ТАҲЛИЛҲОИ ХИМИЯВӢ ВА САҲМИ ОНҲО ДАР РУШДИ ИЛМУ ИСТЕҲСОЛОТ

690

Таҳлили вазъи ҷомеаи ҷаҳони имрўза нишон медиҳад, ки рўз то рўз шумораи аҳолии кураи Замин зиёд шуда истодааст. Дар баъзе мамлакатҳо норасоӣ дар таъмини маводи ниёзи мардум ба назар мерасад. Дараҷаи инкишофи илму техника талаботи рузмараи инсониятро пурра қонеъ карда натавониста истодааст. Инсоният ба мушкилиҳои нав дар соҳаи таъмини маҳсулоти хурока, оби тоза, доруворӣ, мубориза бо манбаи касалиҳои солҳои охир, таъмини фаъолияти истеҳсолоти соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ бо энергия, тағйирёбии вазъи экологӣ дар сайёра ва ғайрахо дучор гашта истодааст.

Таъсири илм ба тамоми самтҳои ҳаёти инсон: технология ва саноат, иқтисодиёт, кишоварзӣ, сиёсат, фарҳанг ва ҷаҳонбинӣ торафт меафзояд.

Дар ҳалли мушкилиҳои ба миёномада албатта саҳми илмҳои химия, физика, биология, риёзӣ, геология, тиб, табиатшиносию техникӣ калон мебошад. Ин илмҳо илмҳои стратегии ҳар як давлат ба шумор меравад. Дараҷаи тараққиёти тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ маҳз аз муваффақиятҳои ин илмҳо вобаста мебошад.

Дар назди олимону муҳаққикон вазифаҳои нав барои бартараф кардани мушкилиҳои солҳои охир пайдошуда гузошта шудааст.

Зарурати дарёфти роҳу усулҳои наву самараноки истеҳсоли маводи хурока, ба роҳ мондани истеҳсолоти дараҷаи техникии баланд, автоматикунонии равандҳои идоракунии зинаҳои истеҳсолот, кам кардани партовҳои саноатӣ ва пешгирии ифлосшавии вазъи экологии кураи Замин ба миён омадааст.

Инсониятро бояд ба ҳама гуна буҳронҳо рақобатпазир, тобовар ва муваффақ гардондан лозим меояд.

Маҳз ҳамин омилҳоро ба назар гирифта, Пешвои муаззами миллат дар суханрониҳои худ борҳо таъкид намудаанд, ки ин илмҳо дар рушди кишвар нақши калидӣ доранд ва пешниҳод намуданд, ки солҳои 2020 -2040 “Бистсолаи рушди омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” эълон карда шавад. Зеро танҳо ҷаҳонбинии илмӣ ва ҷомеаи бо донишҳо ва тафакури техникӣ мусаллаҳ метавонад алайҳи ҳама гуна буҳронҳо рақобатпазир, тобовар ва муваффақ бошад.

Барои таъмин намудани устувории иқтисодиёт, ташкили ҷойҳои нави корӣ, баланд бардоштани иқтидори содиротии мамлакат ва рақобатнокии таъсиси ҷойҳои корӣ соли 2018 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуданд, ки саноатикунонии босуръати кишвар ҳадафи чоруми стратегӣ эълон карда шавад ва то соли 2030 ҳиссаи соҳаи саноат дар маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба 22 фоиз расонида шавад.

Дар Паёми Президент ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 26 декабри соли 2019 дастовардҳои асосии иҷтимоию иқтисодии мамлакат таҳлилу баррасӣ шуда, ба рушди соҳаи саноат аҳамияти махсус дода шудааст. Пешвои миллат, аз ҷумла зикр намуданд: «Мо таъмини истиқлолияти энергетикӣ ва истифодаи самарабахши неруи барқ, аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардан ва ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистон, ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолии мамлакат ба ғизои хушсифат, инчунин, вусъатдиҳии шуғли пурмаҳсулро ҳамчун ҳадафҳои стратегии худ интихоб намуда, нақшаи гузариши иқтисодиёти кишварро аз шакли аграрӣ–индустриалӣ ба индустриалӣ–аграрӣ амалӣ гардонида истодаем».

Бо фармони Президенти ҷумҳурии тоҷикистон аз 6 январи соли 2022№309, солҳои 2022-2026 солҳои рушди саноат эълон карда шуд.

Амалӣ намудани ин иқдомҳои созандаву бунёдкорона ва таҳкимбахши рушди воқеии иқтисодиёту иҷтимоиёти кишвар ва ҷаҳонбинии илмӣ вазифаи ҳар як фарди худогоҳу худшинос, тамоми зинаҳои таҳсилот ва муассисаҳои таълимӣ, мақомоти давлатӣ ва аҳли зиёи мамлакат мебошад.

