ТАҶЛИЛИ РӮЗИ МОДАР ДАР ФАКУЛТЕТИ ХИМИЯ

88

Имрӯз (06.03.2025) дар толори химиявии ба номи профессор Яқубов Ҳ.М.-и факултети химияи ДМТ ба ифтихори Рӯзи модар чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор гардид.

Дар чорабинӣ намояндагони бахши занони Донишгоҳ, декан, устодону кормандон ва донишҷӯёни факултети химияи ДМТ иштирок намуданд.

Декани факултет Файзуллозода Э.Ф. занонону бонувони факултетро ба муносибати Рӯзи модар самимона табрику муборакбод гуфта, ба ҳар яки онҳо саломатию хушбахтӣ, рӯзгори пурсаодат, хонадони ободу осуда таманно намуд. Аз ҷониби садорати факултет бонувон, корманди хоҷагӣ (фарошон), ҳамзамон, он донишҷӯдухтароне, ки сессияи зимистонаро бо баҳои аъло ҷамъбаст намуданд, бо сипосномаву туҳфа қадрдонӣ карда шуд.

Аз ҷумла қайд карда шуд, ки Модар ягона мавҷудест, ки инсон меофарад ва тавре ки бузургон гуфтаанд, бо як дасти худ гаҳвора ва бо дасти дигараш сайёраро меҷунбонад. Нақши модарону занон дар таҳким ва рушди ҷомеа, бунёди оилаи хушбахт ва таълиму тарбияи фарзандон арзишманд мебошад. Оила дар фарҳанги мардуми куҳанбунёди мо ҳамчун ниҳоди муқаддас эътироф гардидааст, зеро беҳтарин арзишҳои инсонӣ, аз қабили муҳаббату садоқат, самимияту вафодорӣ ва ҳамдигарфаҳмиву таҳаммулгароӣ маҳз дар оила ташаккул меёбанд.

Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар масъалаи мазкур аз ҷумла чунин қайд намуданд: нақши занону бонувон дар пойдории сулҳу субот, ҳифзи арзишҳои милливу фарҳангӣ, дар ниҳоди фарзандон тарбия намудани ҳисси ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ, инсондӯстиву масъулиятшиносӣ, инчунин, пешгирӣ кардани омилҳои номатлуби иҷтимоӣ муассир аст. Мову шумо нафақат дар як Рӯзи Модар, яъне 8-уми март, балки бояд ҳамеша ва доимо нисбат ба модарону хоҳарон ва духтарони худ ғамхору меҳрубон бошем.

Имрӯз дар факултети химия 101 нафар корманд фаъолият менамояд, ки аз ин 49 нафараш зан (48,5%) мебошад. Шумораи устодони унвони илмӣ дошта 55 нафарро ташкил медиҳад, ки аз ин 23 нафар ё худ 42 %-ашро бонувон ташкил медиҳанд. Шумораи умумии донишҷӯёни факултет 816 нафар буда, аз ин 293 нафар ё худ аст, ки 36 %-ашро донишҷӯдухтарон ташкил медиҳад. Тибқи квотаи Президентӣ бошад дар факултет 45 нафар таҳсил мекунанд, ки 26 нафараш духтар мебошад.

Дастовардҳои факултети химия дар бахши илм, таълим ва робитаҳои байналмилалӣ дар донишгоҳ назаррас мебошад. Иштироки пайваста ва ғолибияти муаллимаҳои факултет дар озмуну форумҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ шаҳодати гуфтаҳост. Дар масъали нашри маводҳои илмиву методӣ ва ҳимояи диссертатсияҳои номзадиву докторӣ, тибқи маълумоти бахши илми Донишгоҳ факултети химия дар қатори аввалинҳо қарор дорад.

Тавъам омадани ду ҷашн – Рӯзи Модар ва Баҳори хуҷастапай дар кишвари биҳиштосои мо худ рамзи баҳори шукуфони сарзамини аҷдодиамон мебошад. Зеро зан – модар худ гул ва баҳори зиндагии инсоният аст.