ШОДБОШӢ

11

Декани факултети химияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, номзади илмҳои химия, дотсент Файзуллозода Эркин Фарҳулло санаи 23.11.2024 дар ҷаласаи Академияи муҳандисии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси узви вобастаи Академияи муҳандисии Тоҷикистон интихоб гардид.

Имрӯз (30.12.2024) дипломи он аз ҷониби Президенти Академияи муҳандисии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидмуродов Л.Ҳ. ба устод Файзуллозода Э.Ф. тақдим карда шуд.

Садорат ва коллективи устодону кормандони факултети химияи ДМТ устод Файзуллозода Э.Ф.-ро ба ин дастоварди арзишмандаш табрик намуда, ба фаъолияти минбаъдааш муваффақиятҳои пайвастаро таманно доранд.