АЗ БАРГУЗОРИИ МАҲФИЛҲОИ ТАРБИЯВӢ ТО НАЗОРАТИ МАСЪУЛИНИ САМТИ ТАРБИЯ ДАР ХОБГОҲҲОИ ДМТ

92

Имрӯз 06.12.2023 бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои роҳбарияти донишгоҳ ва иҷрои нақшаи баргузории маҳфилҳои тарбиявӣ байни донишҷӯёни хобгоҳҳои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз ҷониби устодони кафедраи химияи таҳлилии факултети химияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар хобгоҳи рақами 5 маҳфили илмию тарбиявӣ баргузор гардид.

Дар маҳфили мазкур Раиси Шӯрои кураторони ДМТ, Ашуров И., раиси бахши кор бо занон ва духтарон Маҷидзода Д., муовини декан оид ба корҳои тарбиявӣ Ҳасанов О ва ҳайати устодону донишҷӯёни факултети химияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ намуданд. Зимни суханронӣ масъулин бо донишҷӯён вобаста ба риояи қоидаҳои тартиботи дохилии донишгоҳ, самаранок истифода намудани шароитҳои муосири хобгоҳ, тоза нигоҳ доштани ҳуҷраҳои хоб ва дигар масъалаҳои ҷорӣ андешаронӣ намуданд. Дар ҷараёни маҳфил устодон вобаста ба масъалаҳои мубрами ҷомеаи муосир аз ҷумла: паёмадҳои ногувори қарни 21, хавфу хатарҳои созмонҳои террористӣ ва ифротгароӣ, гаравиши ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ, баланд бардоштани тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон ибрози андеша намуданд.

Ёдовар мешавем, ки пас аз фарҷоми маҳфили мазкур намояндагони шуъбаи тарбия дар якҷоягӣ бо устодони факултетҳои химия, тиббӣ, фарматсевтӣ аз ҳуҷраҳои хоби донишҷӯён боздид намуда, бо онҳо суҳбатҳои муфид анҷом доданд.