ТАҶЛИЛИ РӮЗИ МОДАР ДАР ФАКУЛТЕТИ ХИМИЯ

302

Нақши модарону занон дар таҳким ва рушди ҷомеа, бунёди оилаи хушбахт, таълиму тарбияи фарзандон ва баландшавии эътибори хонадон ниҳоят муҳимму арзишманд мебошад. Оила дар фарҳанги мардуми куҳанбунёди мо ҳамчун ниҳоди муқаддас эътироф гардидааст, зеро беҳтарин арзишҳои инсонӣ, аз қабили муҳаббату садоқат, самимияту вафодорӣ ва ҳамдигарфаҳмиву таҳаммулгароӣ маҳз дар оила ташаккул меёбанд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз баромадҳои худ, чунин қайд намуда буданд: Модари тоҷик дар тӯли таърихи чандинҳазорсолаи халқамон садҳо ва ҳазорон фарзандони фарзонаву донишманд, ҷоннисору қаҳрамон, далеру ҷасур, ҷавонмарду диловар ва ватандӯсту ватанпарварро ба дунё овардааст, онҳоро тарбия карда, ба камол расонидааст ва барои хизмат ба мардум ва ҷомеаи башарӣ дуои нек додааст.

Саҳми модарони тоҷик имрӯз низ дар тарбияи фарзандони бонангу номус ва ватандӯсту ватанпараст бузург мебошад.

Имрўз дар факултети химия 95 нафар корманд фаъолият менамояд, ки аз ин 48 нафараш (51 %) бонувон ва аз теъдоди умумии донишҷўёни факултет 958 нафар, 422 нафараш (44%) духтарон мебошанд.

Дастовардҳои факултети химия, аз ҷумла бонувонаш дар бахши таълим, илм, тарбия ва робитаҳои байналмилалӣ назаррас мебошад. Танҳо дар соли таҳсили 2022-2023 аз ҷониби устодон (бонувон)-и факултет: 5 китоби дарсӣ, 3 монография, 2 воситаи таълимӣ, 4 дастури методӣ, 2 Патент ва нахустпатент, 52 мақола аз ин, 8 мақола дар хориҷи кишвар аз ҷумла дар журналҳои хазинаи Скопус ва Веб оф сайнс мебошад.

Ҳамзамон бояд қайд намоем, ки худи ҳамин сол дар таърихи Истиқололияти давлатамон аввалин маротиба Шоҳҷоизаи Занҳои ихтирокори ҷаҳон аз ҷониби бонуи факултети химия-дотсент Ёрмамадова С.Г. ва ҳамзамон 1 медали тилло ва 1 нуқраву 1 биринҷӣ аз ҷониби муаллимаҳо Қурбонова М.З. ва Давлатмамадова М.М. ба даст оварда шуд.

Тавъам омадани ду ҷашн – Рўзи Модар ва Баҳори хуҷастапай дар кишвари биҳиштосои мо худ рамзи Баҳори шукуфони сарзамини аҷдодиамон мебошад. Зеро зан – модар худ гул ва баҳори зиндагии инсоният аст.

Рўзи Модар ва фарорасии фасли зебои сол-Баҳор, ки ба мо шодиву фараҳ меорад, мубораку фархунда бод!