ТАНЗИМИ РАСМУ ОИН – БАРАКАТИ ЗИНДАГӢ МАРДУМ

19

Анъана ва ҷашну маросимҳо ҳамчун омили муҳимми зуҳуроти иҷтимоӣ зарурат ба танзим дошта, мутобиқи талаботи замон бояд инкишоф ёбанд. Вале тайи солҳои охир аз ҳад зиёд сермасраф гардидани баргузории ҷашну маъракаҳо ва анъанаҳои мардумӣ бори гарон ба сари мардуми Тоҷикистон овард. Тақлидкорӣ ва рақобати бемантиқ дар гузаронидани тую маъракаҳо боиси хароҷотҳо ва исрофкориҳои аз ҳад зиёд шуда, маросимҳои дафну азодориро ба бори гарони зиндагӣ табдил доданд. Кор то ҷое расид, ки ғаму андӯҳи хароҷоти пас аз марги наздикон на танҳо ворисон, ҳамчунин шахсони зиндаро, қабл аз марг ба ғами вазнин гирифтор кард.

Барои аз байн бурдани ин ҳолат, давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешсафии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зарур донистанд, ки чунин раванд ба таври қонунӣ танзим карда шавад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон ин нуктаро дар суханронии худ оид ба танзиму расму оинҳо ва анъанаву маросими миллӣ равшан ва возеҳ ҷамбаст намуданд; «Дар айни замон мо бояд расму оин ва маросимҳои милливу динии худро ба як низоми муайян надарорем ва хараҷоти беҳудаву зиёдатии мардумро аз байн набарем, ба қабули татбиқи барномаҳои давлат ва сарфи маблағҳои зиёд дар масалаи паст кардани сатҳи камбизоатии аҳолӣ ба натиҷаҳои дилҳоҳу назаррас ноил шуда наметавонем.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» 8 июни соли 2007 аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардида, баъдтар бо иловаҳо ва тағйирот (солҳои 2017 ва минбаъд) такмил дода шуд.

Мақсади асосии қонун аз он иборат аст, ки анъанаҳо ва ҷашну маросимҳои миллӣ дар доираи имкониятҳои мардум, мутобиқи фарҳанги тоҷикон ва бе исрофу хароҷоти зиёдатӣ баргузор карда шаванд. Қонун барои танзими муносибатҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва маънавӣ миёни шаҳрвандон қабул гардида, ҳадаф дорад, ки мардум бо эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва риояи одобу ахлоқ зиндагӣ кунанд.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо» яке аз беҳтарин қонунҳои иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар мебошад. Он на танҳо ба кам кардани исрофкорӣ ва беҳбуди иқтисоди оилаҳо мусоидат мекунад, балки арзишҳои миллӣ, фарҳангӣ ва инсонгароиро ҳифз менамояд.

Дар солҳои аввали Истиқлолият, анъанаҳо ва маросимҳо – махсусан тӯйҳо ва азодориҳо бо хароҷотҳои зиёд ва исрофкорӣ гузаронида мешуданд. Бисёре аз оилаҳо барои иҷрои чунин маросимҳо маблағи зиёд сарф мекарданд, қарздор мешуданд ва ин ба сатҳи зиндагии мардум таъсири манфӣ мерасонд. Дар зеҳни тафаккури мардум чунин маъракаву маросимҳо ҳамчун як падида лозим шинохта шуд, яъне мардум одат карданд ба он амалҳое, ки медиданд ва кассе онҳоро манъ намекард ва нодурусстии онҳоро низ шарҳ намедод. Дар ҳар ҷомеа тағир додани тафаккури омма кори мушкил аст. Вақте, ки садсолаҳо ҷомеа ба як тартибу низом одат мекунад ва ба табиаташ мешинад, солҳои тулонӣ лозим меояд, ки барои иваз намудани руҳияти мардум ҷидди ҷаҳду зиёд ва воқеиятҳои нав лозим мешавад.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо муҳиммияти худ аз фарҳанги бостонии маъракаороии миллати мо сарчашма мегирад. Риоя намудани адолат дар ҳар як замина, аз ҷумла дар ҷо ба ҷо гузории хаққу хуқуқ, гуфтору кирдор, хурду хӯрок, масрафу молу амвол, ҳакимона истифода намудани вақту замон танзим номида мешавад. Аҳамияти танзим аз он иборат аст, ки дар ҳеч самти ҳаёти иҷтимоӣи, иқтисодӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ ва динии фард ва ҷомеа сарфи исрофкориро роҳ намеёбанд.

