ТАВАҶҶУҲ БА ФАНҲОИ ТАБИАТШИНОСӢ – АСОСИ РУШДИ САНОАТ

319

Ҷумҳурии Тоҷикистон рушди саноатро яке аз ҳадафҳои миллӣ дар баробари амнияти озуқаворӣ, истиқлолияти энергетикӣ ва берун баромадан аз бунбасти комуникатсионӣ эълон кардааст. Дар асоси ин, Ҳукумати Тоҷикистон ҳадаф гузоштааст, ки дар ояндаи наздик ҷумҳурӣ аз як кишвари аграрӣ ба як кишвари саноативу аграрӣ табдил шавад ва ба ҳамин тариқ рушди иқтисодӣ баланд карда шавад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷокистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, 6-уми январи соли 2022 фармон дар бораи эълони панҷсолаи рушди саноат дар Тоҷикистонро ба тасвиб расонд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори нахуст дар паёми солонаи худ ба Маҷлиси Олӣ 21 декабри соли 2021 пешниҳод карда буданд, ки солҳои 2022-2026 дар Тоҷикистон “Солҳои рушди саноат” эълон карда шаванд. Аз ҷумла зикр карда буданд, ки соли 2021 дар ҷумҳурӣ 256 корхона ва коргоҳҳои нав мавриди истифода қарор гирифта, тайи 20 соли охир дар кишвар 2 ҳазор адад чунин корхонаҳо бо сармоягузории хориҷӣ дар ҳаҷми 35 млрд сомонӣ таъсис дода шудаанд.

Яке аз мухимтарин самтҳои амалишавии ҳадафи чоруми стратегии миллӣ – саноаткунонии босуъати кишвар омода кардани мутахассисони соҳаҳои илмҳои табиатшиносӣ, аз ҷумла илми химия мебошад. Мусаллам аст, ки дар муассисаҳои кишварамон таълими фанни химия ба роҳ монда шудааст. Дониши хонандагону донишҷӯён дар ин самт чи гуна аст? Шавқу ҳаваси муҳасилинро оид ба омӯзиши фанни мазкур чӣ тавр бояд хубтару бештар намуд? Пеш аз ҳама, насли наврас ва ҷавонон бояд моҳият ва зарурати омӯзиши ин фанро дарк намояд. Дарк кунад, ки пешрафти илми химия дастоварди бузург дар тарақиёти минбаъдаи кишвар мегардад. Бинобарин аз ҳарвақта дида, бештар рӯ ба омӯзиши ин фан, зарур ва муҳим мебошад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон такрор ба такрор дар чандин суҳбату вохӯриҳояшон таъкид менамоянд, ки эҳтиёҷ ба мутахассисони баландихтисоси самти мазкурро дорем. Воқеан, барои фаъолияти корхонаҳои саноати сабуку хӯрокворӣ, саноати вазнин, саноати мошинсозӣ, саноати химявӣ ва истеҳсол ва ҳамагуна молҳои воридотивазкунанда, содироти маҳсулои истеҳсоли ватанӣ омода кардани мутахассисони соҳаҳои илмҳои табиатшиносӣ, яке аз вазифаҳои асосӣ ва маҳаки аосии рушди саноату иқтисодиёт мебошад.

Барои истеҳсолот, пеш аз ҳама ашёи хом лозим буда, дарёфти он на ҳама вақт мушкилу қимат аст. Масалан, барои истеҳсоли як қатор маҳсулоти гаронбаҳои химиявӣ: оксиген, нитроген, аммиак, нуриҳои минералии нитрогенӣ ҳамчун ашёи хом ҳаво истифода мешавад. Ё худ аз таркиби нефт ба ҷуз он ки маҳсулоти сӯзишворӣ мегиранд, дар натиҷаи коркарди химявӣ маҳсулоти зерин истеҳсол кардан имконпазир аст: этилен, этанол, глитсерин, ҳалкунандаҳо, равѓанҳои атторӣ, равѓанҳои доруворӣ, антифризҳо, нахи химявӣ, каучуи синтезӣ ва амсоли онҳо. Дар натиҷаи пиролиз ва коркарди ангиштсанг бошад, кокс, бензол, толуол, фенол, аммиак, сулфати аммоний, метан, этилен, истеҳсол кардан мумкин аст. Ҳамчунин, барои истеҳсоли матоъ аз нахҳои табиӣ ва ё аз нахҳои химиявӣ истифода карда мешавад, ки чандон гаронбаҳо нест. Мисолҳои овардашуда далели равшане мебошанд, ки мутахассисони варзида метавонанд саҳми бузург дар пешрафти иқтисоди кишвар гузошта бошад.

Соли 1936 академик-геохимик Александр Евгеньевич Ферсман навишта буд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷадвали зиндаи элементҳои химявии Д.И.Менделеев аст. Ин сарватҳои зеризаминӣ: тилло, нуқра, алюминий, сурма, сурб, мис, молибден ва ғайра бойигарии сарзаминии мо мебошанд. Барои истеҳсоли металҳо кушодани роҳ, манбаи энергия ва таъминоти соҳа бо техника ва технологияи муосир шарту зарур мебошад. Дар натиҷаи амалишавии се ҳадафи стратегии миллӣ: расидан ба истиқлолияти энергетикӣ, раҳои аз бунбасти комуникатсионӣ, таъмини амнияти орзуқаворӣ, Ҷумҳурии Тоҷикистон ба манбаи энергия, сармоя ва дастовардҳои хуб ноил шуд. Ба мутахассисони баландихтисос бошад, то ҳанӯз эҳтиёҷ мавҷуд дорад.

Саҳми муассисаҳои таълимӣ, аз ҷумла омӯзгорони фанни химияи муассисаҳои таълимӣ дар омода намудани мутахассисони баландихтисоси ин соҳа хеле калон мебошад. Агар омӯзгори муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ дар зинаи аввалин шавқу ҳаваси ҳаваси хонандагонро нисбат ба омузиши ин фанни калидӣ бедор кунанд, пас дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ин раванд хеле хуб ҷараён мегирад, зеро дар Донишгоҳу Донишкадаҳои ҷумҳурӣ пойгоҳҳои моддиву техникӣ ва захираҳои кадрӣ барои омӯзонидани ин фан кифоягӣ мекунанд. Дар ин зимн яке аз мушкилоти муҳими омузиши фанни химия ин гузаронидани таҷрибаҳо ва иҷрои корҳои амалӣ мебошад. Бинобарин дар доираи Бистсолаи омӯзиш ва рушди илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи маориф ва илм барои пурра муҷаҳазгардонидани озмоишгоҳи химиявӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ эътибори ҷиддӣ додан лозим аст. Ин имкон медиҳад, ки сатҳу сифати дарсҳои амалӣ аз фанни химия баланд, шавқу ҳаваси хонандагон зиёд ва донишашон мукаммал гардад.

Файзуллозода Э.Ф., Саидов С.С., устодони факултети химияи ДМТ