ТЕРРОРИЗМ ВА РОҲҲОИ ПЕШГИРИИ ОН

1239

Яке аз масъалаҳои ҷиддии замони муосир, ки хатари минтақавию байналмилалиро ба бор овардааст, ин суръатёбии раванди радикализм, экстремизм ва терроризм маҳсуб меёбад ва амалан дар ҳамаи қитъаҳои ҷаҳон тамоюли паҳншавиро дорад. Аксаран ин амалҳо зери ниқобу шиорҳо ва арзишҳои гуногуни динии бебунёд сурат гирифтаанд ва мегиранд.

Тибқи омор ҳар ду рӯз дар ҷаҳон як амали террористӣ ба вуқӯъ меояд, ки дар натиҷаи он бисёр мардумони бегуноҳ кушта ва маҷрӯҳ мешаванд. Амалҳои дорои хусусияти радикалӣ, экстремистӣ ва террористидошта рӯз аз рӯз дар ҳоли афзоиш мебошанд, шумораи қурбониёни чунин амалиёт зиёд гардида, ҳар як чунин амалиёти нав аз амалиёти пешинааш ваҳшатноктар ва ба таври муосир муҷаҳҳазонида мебошад.

Хусусиятҳои терроризм ё ин ки даҳшатафканӣ ва афзудани шумораи одамони ба ин гурӯҳҳои номатлуб шомилшуда, бо роҳи ҷалби пинҳонӣ ва тадриҷан тағйир додани тафаккуру эътиқоди онҳо, зери ниқоби афзалиятҳои динӣ зоҳир мегарданд.

Намояндагони гурӯҳҳои ифротӣ, дар навбати аввал, бо ҷавононе кор мекунанд, ки таҷрибаи кофии рӯзгор надоранд ва донишҳои дунявӣ ва диниашон паст буда, дар зиндагӣ бо мушкилоте, чун қашшоқӣ, бекорӣ, муҳоҷират, аз таҳсил дур мондан ва амсоли ин рӯ ба рӯ шудаанд. Бо назардошти он ки тағйироти афкору рафтори афроди ҷалбшаванда, тадриҷан ноаён сурат мегирад ва зери ниқоби асосҳои диние, ки ба тарзи шубҳанок тафсир мешаванд, атрофиён на ҳамеша метавонанд сари вақт нишонаҳои ташвишоварро пай баранд ва дар натиҷа фурсатеро, ки дахолат кардан ва дигар кардани ҳолат имкон дорад, аз даст медиҳанд. Аз ҳамин сабаб намояндагони мақомоти давлатӣ, сохторҳои динӣ, маориф дар мавриди тадбирҳои пешгирӣ дер мекунанд, ки он боиси вусъат пайдо намудани радикализим, экстремизм ва терроризм дар байни ҷавонон мешавад.

Бо мақсади равшанӣ андохтан ба умқи ин масъала бояд сараввал худи мафҳумҳои асосӣ ва дигаргуниҳои онҳоро шарҳ диҳем.

Радикализм (тундгароӣ) – ин пеш аз ҳама идеология, нақша, образҳои тахаюлот ва стратегия мебошад. Радикализм ё ин ки тундгароӣ, дар навбати худ, ин дастгирӣ ва пайравӣ кардан ба ақидаҳои бемуросо ва таҳаммулнопазир мебошад. Тундгароиро метавон ба динӣ, сиёсӣ, гендерӣ, ҳарбӣ, фарҳангӣ ва ғайра ҷудо намуд. Раванди тундгароии ҷомеа – афзоиши шумораи тарафдорони ақидаҳои яктарафае, ки нуқтаи назари дигарро таҳаммул надоранд, ягон намуди муросоро эътироф намекунанд ва ба муколамаи самаранок моил нестанд.

Раванди тундгароӣ метавонад ноаён бошад ва хеле оромона сурат гирад. Дурӣ ҷустан аз ҷомеа, тағйири рафтор, қатъи муносибат бо оила метавонад ҳамчун огоҳӣ хизмат намоянд, вале ба сари худ наметавонанд нишонаҳои аниқи тундгароӣ бошанд.