Дар ҳалли масъалаҳои зикршуда саҳми мутахассисони соҳаи химия калон буда метавонад. Ба мо лозим меояд, ки дар қатори технологҳо, тавлифгарон, таҳқиқотчиён мутахассисони соҳаи химияи таҳлилиро ҷавобгу ба талаботи рушди соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи кишвар омода намоем.

Имрузҳо усулҳои таҳлил дар таҳқиқотҳои илмии соҳаҳои химия, физика, биология, тиб, фармасевтӣ, геология васеъ истифода карда мешавад. Ҳар як моддаи химиявии нав синтезшуда маҳз бо истифодаи усулҳои таҳлил муайян ва таҳқиқ карда мешаванд.

Тағйиротҳои табаддулоти моддаҳо дар организми инсон, растанию хайвонот ба амалоянда бо усулҳои таҳлил муайян карда мешаванд. Усулҳои таҳлил дар ташхисҳои тиббию биологӣ васеъ истифода карда мешаванд. Бо усулҳои таҳлил раванди зинаҳои технологии истеҳсолоти химияви назорат карда мешаванд. Бо усулҳои таҳлил таркиби ашё, идоракунии равандхои технологӣ ва назорати сифати маҳсулоти доруворӣ гузаронда мешавад. Усулҳои таҳлил дар ташхисҳои судию химиявӣ, ошкоркунии маводи мухаддир, назорати вазъи экологии объектҳои мухити атроф, ба монанди об, хок ҳаво истифода карда мешавад. Натиҷаи таҳқикотҳои эксперименталӣ бо усулҳои таҳлил муайян карда мешаванд.

Дараҷаи таъминоти техникии озмоишгоҳҳои илмҳои табиатшиносию техникӣ боло рафтааст. Дастгоҳу асбобҳои ченкунандаи замонавӣ дар таҳқиқотҳои илмӣ ва истеҳсолот истифода шуда истодаанд.

Барои таҳлил ва таҳқик усулҳои гуногуни химиявӣ ва физико-химияиро истифода мебаранд. Ба қатори усулҳои химияви, ки дар таҳлил истифода мешаванд усулҳои гравиметрӣ, тириметрӣ ва баъзан газоволюметрӣ дохил мешаванд. Ин усулҳо дар таҳлили об, хок, маъданҳои кўҳи, металҳо ва хулаҳо истифода карда мешавад.

Солҳои охир ҳиссаи истифодаи усулҳои физико-химияви ва физикави, ки номи усулҳои инструменталиро гирифтааст, дар илм ва истеҳсолот зиёд шуда истодааст. Аксар асбоҳои ченкунандаи таҳлилӣ бо барномаҳои махсуси компютерӣ назорат карда мешаванд. Зинаҳои алоҳидаи таҳлил дар илм ва истеҳсолот автоматӣ кунонида шуда истодаанд.

Ба усулҳои инструменталии замонавӣ усулҳои оптикӣ (спектрофотометрияи маҳлулҳо, усулҳои люминессентӣ), электрохимиявӣ (потенсиометрӣ, волтамперометрӣ, кулонометрӣ, кондуктометрӣ), хроматографӣ, спектралии атоми эмиссионӣ, атоми абсорбсионӣ, атоми флуорессентӣ, рентгени флуорессентӣ, усулҳои спектроскопияи инфрасурх, усулҳои масс-спектралӣ, усулҳои активатсионӣ ва усулҳои ядроию магнитӣ дохил мешаванд.

Дар озмоишгоҳи Маркази таҳлил ва ташхиси маводҳои назди Инстити илмию таҳқикотии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон як қатор асбоҳои замонавӣ ба кор дароварда шудаанд. Имрузҳо олимону аспирантон ва донишҷўёни соҳаҳои химия, физика, биология, геология ва фармасевтии Донишгоҳ аз ин асбобҳо истифода намуда, натиҷаҳои таҳқиқотҳояшонро бо истифодаи асбобҳои замонавӣ мегиранд.

Дар кафедраи химияи таҳлилии факултети химияи ДМТ таълими усулҳои гравиметрӣ, титриметрӣ, фотометрияи маҳлулҳо (спектрофотометрия ва фотоэлектроколориметрия), усули рефрактометрӣ, усулҳои люминессентӣ, усулҳои хроматографӣ, усулҳои спектралии атомӣ эмиссионӣ, атоми абсорбсионӣ, усулҳои намунагирӣ ва намунатайёркунӣ, усулҳои таҷзиякунии намунаҳо, усулҳои таҳлили маводи хурока, усулҳои таҳлили маводи шуянда, усулҳои таҳлили маводи сохтмон, усулҳои таҳлили маводи доруворӣ ва ғайраҳо барои донишҷўён ба роҳ монда шудааст.

Шеров Қ.М., дотсенти кафедраи химияи таҳлилии факултети химияи ДМТ