АҲАМИЯТ ВА ДУРНАМОИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ИЛМ–ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ»

42

Тавре аз таҷрибаи андухтаи кишварҳои тараққикардаи ҷаҳон бар меояд, кишваре ки таваҷҷуҳи асосиро ба самти илму маориф ва техникаву технология равона кардааст, дар натиҷа аз мушкилиҳои мавҷудбудаи давлату ҷомеа, аз қабили бунёди корхонаҳои саноатӣ, муҳайё намудани ҷойҳои корӣ ба шаҳрвандон, баланд бардоштани сатҳи иқтисоди кишвар ва ғайра раҳоӣ ёфтааст. Инро метавон далели раднопазири маҳаки асосии ин кишварҳо номид, зеро илму маърифат ин маҷмўи донишҳоест, ки ба самт ё соҳае равона карда мешавад ва албата, ки натоиҷи он самараи хубе ба бор меоварад.

Ҳамаи инро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахусус Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дарк намуда солҳои 2020–2040 –ро Бистсолаи омўзиш ва рушди фанҳои табиӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф эълон намуданд. Қадами минбаъда ин ба ҷараён ворид намудани озмуни ҷумҳуриявии «Илм–фурўғи маърифат» буд, ки дар ин радиф Пешвои миллатамон чунин гуфта буданд: «…зарур мешуморам, ки ба хотири боз ҳам бештар ба омўзиши илмҳои риёзиву дақиқ ва табиӣ ҷалб кардани наврасону ҷавонон, олимону муҳақиқон ва устодону омўзгорон ҳамасола озмуни ҷумҳуриявӣ зери унвони «Илм–фурўғи маърифат» гузаронида шавад» (11 феврали соли 2021, № АП-44).

Инак соли чорум аст, ки озмуни мазкур бо маром идома ёфта истодааст ва бо мақсади боз ҳам ҷоннок гардиданаш Низомномаи он бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 3 маротиба аз нав таҷдиди назар карда шуда, тасдиқ гардидааст.

Мақсади асосии озмуни ҷумҳуриявии «Илм–фурўғи маърифат» ин пеш аз ҳама ҷалби ҷавонон ва аҳли зиёву табақаҳои гуногуни ҷомеа ба илмҳои бунёдӣ ба монанди химия, биология, физика, математика, информатика, география ва ихтирокориву навоварӣ мебошад. Ба ин васила метавон нигоҳи аҳли ҷомеаро ба ин самт, самти илму техника ва технология равона кард, ки дар натиҷа сатҳу сифат ва касбияти мутахасисон баланд шуда, илму маорифи кишвар устуворона рушд намуда, заминаи мустаҳкам бо донишҳои қавӣ поянда мегардад. Дар раванди ҷаҳонишавӣ бо амиқ гардидани донишҳо дар шохаҳои гуногуни илм ҳисси худшиносиву худогоҳӣ ташаккул меёбад. Ҷомеа бахусус ҷавонон аз ниёгони худ ба монанди Ҷобир Ибни Ҳайён, Муҳаммад Закариёӣ Розӣ, Абурайҳони Берунӣ, Абуалӣ Ибни Сино ва амсоли инҳо, ки аввалин кашшофи баъзе масоили муҳими илмҳои дақиқу табиӣ ва риёзӣ, то зуҳури илм дар ғарб буданд, умқан огаҳӣ пайдо мекунанд. Ғайр аз ин, баробарарзишӣ дар системаи маориф дар сатҳи байналмилал ба вуҷуд меояд. Бо вуҷуди ин, озмуни мазкур вобаста ба номитатсияҳои гуногун миқдори муайяни мукофотро дорост, ки ҳар як иштирокчиро бевосита ба худ ҷалб менамояд. Агар ба шакли ақал гуем ҳам дар иштирокчиён таҳаввули тафаккур ба самти мусбат ба илмҳои бунёдӣ равона мегардад. Бинобар ин, пеш аз оне, ки озмун эълон карда шавад ҳамаи ин ҷанбаҳо ба назар гирифта шудааст, ки самараи нек ба бор хоҳад овард.

Чи тавре, ки дар боло зикр гардид дар озмун табақаҳои гуногуни ҷомеа ширкат варзида метавонанд. Маҳз иштирокчиён ё ҷоизадорони озмуни ҷумҳуриявии «Илм–фурўғи маърифат» бо донишу идеяҳои мукаммалнамудаи худ баҳри рушди ҷумҳурии соҳибистиқлоламон метавонанд корхонаҳои нави саноатӣ, ки муҳаррики асосиашон мутахассисони баландихтисос аст, бунёд намоянд. Бунёди корхонаҳои саноатӣ сабабгори аслии фароҳам овардани ҷойҳои корӣ ва баланд бардоштани сатҳи иқтисоди миллӣ мегардад. Албатта, наметавон гуфт, ки ин ҳама дар ду ё се сол амалӣ хоҳад гашт, вале мутмаинона метавон гуфт, ки ҳар як иштирокчӣ ҳиссаи худро дар ин раванд мегузорад ва ин ҳиссаҳо тадриҷан дар маҷмуъ хеле бузург хоҳад шуд. Аз ин рў, аз натиҷаҳои сесолаи баргузории озмун бар меояд, ки тамоюли ҷойдошта далоил ба сўӣ ояндаи дурахшон аст.

Файзуллозода Э.Ф. ва Самадов А.С., устодони кафедраи химияи физикӣ ва коллоидии факултети химияи ДМТ