СУЛҲУ ВАҲДАТ ПОЯИ АСОСИИ ИСТИҚЛОЛИЯТ АСТ

238

Барои пешрафту тараққиёт ва ободии давлату миллат, ҳамеша пеша аз ҳама роҳи ваҳдату сулҳро гирифтан зарур аст. Агар ба таърихи наздик назар афканем мебинем, ки дар Тоҷикистон ҷанги беамони бародаркушӣ ба амал омад, ки он харобӣ, марг ва бесарусомониро ба вуҷуд овард.

27 июни соли 1997 – баъди 8 даври гуфушунид (1994-1997) байни Ҳукумати Ҷумҳурӣ ва тарафи мухолифин, дар ш. Москва, аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва сарвари иттиҳодияи мухолифини тоҷик Саид Абдуллои Нурӣ «Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон» ба имзо расид. Дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (5 майи соли 1992 – 27 июни соли 1997) зиёда аз 100 ҳазор одамон қурбон шуда, тахминан 1 миллион гурезаҳо ва муҳоҷирони иҷборӣ зарари моддӣ дидаанд. Зарари иқтисодии ин ҷанг дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 10 миллиард доллари амрикоиро ташкил дод.

Ба имзо расидани «Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон» мамлакатро аз таҳдиди нестшавӣ ва мардумро аз парокандашавӣ нигоҳ дошт. 27 июн тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид», ҳамчун «Рӯзи Ваҳдати миллӣ» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба иди расмии давлатӣ табдил ёфтаст ва ҳар сол ҷашн гирифта мешавад.

Рӯзи Ваҳдати миллӣ яке аз ҷашнҳои бузурги миллӣ маҳсуб ёфта, ҳамасола дар саросари кишвари маҳбубамон бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил мегардад.

Зеро сулҳу ваҳдат ибораҳоянд, ки ҳамеша дилчаспу дилнишин ва бо аҳли шево садо дода, бевосита шунавандаро ба фикр кардан водор месозанд. Сулҳ-оштиву фарзонагӣ, якдигарфаҳмӣ ва толиби осоиштагӣ будани мардумро таҷассумгар аст.

Ваҳдат-беҳтарин неъмат, ҳаёти инсон, орзуву армон, таҳкими давлат, наҷоти миллат, рушди тоҷикон, нумуи даврон ҳастии инсон дар ҳар замину замон аст.

Ваҳдат ва сулҳи умумибашарии Тоҷикистон мақоми онро дар микёси ҷаҳон овозадор менамояд. Имрӯз иттифоқ ва ҳамдилии халқи тоҷик мавриди омӯзиши Созмони Миллали Муттаҳид ва бисёр ташкилотҳои олам гардидааст. Худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ гуё пандест аз гузаштаи дурру пешрафти маънавиёти кишвар. Танҳо бо роҳи ваҳдат, якдигарфаҳмии истиқлоли кишварро муҳофизату пойдор ва ягонагии мардумро устувор карда метавонем.

Мутасифона ҳануз ҳам шахсон ва гуруҳои алоҳида мавҷуд ҳастанд, ки мехоҳанд ваҳдату суботи давлати соҳибистиқлоли Моро бо ҳар роҳу васила халалдор намоянд. Созмону ташкилотҳои мамнуъ дар сомонаҳои интернетӣ, маълумотҳои бардуруғ бо мақсади паст задани мавқеи давлати тоҷикон ва шаҳрвандони онро дар миқёси байналхалқӣ ва минтақавӣ паҳн менамоянд. Инчунин, гуруҳҳои мазкур барои расидан ба мақсадҳои ғаразноки худ ба куштору бетартибиҳои омавӣ дар кишварамон даъват менамоянд.

Аз ин ру барои ободии давлату милат ҳар фарди ватандӯст вазифадор аст, ки саҳми худро дар пешрафти Ватан гузорад ва сулҳу Ваҳдати миллиро аз душманони миллат эмин нигоҳ дорад, Ваҳдати миллӣ шукуфоии Ватан аст, зеро дар давлате, ки сулҳу амонӣ ва дӯсти ҳукумфармо бошад, он давлат рӯз то рӯз гул-гул мешукуфад, иқтисодиёташ тадриҷан меафзояд, ҳам аз ҷиҳати сиёсӣ ва ҳам аз ҷихати фарҳангӣ пеш меравад.

Шоев С.Ҳ. ва Зафаров С.З.-устодони кафедраи химияи органикии факултети химияи ДМТ