Чуноне ки қаблан эълон намуда будем, имрӯз (01.12.2025) бо ташаббуси Садорати факултети химияи ДМТ, соати 11:00 дар Толори калони химиявии ба номи ЯқубовҲ.М.-и факултет вохӯрии судманди донишҷӯёну муҳаққиқони ҷавони факултет ва хоҳишмандон бо олими муваффақи тоҷик дар арсаи илм Шарофзода Фаррух Сафолбек, ки дар сатҳи байналмилалӣ дар соҳаи химия ва коркарди маводҳои растанигӣ мавқеъ ва ҷойгоҳи арзанда дорад, сурат гирифт.
Сараввал декани факултет, дотсент Файзуллозода Э.Ф. сухан намуда, атрофи дастовард ва муваффақиятҳои олимони тоҷик дар арсаи байналмилалӣ маълумотҳо пешниҳод намуда, меҳмонро ба факултети химияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, қайд карда шуд, ки яке аз олимони муваффақи тоҷик, ки дар сатҳи ҷаҳонӣ дар байни олимони беҳтарин дар самти химия ва таҳияи маводи доругӣ мавқеъ дорад, ин Шарофзода Фаррух Сафолбек мебошад. Баъдан дар бораи Шарофзода Фаррух Сафолбек маълумот дода шуд.
Шарофзода Фаррух Сафолбек 6 июни соли 1976 дар ноҳияи Ёвони Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст. Мактаби миёнаи рақами 50-и ноҳияи Ёвонро соли 1993 хатм намуда, худи ҳамон сол донишҷӯи факултети химия шуд. Соли 1998 факултети химияи Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистонро аз рӯйи ихтисоси кимиёгар-муҳандис бо дипломи аъло хатм намуда, солҳои 1999-2002 аспирантураи Институти химияи ба номи В.И.Никитини Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон буд. Дар мӯҳлати муқарраргардида диссертатсияи номзадии худро омода намуда, соли 2002 онро дар мавзӯи “Равғани атрии Hyssopus seravshanicus ва ҷазби он дар гилхокҳои бентонитии Тоҷикистон” дифоъ намудааст. Солҳои 2012-2015, докторантураи Институти фарматсия ва биотехнологияи молекулавии Донишгоҳи Ҳайделберги Олмон буда, диссертатсияи докториашро дар мавзуи “Фитохимия ва фаъолияти биологии метаболитҳои атрии дуюмаи растаниҳо” дифоъ намудааст. Солҳои 2003-2005 дар вазифаи ходими калони илмӣ ва солҳои 2005-2012 ҳамчун ходими пешбари илмии Институти химияи ба номи В.И.Никитини Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намудааст. Ҳамзамон солҳои 2000-2012 дар кафедраи химияи биоорганикӣ ва физколлоидӣ ва солҳои 2016-2018 дар кафедраи техналогияи дорусозии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино ба шогирдон дарс гуфтааст. Соли 2007 дар Донишгоҳи Бохуми Олмон дар мавзӯи “Омӯзиши хосиятҳои сатҳии гилхокҳои бентонитии Тоҷикистон”, солҳои 2010-2011 дар Донишгоҳи Алабама дар Ҳанствилли Штатҳои Мутаҳидаи Амрико дар мавзӯи “Таркиби химиявии равғанҳои атрии растаниҳои Тоҷикистон” ва солҳои 2017-2024 дар Институти техникии химия ва физикаи Шинҷони Академияи илмҳои Хитой дар мавзӯъҳои “Истифодаи усулҳои сабз барои дарёфти маводҳои доруворӣ ва хӯрока аз флораи Тоҷикистон” ва “Фитомаводҳои Осиёи Миёнагӣ бар зидди вируси SARS – CoV-19: истифодаи усулҳои таҷрибавӣ ва ҳисоббарорӣ” корҳои илмию таҳқиқотӣ гузаронидааст. Соли 2025 диссертатсияи докториашро дар мавзуи «Омӯзиши химиявии метаболитҳои дуюмаи растаниҳои равғаниатридор тавассути усули хроматографияи газӣ – масс спектрометрӣ», барои дарёфти дараҷаи илмии доктори илмҳои химия аз рӯйи ихтисоси 02.00.03 – Химияи органикӣ дифоъ намудааст. Аз соли 2019 то ҳол дар вазифаи ходими калони илмии Муассисаи илмию таҳқиқотии “Маркази инноватсионии Хитою Тоҷикистон оид ба маҳсулотҳои табиӣ”-и Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон кор мекунад. Барандаи ҷоизаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои олимони ҷавон (2006) ва ҷоизаи “Techno Prize Central Asia” (2012) аст. Иштирокчии “Барномаи дастҷамъӣ”-и Созмони зидди яроқҳои химиявӣ (2008) ва даҳҳо қонфренсияҳои илмии ҷумҳурявӣ ва байналмилалӣ (2000-2025) мебошад. Муаллифи беш аз 200 мақолаҳои илмӣ, монография ва патенту ихтироот аст.
