БАХШИДА БА 75 СОЛАГИИ ДОНИШГОҲ

65

СОЛНОМАИ ФАКУЛТЕТИ ХИМИЯИ ДМТ

– соли 1948, ташкили кафедраи химия;

– соли 1948, ба сифати мудири кафедраи химия, декани факултети геологӣ-хокшиносӣ-география, профессор А.С. Раевский таъйин шудааст;

– соли 1952 факултетҳои биология ва геологӣ-хокшиносӣ-география якҷоя шуда бо номи факултети илмҳои табиӣ то соли 1966 фаъолият намудааст;

– аз сабаби он ки факултети химия аз ҳамин факултет ба вуҷуд омадааст, бинобарин сарварони факултетро, инҷо ёдовар мешавем:

-Иваненко И.Д. (1952 – 1953);

-Тверитнев Ф.Г. (1953–1958);

-Шукуров А.Ш. (1958–1963);

– солҳои 1952-1955 иҷрокунандаи вазифаи мудири кафедраи химия Лыскова Ю.Б. буд, он солҳо кафедра 3 нафар омӯзгор (Лыскова Ю.Б., Спешилова Т.В. ва Кузнецова А.Н.), 3 нафар лаборант (Власова А.С., Куприянова З.И., Проценко Л.В.) ва 1 нафар препаратор (М.В. Каримова), ки дар он солҳо ягон нафарашон унвони илмӣ надоштанд, фаъолият мекарданд;

– соли 1955, кафедраи химия 2 ҳуҷраи хурди корӣ дошт;

– соли 1955, ба ҳайси мудири кафедраи химия, н.и.х., дотсент Новиков А.И. таъйин мешавад;- соли 1956, ба Университети давлатии Тоҷикистон (ҳоло ДМТ) як миқдор журналҳои илмӣ бо якчанд бахшҳои химиявӣ, китобҳо, монографҳои илмӣ, асбобҳо, мавод ва зарфҳои химиявӣ ворид шудааст;

-соли 1957, дар назди факултети илмҳои табиӣ шуъбаи химия (кафедра ба шуъба табдил меёбад) ташкил карда шудааст;

– соли 1957, аввалин қабули довталабон бо ихтисоси 2018-химия (ҳоло 31050102-химия);

-соли 1957, мудири шуъбаи химия, н.и.х., дотсент Новиков А.И.;

– соли 1959, бо фармони ректор, академик Раҷабов С.Р. шуъбаи химия ба факултети химия табдил ёфтааст;

– аз 01.09.1959, факултети химия бо 115 нафар донишҷӯ дар ихтисоси 2018-химия фаъолияти худро оғоз кардааст;

– соли 1959, декани факултет химия, н.и.х., дотсент Раҷабова Хайрӣ Насриддиновна таъйин шудааст;

– соли 1959, дар назди факултет 1 кафедра, кафедраи химия боз аз нав ташкил шудааст;- соли 1959, мудири кафедраи химия, н.и.х., дотсент Новиков А.И. таъйин шудааст;

– соли 1960, дар баробари вазифаи мудирӣ, декани факултет, н.и.х., дотсент Новиков Александр Иванович таъйин шудааст;

– соли 1961, декани факултет, н.и.х., дотсент Даниленко Евгения Фёдоровна таъйин шудааст;- соли 1961, кафедраи химия (мудир: н.и.х., дотсент Новиков А.И.) ба ду кафедра: кафедраи химияи умумӣ (мудир: н.и.х., дотсент Новиков А.И.) ва кафедраи химияи органикӣ (мудир: н.и.х., дотсент Нӯъмонов И.У.) ҷудо шудааст;

– соли 1962, декани факултет, н.и.х., дотсент Зегелман Александр Барисович таъйин шудааст;

– соли 1963, кафедраи химияи умумӣ ба ду кафедра: кафедраи химияи таҳлилӣ ва радиохимия (мудир: н.и.х., дотсент Новиков А.И.) ва кафедраи химияи ғайриорганикӣ ва физикию коллоидӣ (мудир: н.и.х., дотсент Баситова С.М.) тақсим шудааст;

