ТАЪСИС ЁФТАНИ ГУРӮҲҲОИ АКАДЕМӢ БО ЗАБОНИ АНГЛИСӢ

239

Раёсати Донишгоҳи миллии Тоҷикистон тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо кормандони соҳаи маориф зимни ифтитоҳи бинои нави Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи С.Улуғзода ҷиҳати таъсиси додани гурӯҳҳои академии таҳсилашон бо забонҳои хориҷӣ, ҳамзамон, дар партави амали гаштани «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф (солҳои 2020-2040)» ва тибқи протаколи ҷаласаи назди Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа (аз 28.08.2022, №16/10-172) «Оид ба вазъи омӯзиши забонҳои хориҷӣ (махсусан забонҳои русӣ ва англисӣ) дар кафедраи забонҳои хориҷии ДМТ ва роҳҳои беҳтар сохтани он» нақшаи чорабиниҳои донишгоҳӣ таҳия намуда, дар самтҳои мухталиф тадбирҳои муҳиммеро рӯйи кор гирифтааст. Дар асоси бандҳои алоҳидаи нақшаи чорабиниҳо бо фармоиши ректори донишгоҳ аз оғози соли таҳсил гурӯҳи нав аз ҳисоби донишҷӯёни курси якум, ки таълимашон пурра бо забони англисӣ мегузарад, дар факулетҳои ҳимия ва ҳуқуқшиносӣ таъсис дода шуд.


Имрӯзҳо гурӯҳи донишҷӯёни факултетҳо, аз ҷумла факултети химия ҳашт фанни таълимӣ, аз қабили фанҳои химия, физика ва математикаро бо забони англисӣ меомӯзанд. Бо дастгирии роҳбарияти донишгоҳ ва ибтикори садорати факултет барои гурӯҳи мазкур тамоми шароит фароҳам оварда шудааст. Дарсҳо дар шакли назариявӣ ва амалӣ гузаронида мешавад.   


Ёдрас мешавем, ки омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ, риёзӣ ва техникӣ бо забонҳои хориҷӣ барои рушди устувори кишвар ва таъмини рақобатпазирии он дар ҷаҳони муосир созгор мебошад.