ТАВАҶҶУҲ БАҲРИ БЕҲБУДИИ СОҲАҲОИ ИЛМУ МАОРИФ

74

Дар ҳошияи мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомлаӣ Раҳмон бо аҳли илм ва маорифи кишвар (30.05.2024)

Пешвои муаззами миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо аҳли илм ва маорифи мамлакат, ки 30-уми май дар Душанбе доир гардид, аз натиҷаҳои кори олимон дар даврони соҳибистиқлолӣ суханронӣ намуда, ҷиҳати дарёфти роҳҳои ба талаботи замон ҷавобгӯ сохтани илми ватанӣ ва хизмат кардани он дар роҳи рушду пешрафти давлат дар назди Ҳукумати кишвар ва сохторҳои марбута вазифаҳои мушаххас гузоштанд. Ҳадафи вохӯрӣ баррасии натиҷаҳои мулоқоти қаблӣ бо аҳли зиё, ҳолати кунунии рушди илм ва дурнамои он, масъалаҳои баланд бардоштани сатҳи омӯзиши илмҳои табиӣ ва риёзӣ, ташаккули тафаккури техникӣ, дастгирии ташаббусҳо дар самти ихтироъкорӣ, инчунин, сифат ва самаранокии тарбияи кадрҳои илмӣ дар кишвар унвон карда шуд.

Президенти кишвар иброз доштанд, ки Ҳукумати Тоҷикистон илмро яке аз омилҳои асосии рушди кишвар ва олимонро захираи бузурги зеҳнии ҷомеа дониста, бо мақсади пешрафти ҳамаҷонибаи он ва беҳтар гардонидани шароити иҷтимоии кормандони соҳаи илм ҳамаи имкониятҳои заруриро муҳайё намудааст.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки олимони кишвар дар таҳияи хуҷҷати муҳимми давлатӣ – Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 саҳми арзишманд гузоштанд ва онҳо минбаъд низ бояд барои расидан ба ҳадафҳои стратегии давлат, таъмини рушди босуботи кишвар, пешрафти соҳаҳои мухталифи он, хусусан, ташкили корхонаҳои истеҳсолӣ, таъсиси ҷойҳои корӣ, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум ва паст кардани шиддати муҳоҷирати меҳнатӣ саҳмгузор бошанд. Дар идомаи суханронӣ Сарвари давлат Ҳукумати кишварро вазифадор намуданд, ки фаъолияти самарабахши соҳаи илмро талаб намояд ва иҷрои чорабиниҳои ба ин мақсад равонашударо таҳти назорати қатъӣ қарор диҳад.

Дар рафти мулоқот Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба беҳдошти сифати таълим дар муассисаҳои олӣ ва миёна, ба замони муосир мутобиқ сохтани соҳаи таълим ва дигар омилҳои пешбарандаи ҷомеа ба шахсони масъул ва сохторҳои марбута дастурҳои мушаххас доданд. Ҳамчунин зарур шумурда шуд, ки ба масъалаҳои баланд бардоштани сатҳу сифати китобҳои дарсӣ диққати аввалиндараҷа дода шавад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ёдоварӣ аз вазъи кунунии ҷаҳон ҷиҳати ҳифзи сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ дар кишвар – дар рӯҳияи худшиносиву ватандӯстӣ, ифтихори ватандорӣ, эҳтироми забони модарӣ, таърих, суннату анъанаҳо, расму оинҳо тарбия кардани наслҳои наврасу ҷавонро вазифаи муҳимтарини аҳли ҷомеа донистанд. Чунки ҷавонон қувваи бузург ҳастанд ва ҳар миллат дар ҳар давру замон аз ҷавонони худ умеди ояндаи нек мекунад. Аз ин рӯ, онҳо дар кадом муҳите, ки ба воя расанд, мувофиқи он дар ҷомеа амал мекунанд.

Ин аст, ки бояд ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ ва ҳисси баланди миллӣ тарбия ёбанд.

Норова М.Т.,д.и.т., дотсенти кафедраихимияи таҳлилии факултетихимияи ДМТ