Экстремизм (ифротгароӣ) – ин амал, таҷриба ва инчунин баамалбарории ғояҳою нақшаҳо мебошад, яъне зоҳир гардидан ё амалиёти ифротгароёнаи ҷомеа, ки бештар мустақиман ба сохти сиёсии ҷомеа, гурӯҳ ё фардҳои алоҳида хатар ба вуҷуд меоваранд.

Ифротгароӣ ба иҷтимоӣ, миллӣ, сиёсӣ ва динӣ ҷудо мешавад. Амалиёти сиёсии ифротгароӣ дар шаклҳои гуногуни фаъолият, аз зуҳуроти аз доираи конститутсия беруннараванда сар шуда, бо шаклҳои шӯриш, фаъолияти исёнгарона ва терроризм сурат мегирад.

Экстремизм ва шакли ниҳоии он терроризм, ҳам барои ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҳам барои ҷомеаи мо хатари ҷиддӣ доранд. Макони ифротгароӣ бошад, ҷойҳои нисбатан маъмул ва васеъ мебошад.

Ба мисли мактаб, кӯча, донишгоҳ, манзили зисти муҳоҷирон, хобгоҳ ва ҳоло аз ҳама бештар ҳабсхонаҳо мебошанд. Роҳи дигари аз ҳама зуд паҳн шудани чунин амалиёт ин шабакаи умумиҷаҳонии интернет буда, бо даъватҳои дар тамоми ҷаҳон паҳншавандаи иштирок дар ҷиҳод, дастурамалҳои тайёр кардани бомба, худкушии “машҳури шаҳидон”, дар паҳншавии босуръати экстремизм нақши калон мебозад.

Интернет тамоми ҷинояткорони олам, хусусан террористонро ба воситаи чат ва форумҳои мубоҳисавӣ аз қабили Facebook, ВКонтакте, Twitter, Youtube, Viber, WhatsApp, Imo, ОК (Одноклассник) ва ғайраҳо ба ҳам пайваст намуда, имконияти озодона муошират карданро муҳайё месозад. «Ташкилотҳои террористӣ интернетро ба сифати минбари ба худ хос барои тарғибу ташвиқоти ғояҳои худ ва ҷалби тарафдорони нав истифода мебаранд… Зимнан бояд қайд кард, ки интернет ҳамчун яке аз манбаъҳои маблағгузории фаъолияти террористӣ ва ҳамзамон воситаи самараноки «ҳамоҳангсози фаъолиятҳо» истифода бурда мешавад».

Терроризм (даҳшатафканӣ) – аз калимаи лотинии «terror» – тарс, ваҳшат пайдо шудааст. Даҳшатафканӣ, яъне терроризм ин шакли ниҳоии хеле хатарноку зӯроварона ва таҷҳизонидашудаи ифротгароӣ мебошад, ки дар миқёси ҷаҳонӣ ва динӣ, алалхусус ба хотири манфиатҳои сиёсӣ, пеш аз ҳама, ба одамони бегуноҳ таҳдид менамояд. Даҳшатафканӣ аз рӯи моҳияти худ истифода ва таҳдиди мунтазами истифодаи зӯроварист, ки аз нигоҳи иҷтимоӣ, сиёсӣ ё идеологӣ асоснок шудааст.

Қобили қайд аст, ки радикализм, экстремизм ва терроризм дар миқёси умумиҷаҳонӣ бениҳоят паҳн гардида, хатари калони иҷтимоӣ доранд ва ба амнияти давлатҳо ва минтақаҳои гуногун бевосита таҳдид намуда истодаанд.

Дар раванди муосири ҷаҳонишавӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон низ истисно нест. Таҳлилҳои ҷараёни имрӯза ва ҳодисаҳои охир нишон дода истодаанд, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар маҷмӯъ ба минтақаи Осиёи Миёна терроризм ва экстремизми байналмилалӣ таҳдид карда истодааст. Дар ин самт объекти бевосиати гурӯҳҳои гуногуни ҷиноӣ ходимони давлатию ҷамъиятӣ, объектҳои стратегӣ ва ҳаётан муҳим буданду мемонанд.

