ТАРБИЯИ МУТАХАССИСОНИ ҶАВОН

408

Мо аз олимони худ, бахусус аз олимони ҷавон умеди калон дорем, ки дар ояндаи наздик илмро дар асоси дастовардҳои инноватсионӣ ба истеҳсолоти ватанӣ васеъ татбиқ карда, бо ҳамин роҳ дар рушди иқтисоди миллӣ саҳми арзишманди хешро мегузоранд.

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

Ҳамасола Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ ба Парлумон ва мардуми шарифи кишвар Паём ироа менамоянд, ки як барномаи мукаммал оид ба фаъолияти минбаъдаи тамоми соҳаҳои марбутаи давлатӣ мебошад.

Нуктаи муҳим ва меҳварии ҳамаи паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи маориф мебошад, чунки ба таъкиди худи Пешвои миллат: агар мактаб ва омӯзгор набошад, сатҳи маърифатнокии мардум паст мегардад, миллат бесавод мемонад, ҷомеа ба ҷаҳолат гирифтор мешавад ва дар натиҷа оромиву сулҳу субот, амнияту осоиш ва муҳимтар аз ҳама, рушди давлат сахт халалдор мегардад. Бунёди миллати мутамаддин аз маориф оғоз меёбад. Ғамхорӣ кардан ба илму маориф, яъне ҳалли масъалаҳои дар ин самт ҷойдошта – сармоягузорӣ ба хотири рушди неруи инсонӣ мебошад. Воқеан ҳам ҳамин гуна аст, агар мо ба омор ва нишондиҳандаҳои даврони соҳибистиқлолӣ назар афканем, бешубҳа мебинем, ки аз ҷониби Ҳукумати мамлакат нисбат ба соҳаи мазкур хеле дастгириҳои назаррас карда шудааст, ки мисолаш инҳо мебошанд: дар 31 соли истиқлоли давлатӣ 3430 муассисаи нави таълимӣ барои қариб якуним миллион хонанда сохта, ба истифода дода шуд, дар 70 соли замони гузашта ҳамагӣ 3229 муассисаи таълимӣ бунёд гардида буд. Имрӯз дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии кишвар 2 миллиону 300 ҳазор нафар хонандагон ба таҳсил фаро гирифта шудаанд, ин нишондиҳанда дар соли 1991 ба 1 миллиону 325 ҳазор нафар баробар буд.

Нишондиҳандаҳои мазкур аз он шаҳодат медиҳад, ки дар баробари рушди аҳолӣ ва мушкилотҳои маҷудаи минтақа, ташкили муассисаҳои таълимӣ, ҷойи нишаст ва ҷалби наврасону ҷавонон ба таълим аз вазифаҳое мебошад, ки аз ҷониби мақомоти марбутаи соҳа хуб ба роҳ монда шудааст.

Сухани руҳбаландкунандаи дигаре, ки аз ҷониби Пешвои миллат дар Паёми худ 23.12.2022 зикр гардид, ин буд, ки: мо мактабро ба ҳайси боргоҳи илму дониш, саводу маърифат ва омӯзгорро чун шахси мафкурасозу тарбиятгари насли наврас эътироф карда, ба онҳо арҷу эҳтиром гузоштанро аз ҷумлаи масъалаҳои муҳимтарин медонем. Маҳз ба ҳамин хотир, мо дар сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумат рушди бонизоми соҳаи маориф, мақому манзалати омӯзгор ва фароҳам овардани шароити мусоиду беҳтарро барои наврасону ҷавонон яке аз самтҳои афзалиятнок дониста, барои рушди ин соҳаи муҳимми низоми иҷтимоӣ ҳамаи чораҳои заруриро роҳандозӣ карда истодаем. Сухани мазкур тамоми ҷомеаи маорифи кишварро ба фаъолият боз ҳам хубтару натиҷаовартар раҳнамун намуда, руҳияи эҷодии кормандони соҳаро дучанд кард. Мақсад аз амалӣ сохтани тамоми иқдомоти Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти рушди илму маориф баланд бардоштани сатҳи саводнокиву маърифатнокии миллат, мунтазам беҳтар гардонидани сатҳу сифати таълим ва тарбияи кадрҳои ба талаботи замона ҷавобгӯй мебошад, ки маҳз ҳамин гуна мутахассисон метавонанд пешрафти давлат ва ояндаи ободи Ватан таъмин намуда, донишу маърифатнокии мардумро баланд бардошта, обрую эътибори мамлакатро дар арсаи байнанлмилалӣ муррифӣ намоянд.Бо дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон на танҳо мазмуни таҳсилот дар кишварамон ба куллӣ тағйир ёфта истодааст, балки муассисаҳои таълимӣ ба худ шакл ва мазмуни нав пайдо карда, давра ба давра ба талаботи шароити муосир мутобиқ гардонида шуда истодаанд. Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар баробари пешрафти соҳаи маориф ба инкишофи илм низ таваҷҷуҳ намуда, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ҷудо намудани маблағ барои рушди илм ва тайёр кардани мутахассисони илмӣ дастурҳои мушаххас додаанд. Чуноне ки маълум аст, солҳои охир муносибат ба илм дар кишвар тағйир ёфта майли ҷавонон боз аз нав ба илмомўзӣ бештар гардида истодааст. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таҳким бахшидани илму маориф дар ҷумҳурӣ якчанд қонунҳову стратегияҳо ва барномаҳову нақша-чорабиниҳоро қабул намуда, инчунин, як қатор созишномаҳо ба тасвиб расонид, то ки шароит ва имконот дар бахши илм ва таҳқиқотҳои илми хубтару беҳтар шавад. Қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва созишномаҳо омилҳои пешрафти соҳаи илм дар кишвар гардида истодааст.

