ЗАБОН – ҲАСТИИ МИЛЛАТ

406

Забон неъмати бебаҳои зиндагии аҳли башар мебошад. Инсон фақат тавассути забон метавонад эҳсос ва фикру андешаҳои худро иброз намояд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Сарвари давлатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид карданд, ки забонро поку беолоиш нигоҳ доштан ва асолату шевоии онро ҳифз кардан қарзи фарзандии ҳар яки мову шумост.

Ҳар шахсе, ки худро тоҷик меҳисобаду бо забони тоҷикӣ ҳарф мезанад, бояд ин гуфтаҳои Президенти ҷумҳуриро хуш бипазирад ва мувофиқи он амал намояд. Мо барои поку беолоиш нигоҳ доштани забони тоҷикӣ бояд пайваста кӯшиш ба харҷ диҳем, талош биварзем.

«Муҳаббат ба забони модарӣ, муҳаббати Ватан аст». Шахсоне, ки нисбат ба забон ҳурмат надоранд ва онро амиқ наомӯхтаанд, ба халқу Ватан эҳтиром надоранд.

Мо ҳамагон, бояд аз соҳибистиқлолии Ватани азизамон сидқан шукргузор бошем, зеро ба шарофати он забони мо суфта ва ғанию рангин гардид.

Бояд ҳар як шахс суханашро аз рӯйи меъёрҳои забони адабӣ ба роҳ монад.

Имрӯз, мутаассифона, одамоне низ ёфт мешаванд, ки ба тозагии забони тоҷикӣ аҳамият намедиҳанд. Бахусус, ҷавонон ба тоза нигоҳ доштани забон ва ҳусни баён кам аҳамият медиҳанд. Ҷои таассуф аст, ки на фақат ҷавонон, балки калонсолоне, ҳам ёфт мешаванд, ки нисбат ба забон бепарвову бетарафиро ихтиёр намуда дар гуфторашон калимаҳои ба забони мо бегона, ё худ, вожаҳои лаҳҷаиву шевагиро истифода мебаранд.

Албатта, мо гуфта наметавонем, ки ҳама нисбат ба забони тоҷикӣ бетафовутанд.

Дар ҷамъияти имрӯза хушбахтона, сафи ононе бештар аст, ки ба забони тоҷикӣ бо муҳаббат ва самимияти хос муносибат карда, барои тоза нигоҳ доштани он мубориза мебаранд.

Ба ақидаи банда, камбудии асосӣ дар самти меъёри забони адабиро риоя накардан аз нахондани китобу рӯзнома ва маҷаллаҳо сар мезанад.

Пештар хурду калон ба омӯзиши китобу рӯзномаҳо бештар майл доштанд. Одамон дар толорҳо ҷамъ омада, қиссагӯиву шеърхонӣ мекарданд.

Мо калонсолон бояд он анъанаро идома дода, ҷавононро ба толорҳои китобхонаҳо даъват кунем ва аз осори абармандони адабиётамон баҳравар намоем. Муҳимтарин воситаи бархурдор гаштан аз маданияти сухану забондонӣ китоб аст. Танҳо китоб ҳамагонро ба куллаҳои мурод мерасонад. «Бе китоб дониш, бе дониш хониш нест», мегуянд.

Аз ин рӯ падару модарон, омӯзгорон ва аҳли ҷамоатчигиро лозим аст, ки дар тозаю поку беолоиш нигоҳ, доштани забони тоҷикӣ аҳлона амал намоянд, дар ин кор ҳиссагузор бошанд.

Дар масъалаи тозагии забони тоҷикӣ набояд бетарафиро пеша намоем. Бояд дар тӯю маъракаҳо, кӯчаю бозор ва ҷамъомадҳо мардумро ба тоза нигоҳ доштани забони тоҷикӣ даъват намоем.

Ин ба манфиати кор аст. Фаромӯш набояд кард, ки забон ҳастии миллату давлат аст, он шарафу нангу номуси мост.

Қосимов Раҷаббек Бобораҷабович д.и.б., профессори кафедраи биохимия

Нуров Умедҷон Ҷалолович н.и.б., дотсенти кафедраи биохимия