6 МЕДАЛИ УСТОДОНИ ДМТ АЗ КУВАЙТ

74

Аз 4 то 7 феврали соли 2024 дар шаҳри Эл-Кувайти давлати Кувайт 14-умин намоишгоҳи байналмилалии ихтироъкорони ҷаҳон баргузор гардид. Дар ин намоишгоҳи сатҳи баланди байналмилалии пайванди илм бо истеҳсолот дар қатори 65 кишари хориҷӣ 10 нафар олимону профессорон ва ихтироъкорон аз Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд. Аз ҷумла аз Донишгоҳи миллии Тоҷикистон6 нафар устодон: доктори илмҳои химия, профессорон Раҳимова Мубаширхон, Раҷабзода Сироҷиддин Икром ва номзади илмҳои химия, дотсентон: Давлатмамадова Мавлуда Мамадниёзовна, Давлатшоева Ҷаҳонгул Асанхоновна, Бекназарова Назира Соибназаровна, Қурбонова Муқадас Зувайдовна корҳои ихтироъкардаи худро баҳри олимон ба маърази тамошо гузоштанд.

Баъд аз натиҷагирии ҳайати баландпояи ҳакамон, ки аз муассисаҳои таълимӣ, илмӣ ва истеҳсолии ҷаҳонӣ созмон дода шуда буд, маросими расмии қадрдонӣ-ҷоизасупорӣ баргузор гардид. Дар маросими ҷоизасупорӣ вазири таҳсилоти олӣ ва пажӯҳиши илмии Давлати Кувайт доктор Одил ал-Удвонӣ, намояндагони марказҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва истеҳсолии Кувайт ва аъзои корпуси дипломатии муқими кишвари иқомат бо ҳузури васеи намояндагони ВАО-и кувайтӣ иштирок намуданд.

Дар байни 145 иштирокчӣ аз байни 65 давлати ҷаҳон бо 1 медали тилло ва 1 ҶоизаиWOIS (Созмони Умумиҷаҳонии Моликияти Зеҳнӣ)- Раҷабзода С.И., 1 медали тилло Раҳимова М., 1 медали нуқра Давлатмамадова М.М., 1 медали биринҷӣ Бекназарова Н.С., 1 медали биринҷӣ Давлатшоева Ҷ.А. ва 1 медали биринҷӣ Курбонова М.З., ҳамин тариқ олимони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо 2 медали тилло, 1 Ҷоизаи WOIS (СУМЗ), 1 медали нуқра ва 3 медали биринҷӣ дар умум бо 7 дастовард сарфароз гардиданд.

Ихтироотҳои пешниҳодшуда бештар ба самти илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ бахшида шуда буданд. Ҳайати ҳакамон ба ихтироотҳои олимони тоҷик баҳои баланд дода, таваҷҷуҳи хосса ба ихтирооти олимони Тоҷикистон дода шуд. Дар назар аст, ки дар наздиктарин рӯзҳо грантҳои илмии байни олимони тоҷик бо олимони давлати Кувайт амалӣ гардад.