Ҷаҳони имрўза ва ҳаёти инсониятро бе илмҳои табиатшиносӣ ва дастовардҳои он тасаввур кардан ғайриимкон аст. Пешвои муаззами миллат дар суханрониҳои худ борҳо таъкид намуданд, ки илм дар рушди кишвар нақши калидӣ дорад. Бояд ёдовар шуд, ки рушди минбаъдаи илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон – дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олӣ аз ҷавонон, омўзгорон, магистрон, аспирантон ва олимони ин соҳа вобастагии калон дорад. Аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои гузаронидани корҳои озмоишӣ, илмию таҳқиқотӣ, тарбияи мутахассисони ҷавони баландихтисоси илмӣ, бо асбоб, таҷҳизот ва реактивҳои зарурӣ давра ба давра таъмин намудани озмоишгоҳҳо ва муассисаҳои илмиву таълимӣ қадами устувор дар роҳи рушди омодакунии мутахассисони баландихтисос дар кишварамон ба ҳисоб меравад. Албатта рӯ овардан ба нерўҳои зеҳнӣ, эҳтиром ва арҷгузории Ҳукумати Тоҷикистон ба таъриху тамаддун ва илму фарҳанги миллатамон мебошад. Дар ин самт таъкид кардан ба мавридаст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сиёсати оқилонаи пешгирифтаи худ соҳаи маорифро яке аз самтҳои афзалиятнок давлату миллат дар мадди аввал қарор дода ва дар ҳар як мулоқоту суҳбатҳояшон бо намояндагони аҳли зиё, олимону ихтирокорон ва ба тамоми шаҳрвандони Тоҷикистони азиз масъалаи мактабсозиву мактабдорӣ, китобхонию илмомўзӣ ва истифодаву ихтирои технологияи навин пайваста таъкид менамояд. Маҳз аз ҳамин нуктаи назар ва бо дарназардошти вазъи воқеии ҷаҳони имрўза ва рушду тарақиёти илми муосир Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ санаи 26.12.2019 таъкид намуда буданд, ки “роҳбарону кормандони соҳаи маорифро зарур аст, ки дар баробари чунин дастгириҳои давлат ва афроди ватандўст сатҳу сифати таълимро дар ҳар як муассисаи таълимӣ, сарфи назар аз шакли моликияти онҳо ва дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот баланд бардоранд. Инчунин, назорати азхудкунии донишҳои замонавиро пурзўр гардонида, наврасону ҷавононро ба мутолиаи китобҳои бадеиву илмӣ ташвиқ намоянд, қобилияти эҷодии онҳоро тақвият бахшанд ва ба таълими фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоянд” ва вобаста ба ин, пешниҳод намуданд, ки ба хотири боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани омўзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин, барои тафаккури техникии насли наврас солҳои 2020-2040 “Бистсолаи омўзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” эълон карда шавад.

Файзуллозода Э.Ф., н.и.х., дотсент, декани факултети химияи ДМТ