Боиси қайд аст, ки баъди пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ дар минтақа бархӯрди манфиатҳо оғоз шуда, вобаста ба вазъи геополитикии худ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳанӯз ҳам ҳамчун объекти гурӯҳҳои террористӣ ва экстремистӣ қарор дорад, вазъ дар ин ҷо ва дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон низ бе таъсир намемонад.

Вақтҳои охир шаклҳои гуногуни ҷиноятҳои хавфноки трансмиллӣ аз қабили гардиши ғайриқонунии маводди мухаддир, силоҳи оташфишон, одамрабоӣ, зархаридӣ ва монанди инҷо ба назар мерасанд, ки мутаассифона, дар ин кирдорҳои ҷинояткорона шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон низ иштирок менамоянд.

Мутаассифона, имрӯзҳо баъзе шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пойгоҳҳои омодагии зархаридон дар Афғонистон, Покистон, Сурия, Либия ва дигар давлатҳои араб ба назар мерасанд, ки мо шоҳиди ин ҳолатҳо шуда истодаем.

Ҳолатҳои мазкур аз он шаҳодат медиҳанд, ки радикализм, экстремизм, терроризм дар шароити кунунӣ ҳамчун ҷиноятҳои дорои хусусияти глобалӣ, яъне ҷиноятҳо бар муқобили инсоният буда, мубориза алайҳи он ҳамкории зич ва мутақобилаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хадамоти махсусро тақозо менамояд.

Ҳар кадоми мо, худ, солҳои охир шоҳиди ходисаҳое мебошем, ки баъзе доираҳои байналмилалӣ тавассути расонаҳои иттилоотӣ (алалхусус, шабакаҳои иттилоотии интернет) бо истифода аз ноогоҳиву бехабарии гурӯҳҳои алоҳидаи ҷавонон, равандҳои сиёсиву иҷтимоиро тағйир доданӣ мешаванд. Бинобар ин яке аз масъалаҳои мубрами рӯз зарурати бартараф намудани паҳншавии экстремизм аст. Аз ин рӯ ба муқобили радикализм, экстремизм, терроризм ва дигар зуҳуроти номатлуби иҷтимоии замони муосир, ки барои ҷомеаи мо бегона мебошанд, мубориза бурда, барои пешгирӣ намудани онҳо чораҳои мушаххаси тарбиявӣ андешидан зарур аст.

Дар партави сулҳ ва истиқлол, Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ мубориза бар зидди радикализм, экстремизм, терроризмро яке аз ҳадафҳои асосии худ қарор дода, дар ин самт тадбирандешӣ намуда истодааст.

Ҷумҳурии Тоҷикистон омили мазкурро ба инобат ва Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба роҳбарӣ гирифта, як қатор қонуну санадҳои меъёрию ҳуқуқиро қабул намудааст, ки мутобиқи он сохторҳои давлатию ҷамъиятиро барои мубориза бар зидди ҷиноятҳои хусусияти террористӣ ва экстремистидошта ташкил кардааст.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, борҳо дар баромадҳояшон аз радикализм, экстремизм ва терроризм изҳори нигаронӣ намуда, қайд менамоянд, ки: «Дар шароити ташаннуҷи рӯзафзуни авзои сиёсии ҷаҳон ва тағйиру таҳаввулоти босуръати он, торафт вусъат гирифтани низоъҳои байнидавлативу байнимазҳабӣ ва авҷи ҷиноятҳои муташаккили фаромарзӣ ҳимояи марзу буми кишвар ва ҳифзи амнияти давлату миллат барои мо масъалаи аввалиндараҷа ва ҳаётан муҳим ба шумор меравад.

Вазъи имрӯзаи минтақа ва ҷаҳон мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, амнияти миллӣ ва сохторҳои низомиро водор месозад, ки фаъолияти худро ба таври ҷиддӣ тақвият бахшида, барои иҷрои вазифаҳое, ки имрӯз дар назди онҳо қарор доранд, ҳамеша омода бошанд».

