ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!

32

Имрӯз (21.11.2025) бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар факултети химияи ДМТ маҳфили илмӣ-фарҳангӣ баргузор гардид.

Маҳфилро декани факултет, дотсент Файзуллозода Э.Ф. ифтитоҳ намуда, вобаста 33-юмин солгард аз қабули Парчами давлатии замони соҳибистиқлолӣ ва санаҳои муҳими моҳи ноябрӣ суханронӣ намуд. Аз ҷумла қайд гардид, воқеан моҳи ноябр барои миллати мо моҳест пур аз санаҳои саршор аз рӯйдодҳои таърихӣ, яъне аз таҷлили Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сар карда, то ба Иҷлосияи тақдирсози миллат XVI-и Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистону Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, инак боз як санаи муҳим, 24-уми ноябр-Рӯзи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арафаи таҷлил аст, ки дар моҳи ноярб ба вуқӯъ пайвастааст.

Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, н.и.ҳ., дотсент Қодиров Н.А. суханронӣ намуда қайд намуд, ки миллати тоҷик аз қадим ва гузашти давраҳои таърихӣ соҳиби давлат ва рамзҳои давлатдории худ буд. Таърих гувоҳ аст, ки парчамдорӣ хосси мардуми форс-тоҷик буда, пеш аз ҳама, ҳастии миллат ва давлатдориро муаяйн мекард. Дар тӯли таърих дар давлатҳои тоҷикон Парчам ва парчамдорӣ ҳанӯз пеш аз мелод дар китоби «Авасто» зикр гардида, баъдан дар «Шоҳнома»-и безаволи Абулқосим Фирдавсӣ дар достони «Коваи оҳангар» қисса шудааст.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Парчами давлатӣ бисёр суханони ҷолиб гуфтаанд, аз ҷумла: «Бигзор, Парчами пурҷило ва нурафшони Истиқлолият дар дилу дидаи ҳар як сокини Тоҷикистон меҳри Ватанро афзунтар гардонида, асрҳои аср дар фазои озоди кишварамон парафшонӣ намояд».

Парчами миллӣ рамзи соҳибдавлатӣ, шуҷоату матонат, нангу номус, иқтидору иттиҳод, иродаи қавӣ ва рӯҳи матини мардуми тоҷик мебошад. Тавре, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат, парчамбардори созандагию бунёдкорӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардаанд: Имрӯз барои миллати соҳибтамаддуни тоҷик парчам сарчашмаи нерӯву тавонмандӣ дар роҳи созандагиву бунёдкорӣ ва сармояи ғуруру ифтихори миллӣ мебошад.

Яъне Парчами давлатӣ сокинони кишвари моро дар майдони ободониву созандагии Ватан муттаҳид намуда, ҳисси миллӣ, ифтихори ватандорӣ ва худшиносиву худогоҳии онҳоро тавсеаву тақвият мебахшад.

Дар охир донишҷӯён бо қироати шеъру суруд дар васфи Парчами давлатӣ таъби ҳозиринро болида намуданд.