СУҲБАТҲОИ ХОС ДАР САМТИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯ

236

Бо мақсади дуруст ба роҳ мондани низоми таълиму тарбия тибқи дастури роҳбарияти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон силсилавохӯриҳои масъулини бахшҳои талиму тарбияи донишгоҳ бо донишҷӯёни курсҳои аввал ба роҳ монда шуд. Имрӯз дар доираи ин сислсиласуҳбатҳо вохӯрии масъулин бо донишҷӯёни курси аввали факултети химия доир гардид.

Зимни суҳбат самтҳои таълиму тарбия, аз ҷумла қонунгузории соҳаи маориф, талаботи низоми таҳсилот, танзими ҳуҷҷатҳои меъёрию ҳуқуқӣ, назорати давомоти донишҷӯён ва ҷараёни сифати таҳсилот мавриди баррасӣ ва фаҳмондадиҳӣ қарор гирифтанд.

Зимни вохӯрӣ таъкид гардид, ки имрӯз роҳбарияти донишгоҳ барои беҳбудии кор ва хуб таҳсил намудани донишҷӯён шароиту имкониятҳои мусоидро фароҳам сохтааст ва барои беҳтар кардани сифати таълим монеа вуҷуд надорад. Танҳо масъулият ва талоши зиёд ба омӯзиш касро ба мақсади нек мерасонад.

Гуфта шуд, ки раёсати донишгоҳ вобаста ба ворид гардидани донишгоҳ ба фазои байналмилалии таҳсилот ва дар заминаи ин омода намудани мутахассисони ҷавобгӯ бабозори меҳнат чораҳои заруриро амалӣ намуда истодааст. Ин аз ҳар донишҷӯ масъулияти баланд ва хониши хубу аълоро талаб мекунад.