ҶАВОНОН ВА МАОРИФ ДАР МЕҲВАРИ АСОСИИ ПАЁМ

435

(бардошт аз Паёми Президенити Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон (21.12.2021))

Файзуллозода Эркин Фатҳулло-номзади илмҳои химия, дотсент, декани факултети химияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

Дар замони Истиқлолият, аз ҷумла солҳои охир сиёсати давлатии ҷавонон ва илмомўзиу бомаърифат шудани онҳо, яке аз масъалаҳои меҳварӣ ва стратегии Давлату Ҳукумат ба ҳисоб меравад. Сабаб, имрўз Тоҷикистон аз назари демографӣ дар ҳоли рушди доимӣ қарор дошта, 70 %-и аҳолии мамлакатро, яъне қувваи асосии пешбарандаи онро ҷавонон ташкил медиҳанд. Табиист, ки бе иштироки фаъолонаи чунин неруи бузург аз ҷумла олимон ва муҳақиқони ҷавон рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва сиёсиву фарҳангии давлатамонро тасаввур кардан ғайриимкон аст, чунки ин қишри ҷомеа нерўи фаъол буда, дар ҳалли аксарияти мушкилот қувваи пешбаранда мебошанд.

Татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон аз рўзҳои нахустини соҳибистиқлолӣ дар меҳвари фаъолияти Ҳукумати кишвар қарор дошт, зеро пас аз 6 моҳи ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ Парлумони кишвар Қонун «Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон»-ро қабул кард. Таваҷҷуҳи пайваста, ғамхориҳои хирадмандонаю дурандешона ва дастгириҳои ҳамешагии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба ҷавонон рушди ин тамоюлро бозҳам болотар бурд. Воқеанҳам ҷавонон бояд аз ҳама қишрҳои ҷомеа бештар фаъол бошанд ва он ташаббусҳои созандае, ки аз ҷониби Сарвари давлатамон роҳандози мешавад дар татбиқи он пешоҳанг бошанд.

Баъд аз Раиси Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудани Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшон мавқеи давлатро дар муносибат ба масоили ҳалталаби ҳаёти ҷавонон муайян намуда, гуфта буданд: «Роҳбарияти давлате, ки бештар аз ҳафтод дарсади аҳолиашро ҷавонон ташкил медиҳад, танҳо дар сурате соҳибнуфуз мешавад ва кораш пеш хоҳад рафт, ки ин неруи бузургу солим аз сиёсати он пуштибонӣ кунад». Маҳз бо ташаббуси Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 2-юми феврали соли 1993 бо ҷавонон вохўрӣ доир гашт ва минбаъд ин мулоқоту вохўриҳо ба ҳукми анъана даромаданд. Суханронии Роҳбари давлат 17-уми марти соли 1994 дар нахустанҷумани Иттифоқи Ҷавонони Тоҷикистон, ки таҳлили васеъи вазъи сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоии мамлакат ва пешомадҳои онро дар бар мегирифт, ба барномаи кору рўзгори ҷавонон табдил ёфт. Маҳз дар ҳамин анҷуман Сарвари давлат ҷавононро неруи пешбар ва созанда номида, дар назди онҳо вазифа гузоштанд, ки фаъолияти хешро ба пойдории сулҳу субот дар кишвар ва якдигарфаҳмию ваҳдат, ободу сарсабз намудани Тоҷикистони соҳибистиқлол равона созанд.

Дар ҷаҳони муосир ру овардан ба масъалаи ҷавонон ва истифода аз имкониятҳои зеҳниву ҷисмонии онҳо яке аз шартҳои ноил шудан ба инкишофи устувори давлат ва ҷомеа мебошад. Ҳамаи ин имкониятҳоро ба назар гирифта, Сарвари давлат дар Паёми худ рўзи 21.12.2021 ба Маҷлиси Олӣ чунин қайд намуданд: ҷавонони мо дорои ҳисси баланди миллӣ ва эҳсоси гарми ватандӯстиву ватанпарварӣ дошта, дар мубориза бо ҳама гуна хавфу хатарҳое, ки зидди давлату миллатанд, омода мебошанд ва манфиатҳои миллиро аз ҳар манфиати дигар боло медонанд. Мо бо ҷавонони бонангу номуси худ ифтихор мекунем ва барои ҳалли масъалаҳои онҳо минбаъд низ тамоми тадбирҳоро амалӣ мегардонем. Итминони комил дорам, ки ҷавонони мо дар дигаргунсозиҳои ҷомеаи навин боз ҳам фаъолона иштирок карда, дар муаррифии давлати миллӣ, ҳифзи арзишҳои истиқлолият ва рушди Тоҷикистони азиз беш аз пеш саҳм мегузоранд.

