҷу равнақи соҳаҳои гуногуни иқтисоди миллӣ ва иҷтимоиёт, илму фарҳанги кишвар саҳми арзанда гузошта истодаанд.

АДАБИЁТ

1. Бобохонов М. Б., Комилов Р., Акрамов З. Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон (марҳилаҳои асосии таърихӣ: 1948-2008). – Душанбе: ЭР – граф, 2008. – 352 с.

2. Қосимова М., Талбакова Ҳ., Гулмуродзода П., Авғонова И., Искандарова Д. Олимони донишгоҳ.– Душанбе, 1998.– 362 с.

3. Министерство высшего и средного специального образования

Таджикской ССР. Таджикский государственный университет имени В. И. Ленина. Приказ «Об утверждении нагрузок профессорско-преподавателского состава 1978.-50с., 1979.-50с., 1980.-50с., 1981.-50с., 1982.-50с., 1983.-50с., 1984.-50с., 1985.-50с., 1986.-50с. учебный год»

4. Энсиклопедияи олимони Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон. – Душанбе, 2008.– 407 с.

5. Имомзода М.С., Сафармамадов С.М., Ҳ. Раҳмон, Қ. Расулиён.

Қосимов С.С. 25 зинаи камолот (Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар масири истиқлолият). – Душанбе: Эр-граф, 2016. – 766 с.

6. Файзуллоев Э.Ф. Факултети химия: дирўз, имрўз, фардо. Душанбе: Эр-граф, 2020. – 288 с.