Қобили қайд аст, ки бо мақсади пешгирии ҷиноятҳои хусусияти террористидошта ва иҷрои уҳдадориҳои байналмилалӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон 16 ноябри соли 1999 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм»-ро қабул намудааст, ки дар он мақсади қабули қонун, маҳфуми терроризм, фаъолияти террористӣ, субъектҳои бевоситаи бо терроризм муборизабаранда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, сохторҳои қудратии давлатӣ муайян карда шудаанд.

Дар баробари ин, 8 декабри соли 2003 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди экстремизм (ифротгароӣ)» қабул шудааст, ки дар он низ мақсади қабули қонун, мафҳуми экстремизм, кирдорҳои экстремистӣ, субъектҳои муборизабаранда, масъулияти дигар сохторҳо дар мубориза бар зидди терроризм дарҷ гардидааст.

Дар баробари қонунҳои мазкур, инчунин консепсияи ягона оид ба мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм қабул шудааст, ки дар он нуқтаҳои асосии мубориза бар зидди терроризм ва мубориза бар зидди экстремизм инъикос ёфтааст. Дар консепсияи мазкур ҳадафҳои асосии қабули он ва таҳдиди ҷиноятҳои хусусияти террористӣ ва экстремистидошта нишон дода шудааст.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба маблағгузории кирдорҳои террористӣ ва экстремистидошта қонуни махсус, яъне қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом» аз 25 марти соли 2011 қабул шуда, мавриди амал қарор дорад.

Илова бар ин, бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 марти соли 2018, таҳти №1033 Консепсияи миллии муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом барои солҳои 2018-2025 қабул шуда, консепсияи мазкур принсипҳои сиёсати давлатиро дар соҳаи мубориза бо қонунигардонии (расмикунонӣ) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом, ҳадафҳои стратегӣ ва самтҳои асосии рушди минбаъдаи низоми миллӣ, инчунин вазифаҳоро доир ба татбиқи онро муайян менамояд.

Дар баробари ин, вобаста ба пешгирии ҳуқуқии содиршавии ҷиноятҳои хусусияти терррористӣ ва экстремистидошта дар боби 21 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгарии ҷиноятии шахсони воқеӣ барои кирдорҳои мазкур пешбинӣ шудааст.

Қонунгузории ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муборизаи бар зидди ҷиноятҳои терроризму экстремизм ташаккулу рушд намуда, миқдори таркибҳои ҷиноятии хусусияти террористию экстримистидошта афзуда истодаанд. Аз қабули Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (21 майи соли 1998) то инҷониб ба он зиёда аз 10 модда, ки ҷиноятҳои нави хусусияти террористию экстримистидоштаро дар бар мегиранд, дохил карда шудаанд, ки ин аз пешгирии ҳуқуқию сиёсии давлат ва фаъолияти саривақтию фаврии мақомоти қонунгузору дигар мақомоти ҳокимияти давлатӣ шаҳодат медиҳад. Масалан, тибқи моддаи 4 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм» моддаҳои 1791, 1792, 1793, 1841, 1842, 1843, 1844, 1941, 1942, 1943, 1944, 1945, Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиноятҳои хусусияти террористӣ ва моддаҳои 3071, 3072, 3073, 3074 ҷиноятҳои хусусияти экстремистидоштаро ташкил дода, онҳо баъд аз қабули Кодекси ҷиноятӣ ба он ворид карда шудаанд.