Дар даврони Истиқлолият аз 13 ба 41 расидани шумораи муассисаҳои олии касбӣ ва даҳҳо маротиба афзудани шумораи донишҷўён, сохтану таъмири зиёди муассисаҳои миёнаю умумии таълимиву маҷмааҳои варзишӣ, боғҳои фарҳангиву фароғативу майдончаҳои варзишӣ ва имконоти таҳсили зиёда аз 40 ҳазор донишҷўён дар хориҷи мамлакат, бешубҳа аз хизматҳову раҳнамоиҳои Президенти мамлакатамон дар самти стратегияи давлатии рушди нерўи ҷавонон ва баланд кардани иқтидори нерўи кадрӣ дар ҷумҳуриамон мебошад.

Таъкиди махсус дар масъалаи рушди нерўи инсонӣ ва ҷалб сохтани ҷавонон ба самти омўзиши илмҳои бунёдиву техникӣ муҳимтарин масоиле буд, ки Сарвари давлат дар Паём қайд намуданд. Дар воқеъҳам дастгирии олимони ҷавон ва ташаккул додани илми Ватанӣ – ғанигардонии қудрати давлат ва обрўи он аст. Кашфи истеъдодҳо ва дастрасӣ ба захираи бепоёни нерўи инсонӣ муассиртарин гомгузорист дар бунёди давлати пешрафта ва муваффақ. Таъкиди дигаре, ки Ҷаноби Олӣ дар Паём намуданд, ин ба сифати боло бурдани нишондодҳои илму маориф ва дар баробари омўзиши илмҳои табиию риёзӣ ба омўзиши технологияи иттилоотӣ ва донистани забони хориҷӣ буд, ки мутахассиси пурра ба талаботи имрўзаи бозори ҷаҳонии меҳнат ҷавобгў бударо бе инҳо тасаввур кардан ғайриимкон аст.

Воқеанҳам имрўзҳо Ҳукумат барои таъмин намудани пешрафти соҳаҳои илму маориф ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоӣ аз тамоми имкониятҳо истифода карда, ба рушди илмҳои техникиву табиатшиносӣ аҳаммияти аввалиндараҷа медиҳад ва доир ба баланд бардоштани сатҳу сифати таълим, ҷорӣ намудан ва васеъ гардонидани доираи истифодаи технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ, аз ҷумла шабакаи интернет дар низоми таҳсилот, таъмини самаранокии фаъолияти омўзгорон ва такмили малакаи педагогии онҳо тамоми чораҳои заруриро амалӣ гардонида истодааст. Дар баробари ин моро зарур аст, ки аз ин имкониятҳо фаровон истифода намуда, барои ҳарчи зудтар расидан ба ҳадафҳои бузурги миллиамон софдилона хизмат намоем. Зеро имрўзу фардо мамлакат аз фаъолияти омўзгор ва рушди илму маориф вобастагии зиёд дорад. Дар яке аз суханрониҳои худ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин гуфта буданд: миллати босавод метавонад насли соҳибмаърифату донишманд ва кадрҳои арзандаи давронро ба воя расонад, пеш равад ва дар ҷомеаи мутамаддин мақоми арзандаи худро пайдо намояд. Мо аз олимони худ, бахусус аз олимони ҷавон умеди калон дорем, ки дар ояндаи наздик илмро дар асоси дастовардҳои инноватсионӣ ба истеҳсолоти ватанӣ васеъ татбиқ карда, бо ҳамин роҳ дар рушди иқтисоди миллӣ саҳми арзишманди хешро мегузоранд.

