“ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!”, – БА БАР НАМУДАНИ ЛИБОСИ МИЛЛӢ АРҶ ГУЗОШТАН БА МИЛЛАТУ ФАРҲАНГ АСТ

65

Бо мақсади арҷгузорӣ ба анъанаву фарҳанги миллӣ ва баланд бардоштани ҳисси зебоипарастӣ имрӯз (24.09.2024) дар факултети химияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аксияи “Тоҷикона мепӯшем!” баргузор гардид.

Аксияи мазкур ба хотири арҷ гузоштан ба фарҳанги миллӣ ва анъанаҳои неки аҷдодӣ, инчунин, тарғиби либоси миллӣ ва аз байн бурдани тамоюли бегонапарастӣ роҳандозӣ карда шуд. Кормандон, омӯзгорон ва донишҷӯёни факултети химия иқдоми тарғиботию ташвиқотии «Тоҷикона мепӯшем!»-ро ҷонибдорӣ намуда, бо пӯшидани пироҳани атласу адрас ва чакан, ки сад рангу сад намудро дар бар мегирифт, бори дигар зебоии либоси миллиро собит сохтанд.Аксияи “Тоҷикона мепӯшем” миёни ҷавонон муҳим буда, дар ҳифзи расму оин, анъанаву сунатҳои ниёгон ва ҳифзи фарҳанги миллиамон мусоидат менамояд.

Бояд гуфт, ки имрӯзҳо бо мақсади арҷгузорӣ ба анъанаҳои неки миллӣ, дар руҳияи ватандӯстиву худшиносӣ, баланд бардоштани ҳисси зебоипарастӣ, тарғиби ахлоқи либоспӯшӣ дар ҷумҳурӣ пӯшидани атлас, адрас, чакан, алоча ва дигар либосҳои миллӣ баргузор мешавад.

Ҳадаф аз баргузории аксия баланд бардоштани фарҳанги либоспӯшии занону бонувон ва аз байн бурдани бегонапарастӣ миёни ҷавонон маънидод карда шуд.