Қайд намудан зарур аст, ки дар самти мубориза алайҳи терроризму ифротгароӣ ва радикализм заминаҳои ҳуқуқӣ ва ҷавобгарии ҳуқуқӣ кифоя набуда, мубориза бар зидди зуҳуроти мазкур бояд хусусияти комплексӣ дошта бошад, чунки кирдорҳои ғайриқонунии мазкур, ба мисли терроризму ифротгароӣ ва радикализм решаҳои амиқи сиёсию иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, динию идеологӣ, психологӣ ва ғайра доранд. Нуқтаи назари мазкурро ҳамаи олимону мутахассисон якдилона дастгирӣ менамоянд, алалхусус, Юсупова Г. И. қайд менамояд, ки: «Бартарафнамоии терроризм ва экстремизм танҳо дар асоси муносибати комплексӣ, ҷалби қувва ва воситаҳои тамоми институтҳои ҷамъиятӣ ва мақомоти давлатӣ, ҳамоҳангсозии байналхалқӣ ва тавассути дуруст бароҳмонии кори пешгирикунанда имконпазир аст». Оид ба ин масъала муҳаққиқ Градусова М. М. низ ақидаи ҷолиберо баён мекунад: «Аз ҳама усули муассир дар мубориза бар зидди терроризми динӣ ин кори низомноки зиддитарғиботии фаъолони динӣ, ВАО, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва олимони шарқшинос бо мақсади дар фазои иттилоотии ҳама гуна минтақа ташаккул додани донишҳои боэътимод оид ба анъанаҳои динӣ, аз мавқеи мазҳабӣ маҳкумнамоии ҷинояткорӣ ва фаъолияти террористӣ, ҳавасманднамоии таҷрибаи коллективӣ дар мубориза бо ҳама гуна шаклҳои таҷовуз ба ҳисоб меравад».

Маълум аст, ки танҳо бо фишор ва қувваи давлат, ки чораҳои ҳуқуқии махсусро пешбинӣ менамояд, мубориза бурдан нисбат ба зуҳуроти фаъолияти ғайриқонунии гурӯҳҳои ифротӣ дар байни ҷавонон кифоя нест. Ин вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди мамлакат аст. Барои ҳалли ин масъала равона кардани неру ва фаъолияти тамоми сохтору мақомоти давлатӣ бо мақомоти ғайридавлатию худфаъолияти ҷамъиятӣ, ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ бояд дар зеҳну шуури насли наврас ва ҷавонони мамлакат ҳисси баланди миллӣ, эҳсоси худшиносиву ватандустӣ, ахлоқи ҳамида, эҳтироми падару модар ва калонсолон, сабру таҳаммул, омӯзиши илму ҳунарҳои муосир, меҳнатдӯстӣ ва риояи волоияти қонунро тарғибу таблиғ намудан лозим аст.

Дар Тоҷикистон аз ҷониби мақомоти давлатӣ сараввал рушди ниҳоди иҷтимоиро то сатҳи муайян ташкил намудан зарур аст, ки дар самти пешгирии радикализм, экстремизм ва терроризм фаъолият намоянд, инчунин шароити мусоид барои мутахассисони соҳаҳои илмҳои ҷомеашиносӣ фароҳам оварда, ба масъалаҳои ҳаётан муҳим, ба мисли пешгирии экстремизм диққати махсус додан лозим аст.

Давлат дар ин самт ба ғайр аз мубориза бо зуҳуроти фаъолияти ҷинояткоронаи гурӯҳҳои ифротӣ дар асоси заминаҳои қонунӣ, барои пешгирӣ намудани онҳо чораҳои зеринро андешад:

1. Баланд бардоштани сатҳи зиндагӣ, некуаҳволии халқ, дастгирии қишрҳои мухталифи ҷомеа ва таъмини имтиёзҳои моддӣ ба категорияи ниёзмандон;

2. Ба низом даровардани муҳоҷирати меҳнатӣ, ба тадриҷ коҳиш додани сатҳи болоравии он ва дар дохили ҷумҳурӣ бо кор таъмин намудани шаҳрвандони мамлакат;

3. Баланд бардоштани маърифат ва фарҳанги сиёсиву ҳуқуқии шаҳрвандони ҷумҳурӣ, бахусус, наврасону ҷавонон, аз ҷумла «ҷалб намудани наврасону ҷавонон ба ҳар гуна машғулиятҳои беруназдарсии ҳуқуқтарбиякунанда;

4. Таҳия намудани барномаҳои давлатӣ, лоиҳаҳои ҷумҳуриявӣ, марказҳои иттилоотӣ-ҳуқуқӣ, маҳфилҳои мухталиф оид ба баланд бардоштани шууру маърифати ҳуқуқии онҳо;