То соли 2007, яъне тулии 18 соли давраи соҳибистиқлолӣ низ чунин бенизомиҳо дар баргузории расму оинҳо ва маросимҳо идома дошт. Мардум барои гузаронидани Як маърака қарздор мешуданд. Маҳз ташаббуси шахси Сарвари давлат муҳтарам Эмомали Раҳмон дар мавриди пешгирӣ аз бетартибиҳо дар мавриди расму анъанаҳо боиси он шуд, ки дар ҷомеа як таҳаввулоти фикрӣ ба вуҷуд ояд. Тадбиқи барномаи паст кардани сатҳи камбизоатӣ аз як тараф, аз тарафи дигар, саҳм гузоштани худи шаҳрвандон дар беҳбудии аҳволи молиашон Президенти кишварро водор намуд, ки ба иқдоми тавассути қонуни махсус ба низом овардани масъалаи танзими расму оинҳо даст бизанад. Мегӯянд, ки арзиши ин ё он ҳодиса баъди гузаштани вақти зиёд маълум мешавад. Қонуни махсусе қабул намуда лозим буд, ки мардумро аз роҳи нодуруст баргардонад, нишон диҳад, ки кадом амали маросимиро иҷро намудан мумкин асту кадомашро не. Баъди қабул намудани қонун «Дар бораи танзим анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар тулии 18 сол исбот шуд, ки Сарвари давлат ҳақ буд. Дигар бо насиҳату машварат, фаҳмонида додану гуфтану навиштан вазъи ҷомеаро ислоҳ кардан надошт.

Инак, баъд аз чанд сол дубора ба ин қонун хеле муҳим тағйирот дароварда шуд. Ин тағйироту иловаҳо низ комилан ба нафъи сокинони мамлакат буд. Минбаъд дар мамлакат гузаронидани маъракаҳои номгузорӣ, гавҳорабандон, чиллагурезон, мӯйсаргирони тифл ва дигар маъракаҳои ба таваллуди кудак вобаста дар доираи оила, бидуни забҳи чорво ва хизматрасонии ҳофизону мутрибон иҷозат дода мешавад. Ҳамчунин гузаронидани маъракаҳои ноншиканон, келинталбон, падарталбон, чодарканон ва муборакбодӣ низ манъ карда шудааст. Сокинони кишвар дар рӯзҳои Рамазону Қурбон дар оростани дастурхони идона ба худнамоӣ роҳ надода, имкон доранд хони идонаи хоксорона ороянд. Ҳамзамон, минбаъд хатнасур дар доираи оила ва бидуни хизматрасонии овозхонҳо гузаронида шуда, хатнаи кӯдак бо розигии волидайн аз санаи таваллуди писар то рӯзи бистуми баъд аз таваллуд дар муассисаҳои тиббӣ ба таври ройгон гузаронида мешавад. Тамоми маросими баргузории дафну азодорӣ дар кишвар бидуни забҳи чорво ва бе додани таом гузаронида мешавад. Аз ҷумла маросимҳои «се», «чил», «сол» бе забҳи чорво ва бе додани таом гузаронида мешаванд. Ҳоло аз барокати ин қонуни миллӣ шаклҳои манфиатоварӣ хайру садақа дар зеҳни мардум ҷо гирифта, ташаккул ёфта истодаанд. Кумак ба ятимону бепарастон, мусоидат кардан ба таъмиру тармими мактабу шифохонаҳо ва имсоли инҳо низ аз ҷумла хайру садоқотанд ва аз омилҳои ҳамгиронҳои мардум ва ваҳдат онҳо низ мебошанд.

Қонун ҳамчунин талаб мекунад, ки муассисаҳои давлатӣ, ташкилотҳо ва шахсони воқеӣ низ ҳангоми ташкил намудани чорабиниҳо аз меъёрҳои муқарраргардида берун нараванд. Қабули ин қонун барои ҷомеаи тоҷик натиҷаҳои мусбат овард. Пеш аз ҳама, мардум ба сарфаи маблағ ва риояи одобу суннатҳои миллӣ бештар аҳамият доданд. Дар бисёр минтақаҳо сатҳи исрофкорӣ кам шуд, муносибати одамон ба зиндагии иқтисодӣ беҳтар гардид.

Ин қонун ба баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва фарҳангии шаҳрвандон мусоидат намуд. Имрӯз аксари мардум медонанд, ки зебо гузаронидани маросим маънои харҷи зиёд надорад. Баръакс, содагӣ, эҳтиром ба меҳмон ва хоксорӣ рамзи фарҳанг ва одоби баланди тоҷикона аст.

Аз тарафи дигар, қонун барои таҳкими ваҳдат, баробарӣ ва дӯстии байни мардум хизмат мекунад. Зеро вақте маросимҳо бо сарфаи маблағ баргузор мешаванд, дигар табақаҳои ҷомеа худро паст ё нокифоя ҳис намекунанд. Ҳамин тавр, қонун ба ҳамбастагии иҷтимоӣ ва сулҳу суботи ҷомеа мусоидат мекунад.

Гулов А.А., муовини декан оид ба тарбияи факултети химияи ДМТ

Ҳамидова Ф.Р., омӯзгори кафедраи технологияи истеҳсолоти химиявии факултети химияи ДМТ