Мувофиқи маълумоти пойгоҳи Scopus ба ҳолати 14.10.2025 Шаропов Фарух муаллифи 105 мақолаи илмӣ буда, мақолаҳояш 6881 маротиба иқтибос шудаанду шохиси Ҳиршаш ба 40 баробар аст. Ӯ дар рейтинги 2 фоизи беҳтарин олимони ҷаҳонӣ аз соли 2021 ворид шуда, дар ин муддат мавқеаш аз 338 657 то ба 169 165 дар соҳаи химия боло рафтааст.
Бояд қайд намуд, ки меҳвари асосии вохӯрӣ ин ҷалби ҷавонон ба илм ва тавсеа додани ҷаҳонбинии илмӣ дар доираи амали намудани нақша-чорабиниҳои Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф солҳои 2020-2040, буд.
Аз ҷониби иштирокчиён ба меҳмон асосан чунин саволҳо пешниҳод карда шуд, ки аз ҷониби меҳмон, Шарофзода Ф.С. ҷавобҳои возеҳ ва муфассал дода шуд.
Аз ҳаёти наврасӣ ва чӣ гуна ба фанни химия таваҷҷуҳ намуданатон, мегуфтед? Роҳ ёфтан ба факултети химия ва аз донишҷӯи ин факултет будан чӣ гуна бароятон муяссар шуд ва чӣ хотироте аз ҳаёти донишҷӯӣ доред? Ба мо маълум гардид, ки Шумо диссертатсияи номзадиро дар Тоҷикистон ва диссертатсияи докториро бошад дар хориҷи кишвар омода намудед, оид ба муносибаи роҳбарони илмиатон ва омодакунии диссертатсияҳо мегуфтед? Пайванди илм ба истеҳсолот, яке аз мушкилотҳои замони муосир ҳаст, инро Шумо чӣ гуна шарҳ медиҳед? Ба назари Шумо олимони соҳаи химия дар Тоҷикистон бояд ба кадом таҳқиқотҳо бештар чанг зананд? Оё бо хуб набудани базаи моддиву техникӣ дар замони муосир мешавад ба таҳқиқотҳои арзишманди илмӣ шарафёб шуд? Зеҳни сунъӣ, ки ҳоло таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳониро ба худ бисёр ҷалб кардааст ба рушди илми химия чӣ таъсирот дорад? Ба назари Шумо роҳҳои афзалиятноки ҷалби наврасону ҷавонон ба илму дониш чӣ аст? Шумо ҳам дар замони Шӯравӣ ва ҳам истиқлолият таҳсил намудаед, ба фикри шумо машғул шудан ба илм дар кадом замон беҳтар аст ё буд? Барои чи омӯзиши растаниҳои шифобахш ва моддаҳои фаъоли биологиро интихоб намудед? Сабаби асосии ворид шудани шумо ба топ 2%олимони ҷаҳон дар чи аст? Ва дигар саволҳо.
Садорати факултети химияи ДМТ







