
Имрӯз Созишномаи ҳамкорӣ миёни факултети химияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Азот» — калонитарин корхонаи химиявӣ дар Тоҷикистон ба имзо расид.
Дар асоси шартҳои Созишномаи мазкур, ҷонибҳо ташкили курсҳои кӯтоҳмуддати омӯзишӣ дар бахшҳои гуногуни техника ва технология, бахусус самтҳои марбут ба истеҳсоли нуриҳои минералӣ ва саноати химиявиро ба нақша гирифтаанд.
Дар доираи ин ҳамкориҳои муфид, устодону донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, аз ҷумла факултети химия, бо истифода аз иқтидори бузурги истеҳсолии Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Азот» имконият пайдо мекунанд, ки дар заминаи корҳои курсӣ, хатмкунӣ, магистрӣ, илмӣ-тадқиқотӣ, семинарҳои илмӣ ва таҷрибаомӯзиҳои истеҳсолӣ ба омӯзишу фаъолиятҳои худ густариш диҳанд.
Мавриди зикр аст, ки масъалаи пайваст кардани илм бо истеҳсолот зери таваҷҷуҳи пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва, махсусан, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Ин иқдом барои саноатикунонии босуръати мамлакат ва рушди минбаъдаи соҳаҳои истеҳсолӣ ва технологӣ заминаи мустаҳкам мегузорад.