– соли 1964, кафедраи химияи ғайриорганикӣ ва физикию коллоидӣ ба кафедраҳои химияи ғайриорганикӣ (мудир: н.и.х., дотсент Баситова С.М.) ва химияи физикӣ ва коллоидӣ (мудир: н.и.х., муаллими калон Ёқубов Ҳ.М.) ҷудо шудааст;

– соли 1965 кафедраи химияи таҳлилӣ ва радиохимия ба кафедраи химияи таҳлилӣ (мудир: н.и.х., дотсент Новиков А.И.) ва лабораторияи илмӣ-таҳқиқотии радиохимия (мудир: н.и.х., дотсент Новиков А.И.) тақсим шудааст;

– соли 1966, дар назди факултет Хонишҳои синоӣ ташкил шудааст;

– соли 1968, декани факултет, н.и.х., дотсент (баъдан д.и.х., профессор-1984) Ёқубов Ҳомид Муҳсинович таъйин шудааст;

– соли 1968, аз бинои асосӣ ба бинои ҳозираи рақами 2, гузаштани факултет;

– соли 1969, кафедраи усули таълими химия (мудир: н.и.х., дотсент Азизов Н.А.) таъсис дода шудааст;

– соли 1969, калонтарин Системаи даврии Д.И.Менделеев муҷаҳҳазонида бо барқ дар толори калони химиявии факултет ташкил карда шудааст;

– солҳои 1972-1976, пойгоҳи моддиву техникии факултет ба дараҷаи аъло мустаҳкам карда шудааст;

– соли 1976, гурӯҳҳои илмии фармошӣ ташкил карда шудааст;

– соли 1982, дар заминаи лабораторияи илмӣ-таҳқиқотии радиохимия, шуъбаи проблемавии элементҳои нодир ва парешон (радиохимия) таъсис дода шудааст;

– соли 1989, декани факултет, н.и.х., дотсент (баъдан д.и.х., профессор -1998) Юсуфов Зуҳуриддин Нуриддинович таъйин шудааст;

– соли 1992, кафедраи пайвастаҳои калонмолекулӣ ва технологияи химиявӣ (мудир: д.и.х., профессор Кимсанов Б.Ҳ.) ташкил шудааст;

– соли 1994, шуъбаи илмӣ-таҳқиқотии проблемавии элементҳои нодир ва парешон (радиохимия) ба кафедраи химияи татбиқӣ ва радионуклидҳо (мудир: н.и.х., дотсент Ҳомидов Б.О.) табдил дода шудааст;

– соли 1997, ихтисоси 011001-химияи татбиқӣ (аз соли 2010 то 2014-02040600-химияи татбиқӣ, аз соли 2014 то 2021-31050101-химияи татбиқӣ ва аз соли 2021 то ҳол 31050101-химия (фаъолияти илмию истеҳсолӣ) ғоибона ташкил дода шудааст;

– соли 1998, синфхонаи компютерӣ ташкил дода шудааст;

– соли 2000, декани факултет, н.и.х., дотсент Қудратова Латофат Ҳусейновна таъйин шудааст;

– соли 2002, ихтисоси 250400-технологияи химиявии захираҳои энергетикии табиӣ ва маводи карбонӣ (аз соли 2013, 48010300-технологияи химиявии ба энергия шомили табиӣ ва маводи карбонӣ) ташкил карда шудааст;

– соли 2002, ихтисоси 011002-химия ва технологияи металлҳои ранга (аз соли 2013, 48010100-технологияи химиявии моддаҳои ғайриорганикӣ, мавод ва маҳсулот) ташкил карда шудааст;

– соли 2006, аввалин маротиба ғолиб (ҷойи якум) омадан дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ (донишҷӯи курси 3-юми факултет Баротов Б.Б.);- соли 2006 (15.05.2006 –12.09.2007), декани факултет, н.и.х., дотсент Раҷабов Тоҷиддин Раҷабович таъйин шудааст;

– соли 2007 (12.09.2007–16.01.2008), иҷрокунандаи вазифаи декан, н.и.х., дотсент Саидов Самир Сангинмуродович таъйин шудааст;

– соли 2008 (16.01.2008–15.12.2008), декани факултет, д.и.х., профессор Каримов Маҳмадқул Бобоевич таъйин шудааст;

