ШОДБОШӢ

143

Донишҷӯи факултети химияи ДМТ Назаров Аҳмадҷон зери роҳбарии дотсенти кафедраи химияи татбиқӣ Ёрмамадова С.Г. дар IX озмуни идеяҳои тиҷоратӣ-инноватсионии донишҷуён, ки аз 01.11.2023 то 15.12.2023 дар Донишгоҳи давлатии Гродно (Ҷумҳурии Беларус) баргузор гардид, иштирок намуда, сазовори ҷойи сеюм гардид.

Ёдовар мешавем, ки донишҷӯ Назаров Аҳмадҷон бо лоиҳаи инноватсионии худ бо номи “Синтез, свойства и приминение комплексных соединений серебро с альбендазолом” дар номинатсияи “идеяи футуристӣ” дар байни 65 лоиҳа сазовори ҷои сеюм гашта, бо дипломи дараҷаи III аз тарафи Донишгохи давлатии Гроднои бо номи Янки Купалии Беларус қадрдонӣ карда шуд.

Садорат ва коллективи устодону кормандони факултети химияи ДМТ донишҷӯ Назаров Аҳмадҷон ва роҳбари илмиаш, дотсент Ёрмамадова С.Г.-ро ба ин дастовард табрик намуда, ба фаъолияти минбаъдаашон муваффақиятҳои пайвастаро таманно доранд.

САДОРАТИ ФАКУЛТЕТИ ХИМИЯИ ДМТ