ТОБИШИ НАВИ НАЗАРИЯВИИ ОКСРЕДМЕТРИЯ

32

Солҳои 80-уми асри XX дар назди кафедраи химияи физикӣ ва коллоидӣ таҳти роҳбарии устоди шодравон, декани ҳамонвақтаи факултети химия, доктори илмҳои химия, профессор Ҳ.М.Яқубов гурӯҳи илмӣ-таҳқиқотии «Тариқаҳои физикӣ-химиявии пайвастаҳои координатсионӣ» таъсис ёфт, ки баъдтар бо номи сектори илмии «Физика ва химияи пайвастаҳои координатсионӣ» мустақил фаъолият мекард ва бо ҳамин ном машҳур гардид (баъдан ба шуъбаи «Мушкилоти химияи координатсионӣ ва экология» табдил ёфт). Дар сектори илмии «Физика ва химияи пайвастаҳои координатсионӣ» вобаста ба равияҳо панҷ гурӯҳи илмӣ амал менамуд. Ба ин гурӯҳҳо шогирдони «насли аввал»-и профессор Ҳ.М.Яқубов номзадҳои илми химия, дотсентон Е.Я.Оффенгенден, З.Н.Юсуфов, М.М.Мансуров, Т.А.Жемчужникова (баъдан Насонова Т.А.) ва корманди калони илмӣ Е.Я. Калонтарова роҳбарӣ мекарданд. Устодони кафедра бо ин гурӯҳҳо, ки кормандони илмии мустақил доштанд, ҳамкорӣ менамуданд. Мо ба гурӯҳи илмии З.Н.Юсуфов шомил будем. Дар ин гурӯҳ корҳо асосан ба ду самт ҷараён доштанд: таҳқиқоти илмӣ-лабораторӣ ва озмоишҳои саҳроӣ. Оқибат ҳамин тарзи корбарӣ, яъне ҳамбастагии илму амал бартарии худро нишон дод. Аз ҳамаи гурӯҳҳои илмии сектори илмии «Физика ва химияи пайвастаҳои координатсионӣ» маҳз аъзоёни гурӯҳи илмии устод Зуҳуриддин Юсуфов бештар рисолаҳои номзадӣ ҳимоя карданд: Раҳимова М., Нурматов Т.М., Юсупов Ш.Т., Муҳаммад Салем, Давлатшоева Ҷ.А., Кандрашина Т.Ф., Назарова Х.Д., Ёрмамадова С.Г.

Таҳқиқоти илмӣ дар гурӯҳи илмии профессор Зуҳуриддин Юсуфов бо истифода аз тариқаҳои гуногун сурат мегирифтанд: оксредметрия, потенсиометрия, рН-метрия, спектрофотометрия, релаксометрия. Таҳқиқот бо истифодаи тариқаи охирин дар ҳамкорӣ бо Донишгоҳи ш.Қазон гузаронида мешуданд. Дар асоси ин ҳамкорӣ ду рисолаи номзадӣ ҳам дифоъ шуда буд, вале хеле боиси таассуф аст, ки баъди чанд муддати пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ ин ҳамкориҳои илмӣ низ канда шуд. Ҳарчанд тариқаҳои гуногуни таҳқиқот мавриди истифода қарор доштанд, вале тариқаи асосӣ оксредметрия буд ва ҳаст. Устод Зуҳуриддин Юсуфов то охирин лаҳзаҳои ҳаёт ба ин тариқаи таҳқиқот содиқ монданд. Дар солҳои 70-80-и асри гузашта омӯзиши раванди ташкили пайвастаҳои координатсионӣ бо истифода аз тариқаи оксредметрия дар маҳлулҳои кислотаҳои бисёрасоса, яъне лигандҳои полидентатӣ оғоз ёфтанд. Чунин таҳқиқот солҳои 80 – уми асри гузашта дар давраи Шуравӣ дар кафедраи химияи физикӣ ва лабораторияи илмӣ-таҳқиқотии «Маҳлулҳои электролитҳо»-и Донишгоҳи Ленинград (Санкт-Петербург) ва кафедраи химияи физикӣ ва коллоидию сектори илмии «Физика ва химияи пайвастаҳои координатсионӣ»-и Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон дар алоқамандӣ ва равобити илмии байни ин ду Донишгоҳ ба роҳ монда шуда буданд.

