АЗ БАРРАСИИ МАСЪАЛАҲОИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯ ТО ҚАДРДОНИИ ВОЛИДАЙНИ ДОНИШҶӮЁН

80

Дар асоси нақша-чорабиниҳои ДМТ имрӯз (04.11.2023) дар факултети химияи ДМТ ҷаласаи волидайни донишҷӯёни курсҳои якум ва дуюм баргузор гардид.

Ҷаласи мазкур дар доираи татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд» ба роҳ монда шуда, дар он масъалаҳои муҳими таълиму тарбия ва одобу ахлоқи донишҷӯён муҳокимаву баррасӣ гардид.

Декани факултети мазкур Файзуллозода Э.Ф. зимни суханронии хеш қайд кард, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (23 декабри соли 2022) аз кулли мардуми тоҷик даъват ба амал оварданд, ки ба таълиму тарбияи фарзандон диққати ҷиддӣ диҳанд, зеро тарбияи дуруст ва аввалинро ҳар шахс аз оила(падару модар) мегирад.

«Таваллуд кардем, тарбия низ бояд кунем. Бетарбия, ки монд, ба ҳар гуна равия меравад. Ҳатто дар баъзе ҳолатҳо раҳм ба падару модари худ низ намекунанд», — аз таъкид Роҳбари давлат дар Паём.

Ҳамзамон, гуфта шуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти таълиму тарбияи насли наврасу ҷавон пайваста кӯшиш намуда, мақомоти дахлдорро низ вазифадор намудааст, ки дар ин самт ҷиддӣ кор баранд. Аз ҷумла, аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарияти муассисаҳои таълимӣ бо иштироки кормандони ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқ ва олимону донишмандон дар муассисаҳои таълимӣ пайваста суҳбату вохӯрӣ ва корҳои фаҳмондадиҳӣ ба роҳ монда мешаванд. Мутаассифона, имрӯз волидоне ёфт мешаванд, ки нисбат ба тарбия ва ояндаи фарзандон хунукназарӣ намуда, бетарафӣ ихтиёр мекунанд, онҳоро ба ҳоли худашон мегузоранд, ки ин амал боиси ба ҳар кори нодуруст ва кирдорҳои номатлуб даст задани онҳо мегардад.

Гарчанде имрӯзҳо бисёре аз падару модарон барои тарбияи дурусти фарзандон ва дониши хуб гирифтани онҳо кӯшиш менамоянд, дар ин баробар волидоне низ ёфт мешаванд, ки дар ин самт беэътиноӣ мекунанд. Таҳлилу мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки содир гардидани ҳуқуқвайронкунӣ ва баъзе ҷиноятҳо аз ҷониби наврасону ҷавонон аксаран аз бемасъулиятии падару модарон ва риоя нагардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ба амал меояд.

Дар охир ба волидайне, ки фарзандашон дар нимсолаи якуми соли таҳсили 2023-2024 дар факултет рафтори намунавӣ ва хониши хубу аъло нишон доданд, Сипосномаи факултет супорида шуд.