Дар доираи сиёсати маорифпарваронаи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгирҳои ҳамешагии ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, профессор Насриддинзода Э.С. устодону донишҷӯёни Донишгоҳ пайваста дар ҳамоишу конференсияҳо ва озмуну олимпиадаҳои байналмилалӣ иштирок намуда, барои аз худ намудани барномаҳои махсус ва такмили ихтисос дар хориҷи кишвар фиристода мешаванд.
Аз 18.11.2024 то 29.11.2024 дотсенти кафедраи химияи татбиқии факултети химияи ДМТ Давлатмамадова М.М. дар доираи барномаи омӯзишии ITEC дар мавзуи «Усулҳои пешрафтаи таҳлилӣ: принсипҳои асосӣ ва истифода барои баҳодиҳии сифати доруворӣ ва маҳсулоти фармасевтӣ» ба Пажӯҳишгоҳи миллии таҳсилоти фармасевтӣ ва таҳқиқот (NIPER), SAS Нагари Ҷумҳурии Ҳиндустон сафар карда буд.
Дар барнома 22 иштирокчӣ аз 16 кишвар — Тоҷикистон, Бангладеш, Ботсвана, Чад, Коста-Рика, Эфиопия, Гайана, Гватемала, Гана, Мозамбик, Молдив, Нигерия, Нигер, Тунис, Танзания ва Замбия, ки дар соҳаҳои назорати сифат, фарматсевтика ва танзими доруворӣ фаъолият доранд, иштирок карданд.
Дар доираи барнома 18 лексияи илмӣ баргузор шуд. Аз ин миқдор, 17 лексияро намояндагони академия ва як лексияро намояндаи соҳаи саноат пешниҳод карданд.
Инчунин, 10 машғулияти амалӣ дар таҷҳизоти пешрафтаи таҳлилӣ гузаронида шуд, ки беш аз 15 асбоби гуногунро дар бар мегирифтанд. Ҳамчунин, иштирокчиён ба Биотехнологияи Инкубатори Панҷоб дар шаҳри Моҳалӣ сафар карданд.
Дар рӯзи ҷамъбастӣ дар суханронии худ директори иҷроияи NIPER, профессор П.В. Бҳаратам қайд кард, ки иштирокчиён усулҳои таҳлилии имрӯзаро омӯхтанд ва дар оянда, новобаста аз тағйири технологияҳо, барои онҳо фаҳмидани принсипҳои нав осон хоҳад буд, зеро асосҳо тағйир намеёбанд. Вай инчунин таъкид кард, ки ин фаъолият барои Институт як таҷрибаи арзишманд аст ва иштирокчиён низ таҷрибаи онҳоро ғанӣ гардониданд.
Баъдан иштирокчиён таассуротҳои худро аз барнома баён намуда, пешниҳодҳои худро барои беҳтар кардани чунин барномаҳо дар оянда ироа карданд. Ба ҳамаи иштирокчиён шаҳодатномаҳои хатми курс дода шуд.
Дар охир, бо сухани сипосгузорӣ полковники неруҳои ҳавоии Ҳиндустон П.Ҷ.П. Сингҳ Вараич, котиби NIPER SAS Нагар, суханронӣ намуда, ба шуъбаи ITEC Вазорати корҳои хориҷии Ҳиндустон ва Вазорати саноати химия ва нуриҳои минералӣ барои боварӣ ба NIPER SAS Нагар изҳори миннатдорӣ кард. Вай инчунин ба директори NIPER, профессор П.В. Бҳаратам, ҳамаи маърӯзачиён, кормандони техникии барнома, кумитаи ташкилоти ITEC ва ҳамаи шуъбаҳои маъмурӣ ва шуъбаҳои муҳандисӣ барои саҳми онҳо дар гузаронидани муваффақонаи ин барнома ташаккур гуфт.