5. Дар зери назорати давлатӣ қарор додани сомонаҳои иҷтимоии шабакаи Интернет, инчунин паҳн намудани иттилооти фошкунандаи манбаъҳои иттилоотии таҳрифшудаи сомонаҳои иҷтимоии хусусияти экстремистию террористидошта;

6. Дар байни аҳолӣ тарғибу ташвиқи ҳуқуқии иттилооти ҳуқуқӣ тавассути ба нашр расонидан ва паҳн намудани дастуру мақолаҳои оммавии ҳуқуқӣ, хусусан рекламаҳои хусусияти иҷтимоӣ-ҳуқуқӣ дошта;

7. Мукаммалгардонии қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқу озодиҳо ва манфитаҳои қонунии шаҳрвандон (наврасону ҷавонон)» аз фаъолияти ҷинояткоронаи гурӯҳҳои экстремистию террористӣ;

8. Ҳалли масъалаи муносибати дурусти давлат ба дин, озодии виҷдон ва эҳтироми арзишҳои динӣ. Муқаррар намудани ҷойгоҳи дин дар ҷомеа, дур сохтани он аз масъалаҳои сиёсию давлатӣ, яъне дин бояд бовару эътиқоди шахсӣ арзёбӣ шуда, бештар фарогирандаи масоили ахлоқию маънавӣ баррасӣ карда шавад.

Гуфтан ба маврид аст, ки дар заминаи мубориза бо ифротгароӣ ва дигар равандҳои номатлуби ҷаҳони муосир оила нақши асосиро дорост. Оила ҳамчун ниҳоди асосии иҷтимоикунонии фарзандон вазифадор аст, ки мутобиқгардонии ҷавононро ба ҳаёти иҷтимоӣ дар шароити муосир ва ҳифзи онҳоро аз таъсири гурӯҳҳои гуногуни ифротӣ, экстремистӣ таъмин намояд. Бо вуҷуди ин, оилаҳои муқаррарӣ, инчунин оилаҳои бобарор на ҳама вақт вазифаҳои сарпарастии худро ба ҷо оварда метавонанд ва дорои имконияти пешгирӣ ҳастанд. Оилаҳое низ ҳастанд, ки на танҳо фарзандонашонро аз таъсири берунаи гурӯҳҳои ифротӣ ҳифз наменамоянд, балки худашон фазои носолими оилавии ифротиро ташаккул медиҳанд. Пеш аз ҳама, дар сатҳи миллӣ ва маҳаллӣ коркарди барномаҳои иттилоотонӣ-фаҳмондадиҳӣ дар байни волидайн зарур аст. Ин гуна барномаҳо бояд тамоми сохтору мақомоти давлатӣ бо мақомоти ғайридавлатию худфаъолияти ҷамъиятӣ, ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, ВАО, мақомоти худидораи маҳаллӣ, мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва ташкилоти диниро дар бар гирад.

Пешгирии радикализм, ифротгароӣ, терроризм ва дигар зуҳуроти номатлуби иҷтимоии замони муосир усулҳо ва воситаҳои гуногунро дар бар мегирад, аз буклети иттилоотӣ сар карда, то омода намудани ихтиёриён аз ҳисоби чавонон, то он ки муошират бо ҷавонон дар сатҳи баробар сурат гирад. Ба ғайр аз ин, ба мутахассисоне, ки бо ҷавонон кор мекунанд, боз маълумоти бештар оид ба радикализм, ифротгароӣ, терроризм ва дигар зуҳуроти номатлуби иҷтимоии замони муосир пешкаш намудан лозим аст.

Хулоса, барои мубориза бурдан бо радикализм, ифротгароӣ ва терроризим бояд ҳамаи қишрҳои иҷтимоии ҷомеа масъулият эҳсос намуда, дар якҷоягӣ бо ниҳодҳои давлатӣ бо он мубориза баранд ва ҷомеаро аз гирдоби дардноки оқибати он эмин нигоҳ доранд.

Каримов Р.К. –устоди факултети химияи ДМТ