УСУЛҲОИ МУОСИРИ ТАЪЛИМ ДАР САМТИ ХИМИЯ

301

Бахшида ба «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фарҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф, солҳои 2020-2040» ва 65-умин солгарди фаъолияти факултети химия, ҳамзамон, 55-солагии кафедраи усули таълими химияи факултети мазкур дар мавзӯи «Истифодаи усулҳои муосири таълим дар муассисаҳои таълимӣ: мушкилот ва дурнамо» конференсияи байналмилалии илмию амалӣ баргузор гардид.

Дар кори ҳамоиши байналмилалӣ меҳмонон аз сохторҳои илмию таълимии дохилу хориҷи кишвар иштирок ва суханронӣ намуданд.

Мудири кафедраи таълими химияи Институти химияи ба номи А.М. Бутлерови Донишгоҳи давлатии Қазони ФР Гилманшина Сурия Ирековна аз ҷумлаи иштирокчиёни ин ҳамоиши байналмилалӣ буд. Мавсуф дар доираи ҳамоиш бо ректори ДМТ, профессор Хушвахтзода Қобилҷон мулоқот намуда, дар самти табодули таҷриба ва омода намудани мутахассисон аз рӯйи риштаи химия, инчунин, баргузории ҳамоишҳои илмию таълимӣ табодули афкор намуданд.

Конференсияи байналмилалии илмию амалии «Истифодаи усулҳои муосири таълим дар муассисаҳои таълимӣ: мушкилот ва дурнамо» дар толори калони факултети химияи донишгоҳ доир шуд. Ҳамоишро муовини ректор оид ба илм, профессор Сафармамадов С.М. ҳусни оғоз бахшид. Зимнан таъкид шуд, ки бо касби Истиқлол намудани Ҷумҳурии Тоҷикистон таваҷҷуҳи Ҳукумати кишвар, хусусан, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушду такомули илмҳои табиӣ ва риёзӣ пайваста афзуда, барои боз ҳам пешрафти онҳо солҳои 2020-2040 «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон гардид.

Таъкидҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар масъалаи пурзур намудани донишҳои замонавӣ ва ҷалби ҷавонону наврасон ба таълими фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ саривақтӣ мебошад. Гуфта шуд, ки ҷиҳати татбиқи ин иқдом саҳми факултети химияи ДМТ назаррас мебошад. Таъкид шуд, ки факултет дар таърихи 65 солаи хеш дар омоданамоии кадрҳои баландихтисоси ҷавобгӯ ба бозори меҳнат ҷойгоҳи хосаро касб кардааст. “Фанни химия илми таҷрибавӣ мебошад, бинобар ин дар раванди таълим ҷои асосӣ ва махсусро бо машғулияти озмоишии худ ишғол мекунад. Раванди бо усулҳои муосири таълим тадрис намудани илми химия дар баробари дигар устодони кафедраҳои факултет, бештар ба зимаи кафедраи усули таълими химия вогузор шудааст, ки саҳми устодони кафедра дар ин самт назаррас аст”-гуфта шуд дар ҳамоиш.

Ҳамин тавр, дар қисмати ифтитоҳии ҳамоиши байналмилалӣ аз ҷониби иштирокчиён вобаста ба мавзӯи нишаст маърӯзаҳои илмӣ ироа гардид. Гуфта мешавад, ки дар кори конференсия беш аз 50 маърӯза дар бахшҳо мавриди баррасӣ қарор хоҳад гирифт.