Таҳқиқот собит карданд, ки дар чунин системаҳои мураккаб ташкили пайвастаҳои координатсионии гетероядроӣ ва гетеровалентӣ, ки таркибашон мураккаб аст, имконпазир мебошад. Барои фаҳмонидани таркибу устуворӣ ва ҳудуди ташкили ин навъи пайвастаҳо олимони ҳарду Донишгоҳ ба мушкилоти назариявӣ дучор шуданд. Аз як тараф устувории потенсиали оксидшавӣ дар ҳудуди гидролизшавии металли комплексҳосилкунанда ва рН > 5,0 худ баҳснок бошад, аз тарафи дигар бо ҳам мувофиқ наомадани вобастагиҳои таҷрибавӣ ва назариявӣ (ҳисобӣ) олимони ҳар ду Донишгоҳро водор карданд, ки роҳҳои такмили назарияи оксредметрияро ҷустуҷӯ кунанд. Бо ин мақсад профессорон В.В.Палчевский ва Ҳ.М.Яқубов соли 1980 як мақолаи калони илмие бо номи «Окредметрия и ее применение к изучению взаимодействия в растворах» дар журнали «Успехи химии» (X.ХLIХ, №10, с.1859-1879) ба чоп расониданд. Муаллифони ин мақола пешниҳод намуданд, ки дар вобастагиҳои ҳисобии назариявӣ бузургиҳои собити диссосиатсияи кислотаҳои бисёрасосаи полидентатӣ ба назар гирифта шаванд, вале кӯшишҳои ҳамаҷониба натиҷаҳои дилхоҳ намедоданд.

Дар хотир дорем, ки ҳамон солҳо бо мақсади рӯшанӣ андохтан ба ин мушкилот аз шаҳри Ленинград мутахассиси шинохтаи соҳаи математика ба Душанбе даъват шуд ва ба яке аз гурӯҳҳои сектори илмии «Физика ва химияи пайвастаҳои координатсионӣ» чанд муддат пайи ҳалли ин масъала дар мисоли пайвастаҳои координатсионии лиганди полидентатӣ бо номи кислотаи оксиэтилендифосфат ҳамкорӣ кард. Ҳарчанд кӯшишҳои зиёд ба харҷ доданд, натиҷаҳои ба даст омада масъаларо то охир равшан накарданд. Чунин вазъият то охирҳои асри ХХ давом кард.

Соли 1998 устод Зуҳуриддин Юсуфов рисолаи докторӣ бо номи «Координационные соединения некоторых 3d-переходных элементов с биоактивными лигандами» таълиф ва дифоъ карданд. Дар ин рисола бори аввал аз ворид кардани функсияи наве хабар дода мешуд, ки он аз ҷониби муаллиф функсияи оксидшавӣ номгузорӣ шуда буд. Баъдтар устод Зуҳуриддин Юсуфов доир ба функсияи оксидшавӣ соҳиби патенти ҶТ гардиданд (Способ определения состава и констант образования координационных соединений. № ТJ 295. Фармоиши №37000501. Нашр дар бюл. №21, соли 2001).

Чунон ки худи устод Зуҳуриддин Юсуфов дар маърӯзаи Хониши Синоии соли 2004 иброз доштанд, ин функсия имконият медиҳад, ки на танҳо ҳисоби дараҷаи ташкилшавии пайвастаҳои координатсионии гуногунтаркиб дар маҳлулҳои системаҳои оксиду барқароршаванда осон гардад, балки таркиби ин пайвастаҳо низ аниқ карда шавад.

Ҳамин нуқта дар як мақолаи калони илмии устод Юсуфов З.Н бо номи «Оксредметрия: становление и развитие» дар китоби «Профессор Хамид Якубов. Штрихи к портрету» (Душанбе. 2004. –с.23-43) низ зикр шудааст. Дар ин мақола худи устод пешниҳод шудани функсияи оксидшавиро ҳамчун як нигоҳи нав барои ҳисоби мувозинат дар маҳлулҳои оксиду барқароршаванда арзёбӣ карда, имкониятҳои васеи онро нишон доданд.

Солҳои охири умрашон тамоми таҳқиқоти оксредметрӣ, ки таҳти роҳбарии устод Зуҳуриддин Юсуфов сурат мегирифтанд, истифодаи васеи функсияи оксидшавӣ собит намуд. Баъди даргузашти устод боз ду рисолаи докторӣ аз чониби Раҷабов У. ва Раҳимова М.М. ва ду рисолаи номзадӣ аз ҷониби Файзуллоев Э.Ф. ва Эшова Г.Б. дифоъ карда шуд, ки истифодаи амалии функсияи оксидшавиро баръало нишон доданд. Аз ин рӯ, мо дар он ақидаем, ки пешниҳоди функсияи оксидшавиро, ки боиси бартараф шудани бисёр масъалаҳои ҳалталаби оксредметрия гардид, метавон чун тобиши нави назариявии оксредметрия арзёбӣ кард. Ин ва дигар кашфиёту ихтирооти устод Зуҳуриддин Юсуфов номи ӯро абадан зинда хоҳанд дошт.

Суяриён Қ.Ҷ., Давлатшоева Ҷ.А., дотсентони кафедраи химияи физикӣ ва коллоиди факултети химияи ДМТ