– соли 2008 (15.12.2008 то 30.08.2019), декани факултет, н.и.х., дотсент Саидов Самир Сангинмуродович таъйин шудааст;

– соли 2009, кафедраҳои химияи татбиқӣ ва радионуклидҳо ва усули таълими химия якҷоя шуда, бо номи кафедраи химияи татбиқӣ (мудир: н.и.х., дотсент Ҳусайнов А.Д.) фаъолият кардааст;

– соли 2012, ду озмоишгоҳи таълимӣ ташкил карда шудааст;- соли 2012, кафедраи химияи татбиқӣ боз ба кафедраҳои усули таълими химия (мудир, н.и.х., дотсент Холиқова Л.Р.) ва химияи татбиқӣ (мудир, н.и.х., дотсент Ҳусайнов А.Д.) ҷудо шудааст;

– соли 2012, аввалин маротиба устоди факултет (Раҳимова М.) дар Форуми байналмилалӣ сазовори медали тилло гашт;

– соли 2013, ихтисоси 54010300-усулҳои физикию химиявӣ ва асбобҳои назорати сифати маҳсулот ташкил дода шудааст;

– соли 2016, ду синфхонаи лингафонӣ ташкил карда шудааст;

– соли 2017, шурои диссертатсионӣ таъсис дода шудааст;- соли 2019, вазифаи ҷамъиятии муовини декан оид ба таълим ва танзимгар барҳам хурда, ба вазифаи штатии мушовири академӣ табдил дода шудааст;

– соли 2019 (30.08.2019 то ҳол), декани факултет, н.и.х., дотсент Файзуллозода Эркин Фатҳулло таъйин шудааст;

– соли 2020, як озмоишгоҳи таълимӣ ташкил карда шудааст;- соли 2020, кафедраи пайвастаҳои калонмолекулӣ ва технологияи химиявӣ ба кафедраи технологияи истеҳсолоти химиявӣ (мудир: д.и.т., профессор Самиҳов Ш.Р.) тағйир дода шудааст;

– солҳои 2021 ва 2022, ихтисосҳои факултет аз аккредитатсияи байналмилалӣ гузашт;

– соли 2021, дар аввалин соли баргузории озмуни ҷумҳуриявии “Илм-фурӯғи маърифат” дар номинатсияи “Химия” ғолибият (ҷойи якум ва дуюм) ба даст оварда шудааст (Бобохонов М.Ф. ва Комили Қ.);

– соли 2022, вазифаи ҷамъиятии муовини декан оид ба корҳои тарбиявӣ ба вазифаи штатӣ табдил дода шудааст;

– соли 2022, вазифаи ҷамъиятии муовини декан оид ба илм ва робитаҳои байналмилалӣ ба вазифаи штатӣ табдил дода шудааст;

-соли 2022, дар ихтисоси 31050102-химия, таҳсил дар баробари забонҳои тоҷикиву русӣ, боз ба забони анлисӣ ба роҳ монда шуд;

– соли 2022, аввалин маротиба ғолиб (ҷойи якум) омадан дар олимпиадаи байналмилалӣ (Бобохонов М.Ф.);

– соли 2022, аввалин маротиба устоди факултет (Ёрмамадова С.Г.) дар Форуми байналмилалӣ сазовори Шоҳҷоиза гардидааст;-соли 2023, интернет-олимпиадаи байналмилалӣ аз ҷониби факултет гузаронида шуд;

– соли 2023, як озмоишгоҳи таълимӣ ташкил карда шудааст;

– соли 2023, як озмоишгоҳи илмӣ ташкил карда шудааст;- соли 2023, ихтисоси 02040601-химия. биология ташкил карда шудааст;

– соли 2023, аввалин маротиба баъди 2 соли баргузории озмуни ҷумҳуриявии “Илм-фурӯғи маърифат” дар номинатсияи “Ихтироъкорӣ ва навоварӣ” ғолибият (ҷойи якум) ба даст оварда шуд (дотсент Ёрмамадова С.Г.).

Номзади илмҳои химия, дотсент, декани факултети химияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Файзуллозода Эркин Фатҳулло