Дар ҳақиқат ҳам илм дар шароити муосир нақши калидӣ дошта, ба рушду тараққиёти давлат мусоидат менамояд. Имрўзҳо чуноне ки огоҳем ҷавонони боистеъдод дар вазифаҳои масъулиятноки давлатӣ кор ва фаъолияти пурсамар намуда истодаанд, ки дар пешрафту тараққиёти кишвар саҳми назарраси худро гузошта истодаанд.

Асри 21-ро ки асри технология ном мебаранд, ҳамаи моро водор месозад, ки дар ҷараёни машғулиятҳо технологияи навро истифода барем, зеро барои ноил шудан ба сифати баланди таълим дар замони имрўза танҳо бо истифода аз техналогияи муосир метавон шароит фароҳам овард. Он донишҳое, ки ҷавонони мо тавассути технологияи иттилоотӣ махсусан, аз шабакаи Интернет ба манфиат мегиранд, барои ҷаҳонбиниашон нақши муҳим мебозад. Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳои худ вобаста ба раванди ҷаҳонишавӣ ва нақши ҷавонон дар ин фазо чунин қайд намуда буданд: «Ҷавонон бояд сабақҳои истиқлолиятро ҳаматарафа омўзанд, аз равандҳои солиму носолими сиёсати имрўз огоҳ бошанд, таърихи гузаштаву ҳозираи халқи худро гаштаву баргашта варақ зананд ва аз Ватан, миллат, забон ва фарҳанги худ ифтихор намоянд».

Воқен ҳам боиси ифтихор аст, ки ҷавонони замони мо бештар ба воситаҳои навтарини иттилоърасон ру меоранду кўшиши гирифтани донишҳоро маҳз аз ҳамин қабил васоити аслан созгор мекунанд, аммо ин ҷо саволе ба миён меояд, ки асосан ба кадом ваҷҳу ҳадаф эшон вориди фазои интернетӣ мешаванд? Имрўзҳо афроди зиёдеро вохурдан мумкин аст, ки бештари вақти худро дар шабакаи иҷтимоии интернетӣ баҳри анҷом додани муошират бо ёру дўстони хуш, ё худ ирсоли нома ба суроғаи электронии ҳамдигар ва ё баъзан ҷиҳати дарёфти ошноҳои нав зоеъ мегузаронанд, ки ин ҳам чандон нишони истифодаи босамару мақсаднок аз ин фазои бекарони иттилоот буда наметавонад. Ҷиҳати мусбати интернет дар он аст, ки бо истифодаи оқилона аз он кас метавонад фаҳмиши хешро перомуни талаботҳои ниёзманди худ бароварда созад, ҳамзамон барои сайқал ва вусъати тоза бахшад ба ақлу фаҳмиши хеш заминаи мусоид фароҳам оварад. Шабакаи ҷаҳонии Интернетро метавон маҳсули дунёи воқеии дуқутба номид, яъне дар радифи бисёр ҷиҳатҳои мусбатро дар бар доштанаш, инчунин дар он инъикоси тарафҳои манфии ҳаёти иҷтимоӣ кам нестанд. Вобаста ба масъалаи мазкур низ дар Паём таъкиди махсус низ шуд.

Дар ҷумҳурӣ айни замон ҳамгироии илм ва таҳсилоти олӣ дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шудааст, ки ин раванд бо мақсади тайёр кардани мутахассисони илмии тахассуси олӣ ва махсусан кормандони соҳаи илмҳои табиатшиносӣ, риёзию техникӣ мусоидат мекунад ва ин ҳолат ба рушди илм, сифати таҳсилот ва ниҳоят ба ташаккули нерўи ақлонии мамлакат таъсири мусбат мерасонад. Аз ин рў, бе ҳамгироии самаранокии илм ва маориф рушди нерўи илмию техникӣ ва кадрии мамлакат имкон надорад.

Ҳукумати Тоҷикистон ташаббусу пешниҳодҳои созандаи ҷавононро ҳамеша дастгирӣ намуда, барои амалӣ гардидани онҳо имконият фароҳам меорад. Ҷавобан ба ин ғамхориҳо мо ҷавононро зарур аст, ки тамоми саъю талоши хешро ба илмомўзӣ, ободиву пешрафти сарзамини аҷдодӣ, ҳимояи Ватан, рушди илму техника ва бунёдкорӣ равона созем.